Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо суқути Толибон дар Афғонистон забони дарӣ мақоми пешинаи худро касб мекунад



Тоҳири Сафар

Дарӣ забони аз ҳама роиҷ дар Афғонистон аст, ки аз ним зиёди аҳолӣ бо он сӯҳбат мекунад.

Дарӣ забони аз ҳама роиҷ дар Афғонистон аст, ки аз ним зиёди аҳолӣ бо он сӯҳбат мекунад. Дар ҷои дуюм пашту қарор дорад ва 40 дар сади сокинони Афғонистон, маъмулан дар минтақахои ҷануб ва шарқи ин кишвар бо он ҳарф мезананд. Аммо пашту забони Толибон буд ва онҳо дар панҷ соли ҳокимияти худ онро ҳамчун забони коргузорӣ таҳмил карданд, навиштаҷот ва китобҳои дарсиро иваз намуданд, ҳатто дар Кобул, ки суннатан забони дарӣ ин ҷо ҳоким буд. Бисёр сокинони Кобул ба мисли Аҳмади ҳабдаҳсола ду забонро ба хубӣ балад ҳастанд, аммо фишори Толибон, мегӯяд ӯ, ба ин забон, яъне забони пашту як тобиши нохушоянд ворид намуд. Ҳамакнун вазъ гӯё баръакс мешавад. Мақомоти ҳукумати муввақатӣ, ҳатто раҳбари он Ҳомид Карзай, ки аз қавми паштуст, дарӣ сӯҳбат мекунанд. Ҳол он, ки дарӣ ба форсӣ ва тоҷикӣ қаробати наздик дорад. Ягона изи боқимонда аз пашту дар пули миллӣ ба назар мерасад. Пули чопи Русия ҳанӯз ҳам танҳо тарҷумаи паштунии ношир - "Банки Афғонистон"-ро дорад. Аммо ин шояд барои ором кардани эҳсоси беадолатӣ, ки соҳибони ду забони асосиро аз ҳам ҷудо мекунад, кофӣ набошад. Пашту, ки бо он умдатан дар Афғонистон, Покистон ва Эрони ҷанубӣ сӯҳбат мекунанд аз дарӣ комилан фарқ мекунад ва ба назари аксари афғонҳо дар байни ин забонҳо дуюмдараҷа ҳисоб мешавад. Дарӣ таърихи адабии тӯлонӣ дорад. Маснавии маънавии Ҷалолидини Румӣ, аз садаи 13, ки гоҳе Қуръони форсӣ номида мешавад, ба дарӣ ишно шудааст. Аммо осори паштузабон фақат бо якчанд қиссаи қавмӣ ва достонҳои ишқӣ маҳдуд мешавад. Танҳо баъди таъсиси Академияи пашту дар Кобул, дар соли 1937 анъанаи адабии пашту оғоз гирифт. Ин марказ ҳадаф дошт, мақоми паштуро баланд бардорад. Дар тӯли садаи 20 дигар ҳукуматҳои Афғонистон низ кӯшиш карданд, паштуро ба забони коргузории давлат табдил диҳанд, вале ин кӯшишҳояшон бенатиҷа анҷом ёфт. Ҳатто подшоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ, ки барои густариши корбасти пашту корҳои зиёде анҷом дод ва дар соли 1964 бо қабули сарқонуни нави ин кишвар ба пашту мақоми давлатӣ дод, худ дар ин забон дониши маҳдуд дошт ва сӯҳбатро бо дарӣ бартар мешумурд. Имрӯз, бисёре аз кобулиҳо мегӯянд, фишори Толибҳоро барои пашту онҳо як навъ интиқомҷӯие медонанд, аз тарафи ҷануби паштузабон, қашшоқ ва камтарбият ба муқобили шимоли даризабон, маданӣ ва таҳсилдида. Мустафо Сиддиқӣ, сокини Кобул мегӯяд, таҳсили тиббии худро бо эътироз аз фишори забонии толибҳо қатъ кардааст. "Солҳо пеш аз давраи зулмоти толибҳо, ки як режими зиддифарҳангӣ, зидди донишу омӯзиш буд, ҳар фарди ҷомеа, ба шумули паштунҳо, тоҷикҳо, узбакҳо, ҳазораҳо дарӣ сӯҳбат мекарданд ва ҳеҷ гуна таассубу табъиз вуҷуд надошт. Вале Толибон ин забонро таҳқир ва поймол карданд. На танҳо забонро, балки соҳибони онро. Сабаб дар он буд, ки аксарияти толибҳо паштунҳои ғайриафғон буданд, яъне хориҷӣ. Онҳо мегуфтанд, ба муқобили ин забон нестанд, аммо ботинан онҳо бо камбинӣ ба он менигаристанд." Сиддиқӣ аз ҳодисаҳои зиёди табъизи забонӣ як намуна меорад. Ӯ мегӯяд, "Ман метавонам мисол биёрам. Солҳост дар яке аз ниҳодҳои бузургтарин омӯзишӣ ва фарҳангии мо, дар Донишгоҳи Кобул аксарияти улум бо форсии дарӣ навишта, нашр шуда ва таълим дода мешавад. Акнун кӯшиш мешавад, инҳо бо пашту иваз карда шаванд. Онгуна ки медонед, барномаи таълимӣ дар Афғонистон ва дар ҳамзамон дар вилоятҳо яксон аст. Дар қисмати шимолии мамлакат, махсусан дар Кобул китоби дарсӣ ба дарӣ навишта шудаанд. Аммо онҳо намехостанд, ки ин китобҳо ба дарӣ бошанд."

