Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи Эрон мегӯяд, кишвараш зидди ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар минтақа аст



Мирзонабии Холиқзод

Муовини аввали вазири умури хориҷии Эрон Мӯҳсин Аминзода мегӯяд, таъмин ва тазмини амният дар Осиёи Марказӣ бояд кори кишварҳои ин минтақа бошад ва нирӯҳои хориҷӣ бо торумори шабакаи ваҳшатаафканӣ аз минтақа берун шаванд. Вазири эронӣ ҳамчунин бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳонов ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.



Дипломати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон вазъи амнияти Осиёи марказӣ, дурнамои ҳузури нирӯҳои байнулмилал ва ояндаи Афғонистонро баррасӣ кард. Муовини аввали вазири умури хориҷии Эрон Мӯҳсин Аминзода баъди дидору гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, амният ва субот дар Осиёи Марказӣ бояд аз тарафи давлатҳои минтақа таъмин ва тазмин шавад ва қувваҳои байнулмилал пас аз шикасти шабакаи ваҳшатафканӣ аз Афғонистон аз минтақа хориҷ гарданд. Мулоқоти Душанбе ва баёнияи дипломати эронӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш дар паёми солонаи худ Эронро дар як саф бо Ироқ ва Кореяи Шимолӣ "меҳварҳои бадӣ" номид. Вазири эронӣ ҳамчунин бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳонов ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард. Тоҷикистон изҳори ноқаноатмандӣ кард, ки то ҳол ягон созишномаи дутараф ба иҷро нарасидааст.

XS
SM
MD
LG