Пайвандҳои дастрасӣ

Парчами миллии Афғонистон эҳё мешавад



Салими Аюбзод

Парчами деринаи давлати Афғонистон рӯзи сешанбе аввалин бор бар фарози Кобул, пойтахти ин кишвар бардошта шуд. Аввалин бор пас аз табаддулоти коммунистии соли 1978, ки оғози ишғолгарӣ, нооромӣ ва хунрезиҳои 23-сола шумурда мешавад.



Вазири марз ва қабойили Афғонистон Нуруллоҳ Ҷадрон дар маросими афрози парчами миллӣ дар назди вазоратхонаи худ гуфт, умедвор аст, парчами миллӣ ба ваҳдати гурӯҳҳои бисёри қавмӣ ва забонӣ дар кишвар мусойидат хоҳад кард. Вай гуфт, баъди солҳо хун рехтан, аввалин бор парчами миллии Афғонистон парафшон гашт. Мо бояд худхоҳиҳои забонӣ ва пешдовариҳо ва қасдгириҳои қавмиро як сӯ бигузорему дар бозсохти ватани ягона даст ба дасти ҳамдигар бидиҳем. Сарвари ҳукумати муваққати Афғонистон Ҳомид Карзай ҳафтаи гузашта ба эҳёи парчами қадимии миллӣ даъват намуд ва манузарш байрақе буд, ки подшоҳ Амонуллоҳхон дар соли 1928 тасдиқ кард ва аммо баъди табаддулоти коммунистӣ дар соли 1978 мамнӯъ эълон гардид. Парчами мазкур аз се навори амудӣ баробари сиёҳ, сурх ва сабз иборат буда, нишоне аз масҷид бо меҳробу гунбаз дорад ва калимаи шаҳодат: Лоилоҳа илаллоҳ, Муҳаммадан расуллалоҳ. Аммо як фарқи кӯчак ин аст, ки дар ҳошияи парчам навишта шудааст: ҳукумати муваққати Афғонистон. Ҳукумати муваққати Афғонистон барои шаш моҳ интихоб шуда, 22юми декабр, баъди шикасти толибҳо, ба фаъолият сар кард. Парчаме ки сарвари ҳукумати интиқолӣ рӯзи душанбе дар пойтахти Амрико барафрохт, ҳамчун парчами подҳоши собиқ Муҳаммад Зоҳиршоҳ машҳур аст, аммо рангҳо ҳамонанд. Вазири марз ва қабойили Афғонистон Нуруллоҳи Ҷадрон гуфт, акнун ба тамоми идораву муассисаҳои кишвар супориш мешавад, ки парчами қадимӣ ва эҳёшударо дар пештоқи биноҳои худ насб кунанд. Байрақи толибҳо сафед буд, ки ба гуфтаи худи онҳо покизагии динро таъкид менамуд. Аммо бархилофи умедвории вазири ҳукумати муваққат, аз ҳоло масъалаи парчам на омили ҳамойиш, балки мушкили хусуматангез гардидааст. Ҳазорон нафар аз қабойили вилояти Пактиё силоҳ ба даст гирифта, аз рустоҳои кӯҳистони атроф сарозер шуданд ва дар маркази Хуст гирдиҳам омадана сарони маҳаллиро, ки Кобул фиристодааст, ҳадафи танқид қарор доданд. Крисчен Сайенс Монитор менависад, тарафдорони фармондеҳи Закимхон шабона вориди идораи полис шуда, парчами зоҳиршоҳиро пойин оварданд ва ливои навро барафрохтанд. Ин амалро аҳолии минтақа ҳамчун мухолифат ба бозгашти Муҳаммад Зоҳиршоҳ маънидод намуданд. Фармондеҳ Закимхон ва фармондеҳи собиқи толибон дар ин ҷо Малимҷон мегӯянд, подшоҳи собиқ бисёр пир аст ва кишварро дар ин вазъи хатарнок идора карда наметавонад. Аммо сарони қабилаҳои Пактиё мегӯянд, подшоҳ бояд баргардад ва танҳо дар курсӣ биншинад. Ин кор барояш мушкил нахоҳад буд, мегӯянд онҳо. Вале мухолифони онҳо бар инанд, ки ҳадаф бозгардонидани фармондеҳи машҳури Хуст, Ҷалолиддини Ҳаққонист, ки ҳоло дар Покистон фирорӣ мебошад. Сарони қабилаҳои шӯрида ҳамчунин аз он норозӣ ҳастанд, ки дар ҳукумати муваққатӣ ғайрипаштунҳо салоҳияти бештар касб кардаанд ва ба назари онҳо Иёлоти Муттаҳида бештар ба Эътилофи Шимол таваҷҷӯҳ дорад. Онҳо мегӯянд, дар чунин ҳолат қудрати Карзай, сарвари ин ҳукумат зери шубҳа мебошад.

XS
SM
MD
LG