Сиддиқӣ ин амали Толибонро дар донишгоҳ як навъ "поккории фарҳангӣ" меномад. "Як дафъа, вақте ки мо дар синфи фармакология будем ва онро як профессори варзида ва донишманд дарс медод. Толибон ӯро бо як омӯзгори салладори серриш иваз карданд. Ӯро омузгор гуфтан низ дуруст нест, зеро савод надошт. Ин омӯзгор вориди синфхона шуд ва дарсро бо забони пашту оғоз кард. Ин барои мо комилан ғайричашдошт буд, махусан дар Кобул, ки мо 12 сол дар мактаби таълими ҳамагонӣ ба форсии дарӣ дарс хондаем. Ҳангоме, ки муаллим машғулиятро оғоз кард яке аз дӯстони наздики ман аз ҷояш бархост ва дипломатона гуфт "Ҷаноби профессор агар мумкин бошад бо забони форсӣ дарс мегуфтед" Сиддиқӣ мегӯяд, вокуниши омӯзгор ғайри қобили таҳаммул буд: "Ӯ сахт оташин шуд ва ҳамдарси моро дашном дод ва гуфт "Агар шумо дарси маро намефаҳмед метавонед аз синф хориҷ шавед, зеро пашту забони модарии ман аст. Ӯ забони дариро медонист, вале бо он ҳарф намезад. Ин омӯзгор бори дигар такрор кард пашту забони модарии ман аст ва касе, ки онро намедонад аз синф барояд." Баҳси рӯи пашту ва дарӣ, дар ин байн, мақоми дигар забонҳоро мавриди назар меорад. Аз ҷумла тоҷикӣ, ӯзбакӣ ва туркманӣ. Тоҷикон, ки бахши аъзами Эътилофи Шимолро ташкил медиҳанд, ҳоло дар ҳукумати муввақати Афғонистон сеяки мақомҳоро дар даст доранд. Дар мусоҳибаи ҳафтаи гузаштаи худ вазири умури хориҷаи Афғонистон доктор Абдуллоҳ, ки худ тоҷик аст, изҳори итминон кард, Афғонистон тадриҷан ба кишвари сермиллат ва серфарҳанги бомувозинат табдил хоҳад ёфт. Ӯ гуфт "Ҳар ду забон, яъне дарӣ ва пашту, забонҳои расмии Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, ҳамчунон қавму қабилаҳои дигаре ҳастанд, ки бо забони модариашон ҳарф мезананд ва дар оянда низ ҳеҷ мушкилӣ нахоҳанд дошт. Барои ман ин масъалаи ҳалшуда мебошад, зеро падари ман пашту аст ва модарам тоҷик ва ман дар Кобул тавваллуд шудаам."

XS
SM
MD
LG