Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳунарнамоии гурӯҳи Давлатманди Хол дар Лондон



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Таронаҳои машҳури Давлатманди Хол ва офаридаҳои тозаи ӯро ҳазорон нафар аз бинандагон дар толори маъруфи Лондон тамошо карданд. Ин сафари ҳунарӣ бо ибтикори созмони "Пизишкони бидуни марз" ҷараён гирфт.



Дар Толори Куфаи Лондон бо ибтикори созмони "Пизишкони бидуни марз" намоиши ҳунарии гурӯҳи Давлатманди Хол баргузор гашт. Таронаҳои мардумии сабки Фалак ва сохтаҳои худи Давлатманди Хол, ки оҳангсози мумтоз низ ҳаст, мавриди таваҷҷӯҳи ҳазорон нафар аз бинандагон қарор гирифта, Тоҷикистон ва ҳунари муосири мусиқии онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Дар ҳамин ҳол ҳунармандони Тоҷикистон аз ширкат дар намоишҳои ҳунарии "Роҳи Абрешим", ки бо ташаббус ва сармоягузории навозандаи машҳур Йойо Ма баргузор мешаванд, маҳрум монданд. Ин намоишҳо ин бор дар маркази Аврупо, дар Бруссел баргузор шуданд. Дар барномаи ҳунарӣ дастаҳо аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Чин, Ҷопон, Эрон ва ғайра ширкат варзиданд.

XS
SM
MD
LG