Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон дар рӯ ба рӯи мушкилоти ҷангсолорӣ



Соҷидаи Мирзо

Грант Смит - собиқ сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон дар нашрияи Аналист менависад, сабқати байни ҷангсолорони афғон ба пешрафти ҳукумати муваққатӣ таҳдид мекунад ва ба сохтмони дубораи Афғонистон халали ҷиддӣ мерасонад.

Грант Смит - собиқ сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон дар нашрияи Аналист менависад, сабқати байни ҷангсолорони афғон ба пешрафти ҳукумати муваққатӣ таҳдид мекунад ва ба сохтмони дубораи Афғонистон халали ҷиддӣ мерасонад. Ба гуфтаи Смит ҳеҷ яке: на ҳукумати муваққатии Афғонистон ва на нирӯҳои посдори сулҳ феълан ҳалли мушкилоти марбут ба ҷангсолоронро надоранд. Оғои Смит мегӯяд, ташвиқи ҷангсолорони алоҳида барои ҳамкорӣ бо ҳукумат ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд тавре баррасӣ шавад, ки оё ин ашхос ба ивази ҳамкорӣ бо ҳукумат аз чӣ фоидаҳое бархӯрдор хоҳанд буд? Ва дар ҳоли ҳамзистӣ бо ҷангсолорон бояд коре кард, ки онҳо нирӯманд нагарданд ва баробари фурсати мусоид ба канор афканда шаванд. Мафҳум ва падидаи ҷангсолорӣ, хотиротест аз Чини солҳои 1920, ки баъдан дар Африка ва Балкан ба вуҷуд омад. Намунаи навтарини онро дар ҳамсоякишвари Афғонистон, Тоҷикистон метавон пайдо кард. Падидаи ҷангсолорӣ хоси вазъи баъдиҷангӣ ва ҳукуматҳои заъиф марказӣ аст. Онҳо умдатан дар пайи манофеъи худанд ва дар ҳифзи ин манофеъ аз гурӯҳҳои этникӣ, сулола, қавму қабила ва ё ҳадди ақал нирӯе, ки дар ихтиёр доранд, истифода мекунанд. Хатари ҷангсолороне, ки минтақаҳои бузургро назорат мекунанд, нисбат ба онҳое, ки танҳо як ду деҳкадаро таҳти назар доранд бештар аст. Оё манфиъати ҷангсолорон аз чӣ иборат аст ва онҳо манфиъатҳои худро бо чӣ асоснок мекунанд? Ба гуфтаи Грант Смит, сафири собиқи Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон асоси эҳтимолӣ пулу мол, обру ва нирӯмандӣ аст, ки яке дигареро пурра мекунад. Стратегияи аз сари роҳ дур намудани ҷангсолорон ва ё ҳадди ақал кам намудани нуфузи онҳо бояд бо назардошти ҳамин асос ва ангеза ва ҳар алтернативае, баррасӣ шавад, ки ҷансолор холигоҳи манфиъатҳои худро эҳсос накунад. Барои намуна агар манфиъати мустақими ҷангсолор пулу мол бошад, кӯмаки ӯро метавон бо пардохти маблағи мустақим ва ғайримустақим ба даст овард. Созиши Британия бо қабилаи Патан дар минтақаи шимолу ғарби Покистон намунаи чунин як роҳи ҳал аст. Намунаи дигарро метавон дар Тоҷикистон пайдо кард, ки бо пешниҳоди мавқеъи фоиданок ба ҷангсолорон ва ё имтиё дар аз афзоиши нуфузи онҳо ҷилавгири кард. Ин усул дар ҳоле метавонад фоида надошта бошад, ки агар ҷангсолор манбаъи беҳтар аз пушниҳодро дар ихтиёр дошта бошад. Барои намуна Африқо алтернативае пешниҳод накард, ки ҷойи қочоқи алмосро иваз карда тавонад. Дар Афғонистон алтернативаи дастрас, қочоқи маводи мавриди ниёз ва маводи мухаддир аст, ки байни Афғонистон, Ирон, Осиёи Марказӣ ва Покистон реша давонда фоидаи фаровон меорад. Ҳукумати нави Афғонистон ва пуштибонҳои хориҷии он талош доранд, ки ин имкониятро аз байн бубаранд. Ҷомеъаи байналмилалӣ ба идомаи бизнеси ҷангсолорон дар заминаи қочоқи маводи мухаддир ба ивази ҳамкории онҳо бо ҳукумати нав розӣ нахоҳад шуд. Бо ин ҳол ҳукумати Афғонистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ростои алтернативаи хатарноки муқовимат бо ҷангсолорон ва назорати нохушоянди идомаи фаъолияти ғайриқобили қабули онҳо қарор доранд. Баъзе ҷангсолорон фоидаи бештар аз пулу мол, даъвои мақоми расмӣ, унвони вазир ва сарварӣ доранд. Аммо ин барои бархи дигар, ки дар манотиқи таҳти нуфузи худ, обру ва мақоми кофӣ доранд, чандон ҷалби таваҷҷуҳ нест. Пурсиши дигар ин аст дар ҳоле, ки баъзе фармондеҳон барои ҳамкорӣ бо ҳукумати муваққатӣ розӣ шудаанд, оё метавон мутмаъин буд, ки зердастони онҳо, манзур ҷангиёни нирӯи онҳо низ бо ин иқдом қаноатманд хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Грант Смит танҳо ҳукумати қавӣ ва нирӯҳои тавонои посдори сулҳ тавони назорат бар ҷангсолоронро хоҳанд дошт. Ду омиле, ки феълан дар Афғонистон вуҷуд надорад. Ҳукумати заъиф ва нирӯҳои ҳади ақали байналмилалӣ аз рӯи тавон мушкилотро танҳо бо як гурӯҳи ҷангсолорон ва зердастони онҳо ҳал хоҳанд кард. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ, дар идомаи кӯмакҳои молӣ ва нирӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон, ҷилавгирӣ аз нирӯмандашавии ҷангсолорони саркаш масъулият дорад. Махсусан дар масъалаи пешгирии пуштибонии ҳамсояҳои Афғонистон аз ҷиноҳҳои мухталифи мусаллаҳ. Грант Смит бо натиҷагирӣ аз мушкили ҷидии ҳукумати Афғонистон ва пуштибонҳои он, дар заминаи ҳалли проблемаи ҷангсолорӣ мегӯяд, кӯмакҳои бештари молӣ барои хатми қочоқи маводи мухаддир ва ҳамзистӣ бо ҷагсолорон, бидуни пурқувват намудани онҳо, зарура аст. Ба гуфтаи ӯ дар дарозмудат коҳиши нуфузи ҷангсолорон даст хоҳад дод ба шарте, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ кори оғознамудаи худро дар Афғонистон то ба охир расонад.

XS
SM
MD
LG