Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Карзай ба Ҳирот: дар ҷустуҷӯи ваҳдату ягонагӣ



Салими Аюбзод

Сарвари идораи муваққати Афғонистон Ҳомид Карзай рӯзи чоршанбе аввалин бор баъди ишғоли ин мақом ба Ҳирот сафар кард, ки зимнан аввалин минтақаи берун аз Кобули Афғонистон мебошад, ки Карзай сафар мекунад. Нозирони авзоъ ин сафари сардори идораи муваққатро аввалин кӯшиши эҷоди ягонагӣ дар кишвари пароканда миёна ҷангсолорон номиданд.

Сафари Ҳомид Карзай ба Ҳирот замоне ба амал меояд, ки бӯҳрони қудрат дар Гардез маркази вилояти Пактиё ҳал нашудааст ва хатари нооромӣ дар ин ҷо боқӣ мемонад. Ройтерз менависад, Карзай ба Ғарб сафар мекунад, дар ҳоле ки Шарқ дар ҳолати бӯҳронӣ боқӣ мондааст. Манзур, вазъи Гардез, бенатиҷагии кӯшишҳои ҳалли бӯҳрон ва ҳамчунин талаби ахири мардуми Хуст аст. Тарафҳои даргир дар Гардез гуфтаанд, ки то рӯзи ҷумъа оташбаси муваққат эълон кардаанд ва то он вақт бояд ҳарфи ниҳоии Ҳомид Карзай дар бораи ин вазъият маълум гардад. Ҳамчунин аҳолии Хуст аз идораи муваққат талаб доранд, ҳокими ин минтақа иваз карда шавад. Як рӯз пеш аз сафари Карзай ба Ҳирот пешвои ҳазораҳо Карими Халилӣ изҳор кард, ки ба низоми таъини волиҳо аз тарафи Ҳомид Карзай мухолиф аст ва ин ҳокимонро ба гуфтаи Халилӣ, бояд мардуми маҳаллӣ интихоб кунад. Генерал Дӯстум, муовини вазири дифоъи Афғонистон ба ҳайси намояндаи ин кишвар ба Туркия, Ҳиндустон ва Ӯзбакистон сафар кард ва дар Деҳлии Нав дархост намуд, кишвари Ҳинд консулгарии худро дар Мазори Шариф боз кунад ва хатти парвози мусофирбарӣ миёни Деҳлии Наву Мазор кушода шавад. Мардуми Ҳирот аз сафари Ҳомид Карзай ба ин шаҳр истиқбол намуда, раҳбари идроаи муваққатии Афғонистонро бо гулдастаҳо ва нидоҳои Оллоҳу Акбар пешвоз гирифтанд. Ҳомид Карзай бо волии Ҳирот Исмоил Хон вазъи ғарби кишварро баррасӣ мекунад. Аҳамияти сафари Карзайро ба Ҳирот хабаргузориҳо ба гузоришҳои ахир аз кӯшишҳои Эрон дар таҳкими нирӯи мусаллаҳони маҳаллӣ бастагӣ медиҳанд. Чунин мудохиларо ахиран Ирон ва Исмоилхон рад кардаанд. Дар аввалин мусоҳибаи худ баъди бозгашт аз сафарҳои хориҷӣ ба Афғонистон, раҳбари ҳукумати муваққатии ин кишвар гуфтааст, ҳалокати одамони бегуноҳ бар асари амалиёти нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида барои Афғонистон мавзӯъи ҳассос мебошад, аммо америкоиён барои чунин зарбаҳои бархато узр пурсида, ба зарадидгаон ҷуброн медиҳанд ва кӯшиш мекунанд, чунин рӯйдодҳо такрор нашаванд. Карзай аз ҷумла ҳодисаи рустои Ҳазорқадамро дар Қандаҳор ёдовар шуд, ки тибқи хабарҳо дар ин ҷо 18 нафар ба ҳалокат расид. Вай ҳамчунин зери оташ афтодани корвони мошинҳоро, ки моҳи декабр аз Хуст ба Кобул мерафт, зикр намуд. Дар ин мусоҳиба Ҳомид Карзай кӯшиш кард, боэҳтиёт ҳарф занад ва нирӯҳои америкоиро гунаҳкор накунад. Вай гуфт, Ин ҳодисаҳо на ба нирӯҳои Иёлоти муттаҳида бастагӣ доштанд ва на ба нирӯҳои маҳаллӣ. Инҳо ҳаракатҳои тасодуфии бетолеъонае буданд, ки дар соати номуносиб ба амал омадаанд. Дар ҳамин ҳол Ситоди марказии нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида хабар дод, ки 27 боздоштшудаи афғон, ки дар мавзеъи Тарикути Урузгон асири сарбозни амрикоӣ шуда буданд, рӯзи чоршанбе ба озодӣ баромаданд. Сухангӯи ситод майор Ралф Милз гуфт, таҳқиқот нишон дод, ки ин боздоштшудагон ба Толибон ва ё Ал Қойида робита надоштаанд.

XS
SM
MD
LG