Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ва Қирғизистон дар талоши ширкати густардатар дар ҷанги зидди террор



Салими Аюбзод

Қазоқистон ба номнависи довталабон ва ё ихтиёриёне сар кард, ки қарор аст дар сафи Нирӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон фиристода шаванд. Қирғизистон аз Фаронса даъват кард, фурудгоҳи "Манас"-ро бо аҳдофи низомӣ истифода кунад.



Вазири дифоъи Қазоқистон Мухтор Олтинбоев гуфт, баталиони махсуси ихтиёриёни Қазоқистон бар пояи ёддошти Созмони Милали Муттаҳид таъсис меёбад ва дар ҳолати зарурӣ баъди қарори сиёсии раҳбарияти Қазоқистон ба Афғонистон интиқол дода мешавад. Ба гуфтаи Мухтор Олтинбоев ин барнома то моҳи апрел дақиқ хоҳад шуд. Вай афзуд, нирӯҳои кишвараш метавонанд кӯмакҳои башариро ҳамроҳӣ ва дидбонӣ кунанд, ба артиши Афғонистон дар умури тиббӣ ва муҳандисӣ ёрӣ расонанд, аммо ҳақ нахоҳанд дошт, дар амалиёти ҷангӣ ширкат варзанд. Тибқи фармони Вазорати дифоъи Қазоқистон, танҳо ҷавонони минтақаҳои ҷанубии Қазоқистон, ки гӯё бо Афғонистон обуҳавои ҳамсон дорад, ба ҳайъати баталион ҷалб хоҳанд шуд. Тибқи хабари дигар Олтинбоев, ки бо айбномаи фурӯши аслиҳа ба Кореяи Шимолӣ аз вазифа барканор шуда буд, ахиран мақоми худро дубора ба даст овард, зеро додгоҳ ӯро бегуноҳ шумурд. Вай гуфт, фурӯши аслиҳа кори зарурист, зеро Қазоқистон аз давраи шӯравӣ силоҳи зиёде гирифтааст, ки ба худи кишвар даркор нестанд. Аз фруӯши онҳо будиҷаи мамлакат суд хоҳад бардошт, гуфтааст вазири дифоъи Қазоқистон. Истеъфои он ба думболи эътирози Кореяи Ҷанубӣ ва изҳори нигаронии Иёлоти Муттаҳида сурат гирифта буд. Мухтор Олтинбоев мегӯяд, Қазоқистон ҳоло метавонад аз 900 ҳавопаймои ҷангии худ 600-тояшро бифурӯшад ва ҳамчунин ба сеюним ҳазор танк зарурат надорад. Дар кишвари ҳамсояи Қазоқистон -- Қирғизистон рӯзи панҷшанбе як ҳайъати бонуфузи ҳарбии Фаронса меҳмон аст, ки масъалаи истифодаи фурудгоҳи Манасро аз тарафи ҳавопаймоҳои ҷангии Фаронса баррасӣ мекунад. Ин ҳайъат мегӯяд, ба Қирғизистон дар бозсохти фурудгоҳи мазкур кӯмак хоҳад кард. Қирғизистон ба нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида иҷоза додааст, ки аз майдони Манас истифода кунанд ва дар ҷо корҳои сохтмон дар авҷанд. Ҳузури ҳарбиёни хориҷӣ, ба навиштаи хабаргузориҳо дар ҷомеъаи қирғиз вокуниши гуногунро ба миён овардааст. Аз ҷумла, рӯҳияи зиддиамерикоӣ дар ин ҷо, ба вижа аз тарафи гурӯҳҳои тундрави исломӣ ташвиқ мегардад. Аввали ин ҳафта бошандагони Бишкек дар қуттиҳои почтаи худ шабномаҳои Ҳизуттаҳрирро пайдо карданд, ки дар онҳо аҳолӣ ба аъмоли зидди нирӯҳои америкоӣ дар Қирғизистон даъват мешавад.

XS
SM
MD
LG