Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Афғонистон дар бораи даргирии миёни фармондеҳони паштун хабар мерасад



Соҷидаи Мирзо

Рӯзи чаҳоршанбе дар Гардез, маркази маъмурии вилояти Пактиё дар байни қабилаҳои ба ҳам рақиби паштун задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.

Рӯзи чаҳоршанбе дар Гардез, маркази маъмурии вилояти Пактиё дар байни қабилаҳои ба ҳам рақиби паштун задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Ба гуфтаи манобеи хабарӣ даргириҳо бо истифода аз тупхона, мусалсал ва мушакандозҳо ҷараён гирифтанд. Гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои даргир хисороти ҷонӣ доранд. Хабаргузориҳо мегӯянд, дар ҷараёни задухурд наздик ба 40 нафар аз ҷонибҳои даргир кушта шуданд. Ҳадафи ҷангҳоро хабаргузории Ассошейтед Пресс ба кӯшишҳои ҳукмронӣ дар Гардез бастагӣ медиҳад. Ду фармондеҳи паштун Подшоҳ Хон ва Сайфулло барои сарвари ба ин вилояти ҳамсарҳад бо Покистон мубориза мебаранд ва дар роҳи расидан ба ҳадаф нирӯҳои худро ба Гардез ворид намуданд. Ҳукумати мувақатии Афғонистон сарвари қабилаи бонуфузи паштун ва иштирокчии ҷанги зиддишуравӣ Подшоҳ Хонро расман волӣ таъин намуд. Ин қарори ҳукумати Карзай Сайфулло, фармондеҳи дигари паштунро, ки нирӯҳои худро дафъатан баъди суқути Толибон ба шаҳр ворид намуда буд, норозӣ намуд. Даргирӣ дар ҳоли насби байрақи Афғонистон болои бинои ҳукумати маҳаллӣ аз ҷониби намояндагони Подшоҳ Хон ва тирпарронии ҷонибдорони Сайфулло ба сӯи онҳо шуруъ шуд. Субҳи панҷшанбе тақрибан дар 2 километрии ҷанубу шарқи шаҳр тирпаррониҳои шадид ҷараён гирифтанд. Ҷангҳои қавмӣ дар шаҳри Хости Пактиё низ идома доранд. Дар он ҷо ду фармондеҳи дигар барои назорат бар Хост мубориза мебаранд. Низомиёни Амрико вориди даргирӣ нашуданд ва ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида низ танҳо бо парвозҳои истихборотӣ иктифо намуданд. Аҳолии мулкӣ Гардезро оҷилан тарк мекунанд. Раҳбари ҳукумати мувақатии Афғонистон Ҳомид Карзай ба хотири манъи хунрезӣ ҳайъатеро иборат аз мақомоти баландпоя ба Пактиё фиристод. Дар ҳамин ҳол ҳукумати мувақатии Афғонистон барои таъмини амният дар пойтахт маъракаи ҷамъоварии силоҳи ғайриқонуниро ба роҳ монд. Силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз ашхоси хориҷ аз нирӯҳои ҳукуматӣ мусодира мешавад. Ҳаракати нирӯи 600 нафарии Вазорати дохилӣ дар ин самт рӯзи чаҳоршанбе бо мусодираи силоҳ ва боздошти гумонбаршудаҳои мансубият ба Толибон ва созмони Ал Қоида оғоз ёфт. Мардуми Кобул ҷараёни амалиёт, мошинҳои низомӣ ва парвози ҳамзамони чархболҳоро дар фазо ҳамчун аввалин нишони талоши ҳукумат дар роҳи таъмини амният арзёбӣ мекунанд. Дар навбати аввал мошинҳои сиёҳшиша мавриди бозҷуӣ қарор мегиранд. Раҳбари амалиёти ҷамъоварии силоҳ генерал Дин Муҳаммад Ҷуръат аст. Дар тӯли ҷанги беш аз 20 сола Кобул ба шаҳри пур аз силоҳ ва либоси низомӣ табдил ёфт ва баъзан муаян намудан душвор аст, ки кадом гурӯҳ марбути нирӯҳои ҳукумат ва кадомӣ дастаи ғайриқонунӣ аст. Майёр Муҳаммад Тоҳир Попал аз бахши нирӯҳои дохилии Афғонистон дар маъракаи халъи силоҳ мегӯяд, нирӯҳои ҳукуматӣ бо санадҳои махсус таъминанд. Аммо мегӯяд ӯ, шаҳрвандон ҷуръати тафтиши ҳуҷҷатҳои ашхоси низомии мусаллаҳро надоранд. Оғои Попал баргузории ин маъракаро барои таъмини амнияти пойтахт муҳим арзёбӣ мекунад. Танҳо рӯзи гузаштаи амалиёт бо ҷамъоварии 300 силоҳи ғайриқонунӣ анҷом ёфт. Нирӯҳои байналмилаии таъмини амният ба Вазорати дохилии Афғонистон дар баргузории ин амалиёт кӯмаки фаннӣ расониданд. Аммо ба гуфтаи генерал Ҷуръат дар идомаи маърака онҳо аз посдорони сулҳ кӯмакҳои бештарро интизор доранд. Ва сарвари ҳукумати муваққатии Афғонистон Ҳомид Карзай аз Созмони Милали Муттаҳид даъват кард, ки нирӯи худро дар Афғонистон афзоиш диҳад.

XS
SM
MD
LG