Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи зимистонаи 2002 ширкат мекунанд



Гулбаҳори Муродӣ

Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда Тоҷикистон тасмим гирифт, дастаи варзишгарони худро ба Олимпиадаи зимистона дар Иёлоти Муттаҳида гусел кунад.



Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки ду лижатози худро барои ширкат дар Бозиҳои Олимпии Солт Лейк Сити ба Иёлоти Муттаҳида мефиристад. Шамсулло Зокиров ва Андрей Дригин аввалин дастаи варзишии Тоҷикистон хоҳад шуд, ки дар Олимпиадаи зимистона иштирок мекунад. Ин навъи варзиш дар Тоҷикистон бо бӯҳрон рӯбарӯст, зеро баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ тамрингоҳи лижаронӣ дар кишвар баста шуд. Дар гузашта Тоҷикистон тавонистааст ба Бозиҳои олимпии тобистонаи солҳои 1996 ва 2000-ум дастаҳои варзишгарони худро бифиристад.

XS
SM
MD
LG