Пайвандҳои дастрасӣ

Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон сафар кард



Раҳматкарими Давлат

"Мо аз ҳамкории Тоҷикистон дар амалиёти байнулмилалии зидди ваҳшатафканӣ сипосгузорем", гуфт Элизабет Ҷонс, ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Душанбе. Вай ҳамчунин гуфт, ин ҳамкорӣ маънии рақобат бо Русияро надорад.

Элизабет Ҷонс, ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро дар амалиёти байнулмилалии зидди ваҳшатафканӣ баррасӣ кард. Хонуми Ҷонс дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин ҳамкориҳо ба муқобили Русия ва ё барои мусиобиқа бо Русия пеш бурда намешаванд. Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин гуфт, кишвараш ҳадаф надорад, дар Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои дарозмуддат бино кунад.

XS
SM
MD
LG