Пайвандҳои дастрасӣ

Бозори об дар Осиёи Миёна



Нурмуҳаммади Холзода

Маҷаллаи амрикоии "Аналист"-чопи Амрико дар мақолае зери унвони "Зимистони сард барои кишварҳои болооб ва тобистони хушк барои кишварҳои пойиноб дар Осиёи Марказӣ" навиштааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон барои наҷот ёфтан аз сармои зимистон бояд ҳарчӣ бештар дар обанборҳои худ обро захира кунанд, то он барои тавлиди меъёри зарурии нирӯи барқ истифода шавад.

Маҷаллаи амрикоии "Аналист"-чопи Амрико дар мақолае зери унвони "Зимистони сард барои кишварҳои болооб ва тобистони хушк барои кишварҳои пойиноб дар Осиёи Марказӣ" навиштааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон барои наҷот ёфтан аз сармои зимистон бояд ҳарчӣ бештар дар обанборҳои худ обро захира кунанд, то он барои тавлиди меъёри зарурии нирӯи барқ истифода шавад. Ба навиштаи маҷалла, агар Тоҷикистону Қирғизистон даст ба ин кор бизананд, дар он сурат дар баҳору тобистон кишварҳои пойиноб - Узбакистону Қазоқистон ва Туркманистон барои обёрӣ аз об маҳрум мешаванд. Ба ин далел бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳе барои ҳали ин мушкил пайдо кунанд. Роҳи ҳал ин аст, ки кишварҳои пойиноб, яъне Узбакистону Туркманистон ва Қазоқистон дар зимистон барои кишварҳои болооб газ диҳанд ва дар ивази он тобистон аз кишварҳои болооб, яъне Тоҷикистону Қирғизистон об бигиранд. Вале ин масъала то ҳол ҳал нашудааст ва мубоҳисоти шадид дар байни кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал идома дорад. Се кишвари пойиноб аз Тоҷикистону Қирғизистон дархост мекунанд, ки барои обёрӣ бештар об бигиранд. Аз чаҳор се ҳиссаи оби Осиёи Марказӣ аз ин ду ҷумҳурӣ сарчашма мегирад. Гузашта аз ин дар солҳои Шуравӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон бузургтарин нирӯгоҳҳои барқи обӣ - Нораку Туктагул бунёд шуд. Он солҳо нирӯи барқи ин ду нирӯгоҳро на танҳо Тоҷикистону Қирғизистон истифода мекарданд, балки ба кишварҳои дигари минтақа низ барқ дода мешуд. Дар гузашта ҳамаи ин тақсимот аз Москов идора ва танзим мешуд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, дар қадами аввал ҳадафи ин нирӯгоҳҳо танзими оби обёрӣ дар Осиёи Марказӣ буд, зеро Узбакистон бузургтарин кишвари тавлидкунандаи пахта дар Шӯравӣ буд. Узбакистону Туркманистон ва Қазоқистон ҳоло ҳам талош доранд мазореъи кишоварзии худро тавсеа диҳанд. Ба навиштаи маҷаллаи "Аналист"-и Амрико ин танишҳо байни кишварҳои минтақа аслан баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ оғоз шуд, яъне аз он вақт, ки Узбакистон дар зимистони сард ба қатъи ҷараёни газ барои Тоҷикистону Қирғизистон шурӯъ кард. Коршиносон мегӯянд, ки ин ду кишвар метавонанд дар зимистон нирӯи бештари барқ тавлид ва аҳолии кишварашонро то андозае бо гармӣ таъмин кунанд. Вале барои ин кор, онҳо бояд тобистон об захира кунанд, яъне дуруст дар ҳамон вақте, ки кишварҳои пойиноб - Узбакистону Туркманистон ва Қазоқистон ба об ниёзи шадид доранд. Гуфта мешавад, баҳори имсол об дар обанбори Токтагул бештар аст, вале Қирғизистон барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти худ бо гармӣ онро масраф ва нирӯи барқ тавлид мекунад. Дар чунин ҳолат дар обанбор об барои кишварҳои пойиноб дар тобистон камтар захира мешавад. Бино ба маълумоти мавҷуда 40 дарсади колоҳои содиротии Узбакистонро пахта ташкил медиҳад ва аз фурӯши он Узбакистон 75 дарсади асъори хориҷиашро бадаст меорад. Маҷаллаи "Аналист" менависад, Узбакистон ба кишвакрҳои минтақа фишор меорад, то онҳоро пойбанд нигоҳ дорад ва обро истифода кунад. Вале ин муваққатист. Ба навиштаи ин маҷалла масъалаи обу энержӣ чанд роҳи ҳал дорад: Аввал, байни кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал барои истифодаи обу газ барои муддати тулонӣ як қарордоди фаврӣ имзо шавад. Дуввум, системи обёрӣ бо таҷҳизоти ҷадид беҳбуд ёбад ва барои истифодаи самарбахши об бозори об ташкил шавад. Насби таҷҳизоти муосир дар системи обрасонӣ имкон медиҳад, ки об камтар талаф ёбад. Севвум, дар дарозмуддат нирӯгоҳҳои барқи Роғун дар Тоҷикистон ва Курпсой дар Қирғизистон бунёд шавад. Чунин кор кишварҳои болообро бештар бо гармӣ таъмин мекунад ва об ҳам борои кишваҳои пойиноб, яъне Узбакистону Туркманистон ва Қазоқистон бештар захира мешавад. Ба гуфтаи таҳлилгарон масъалаи истифодаи об дар Осиёи Марказӣ ояндаи суботи минтақа низ мебошад, ба ин далел раҳбарони ин кишварҳо ҳоло бояд ин фурсати муносибро аз даст надиҳанд.

XS
SM
MD
LG