Пайвандҳои дастрасӣ

Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ: Ҷустуҷӯи муколама миёни Ғарб ва Ислом



Салими Аюбзод

Зиёда аз 3 000 чеҳраи маъруфи ҷаҳон печидагиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, зистмуҳитӣ, беҳдошт ва амниятро баррасӣ карданд. Хатти ҷудоӣ миёни сарватмандон ва бенавоён, Ғарб ва Ислом кашида шуд. Бунёдгузори ақидаи бархӯрди тамаддунҳо Самуйил Ҳантингтон аз ҷудоӣ дар дохили Ислом изҳори ташвиш намуд.



Баъди панҷ рӯзи баҳсу андеша Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ҷаласаҳои худро дар Ню-Йорк поён дод. Умдатан ин нишастҳо ба баррасии масъалаҳои куллии сиёсӣ, иқтисодӣ, зистмуҳитӣ, беҳдошт ва амният бахшида шуданд. Рӯйдодҳои сентябри соли гузашта, ҷанги зидди ваҳшатафканӣ, вазъи Афғонистон, муносибати олами ислом ба ҳамаи ин мавзӯъе буд, ки мустақим ва ё бавосита дар баррасиҳо ёд ва ё ишора мешуданд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннон мушкили асосиро дар ин дид, ки сарони баъзе ширкатҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои пешрафта майл надоранд, бо пуштибонии молӣ нишон диҳанд, ки ҷаҳонӣ гаштани иқтисодиёт барои дунё бадӣ надорад. Дабири кулли Милали Муттаҳид дар нишасти хотимавии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ гуфт, барои беҳбуди вазъи кишварҳои бенаво соле 50 миллиард доллар зарур аст. Аксари ширкаткунандагони нишаст, ба ҷумлаи раиси Лигаи кишварҳои арба Амр Мӯсо, гуфтанд, ҷомеъаи муосир то ҳанӯз ба мушкилоти тоқатфарсои Африқо, Осиё ва Амрикои Лотин посухи муносиб надодааст ва ба ин сабаб миллионҳо нафар дар ин мамолик ба ҷуз ноумедӣ ва хашм дар бисот чизе надоранд. Аз ин лиҳоз баъзе нотиқон зуҳуру густариши ваҳшатафканиро ба нодорӣ ва эҳсоси беадолатиҳои дунё робита доданд. Шоҳзодаи Баҳрайн Ал Халифа гуфт, дар ин самт аксаран ваҳшатафканӣ ва ислом дар як саф гузошта мешаванд, ки ба гуфтаи ӯ билкулл ғалат аст. Дар айни замон номбурда афзуд, бӯҳрони Ховари Миёна яке аз ангезандагони чунин дидгоҳҳо мебошад. Ширкати Самуйил Ҳантингтон, бунёдгузори ақидаи бархӯрди тамаддунҳо дар нишастҳои Ню-Йорк баррасиҳоро ба он самт кашонд, ки оё мо имрӯзҳо шоҳиди бархӯрди Ғарбу ислом нестем. Ҳантингтон дар мақолаи машҳури худ соли 1993 навишта буд, ки низоъи нави ҷаҳонӣ на иқтисодӣ ва ё идеологӣ, балки фарҳангӣ хоҳад буд. Ба пешбинии вай кибри Ғарб ва ҷангҷӯии ислом сабаби бархӯрдҳои оянда мегардад. Аммо дар нишасти Ню-Йорк Самуйил Ҳантингтон гуфт, чунин низоъ гурезнопазир нест. Вай бештар аз он изҳори ташвиш кард, ки як низоъи бузург дар дохили худи ислом шакл мегирад: "Ба фикрам, ин ҷудоӣ барои ислом бадбахтии бузург аст, зеро он ба низоъ дар дохили Ислом роҳ мекушояд ва дар натиҷа низоъву хушунатро миёни мусумонон ва ғайримусулмонҳо амиқтар месозад." Ин гуфтаҳои Ҳантингтонро исломшинос, мусулмони тавре худаш мегӯяд, либерал, Карим Раслон аз Малайзиё тасдиқ карда гуфт, дар навбати аввал чунин ҷудоӣ миёни ҷаҳони араб ва мардуми мусулмони осиё ба назар мерасад. Вай гуфт, осиёиҳо мушкили арабҳо ва кӯшишҳои монополияи худ кардани динро аз тарафи онҳо танқид мекунанд. Вале хатти асосии ҷудоӣ дар форуми иқтисодӣ миёни сарватмандон ва бенавоён кашида шуд, ки ҳатто ба баҳсҳо як хислати марксистӣ дод. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки беруни дар садҳо нафар намоиши эътирозӣ барпо карда буданд ва мегуфтанд, ҳамаи шумо Энрон ҳастеду мо Аргентина. Ин шиорҳо дар ҳоле садо медоданд, ки дар толор Дабири куллии Милали муттаҳид Куфӣ Аннон пешниҳод мекард, Форуми ҷаҳонии иҷтимоӣ баргузор гардад ва меафзуд, сухан бисёр гуфта мешавад, аммо амале ба назар намерасад.

XS
SM
MD
LG