Пайвандҳои дастрасӣ

Талбак Назаров: Мавқеъи Тоҷикистон дар ҷанги зидди террор рӯшан аст



Салими Аюбзод

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров рӯзи шанбе дар Мюнхени Олмон гуфт, Тоҷикистон аз иттиҳоди ҷаҳонии зидди ваҳшатафканӣ таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида пуштибонӣ мекунад ва ҷонибдори ҳастии дарозмуддати ин эътилоф аст, барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои нави террористӣ.

Дар нишасти сиёсатмадорони умури дифоъӣ дар Мюнхен, ки намояндагони 40 кишвари ҷаҳон вазъи феълии мубориза бо ваҳшатафканиро баррасӣ мекунанд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ба намояндагӣ аз Тоҷикистон гуфт, кишвараш кӯмаки худро аз мардуми Афғонистони ҳамсоя дареғ нахоҳад дошт ва ҳолати имрӯза ягона имконияти муносибест, барои Афғонистон, ки узви комилҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ гардад. Вай аз ҷумла тазаккур дод, ки Тоҷикистон барои интиқоли кӯмакҳои башарӣ дар марзи худ бо Афғонистон панҷ гузаргоҳ боз мекунад, ки аҳамияти онҳо махсусан ҳоло, дар фасли зимистон хеле муҳим аст. Дар нишасти Мюнхен ҳамчунин зикр шуд, ки нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса дар Тоҷикистон ҷобаҷо шуда, ҳарими ҳавоии он барои кишварҳои эътилофи зидди ваҳшатафканӣ боз аст. Дар конфаронс инчунин вазирони умури берунаи Қирғизистон ва Гурҷистон суханронӣ карда, гуфтанд, ду омил метавонад комёбии эътилофи мазкурро таъмин кунад. Яке густариши ин иттиҳод ва дигаре ҳифзи ягонагии сафҳои он.

XS
SM
MD
LG