Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари Ҳомид Карзай, раҳбари идораи муваққатии Афғонистон ба Душанбе



Масрур Назрӣ

Дар Душанбе имрӯз вай бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот мекунад. Баъдан раҳбарони ду кишвар ният доранд нишасти матбуотӣ доир намоянд ва ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб диҳанд.

Шоми панҷшанбе, 24 январ раҳбари ҳукумати муваққати Афғонистон Ҳомиди Карзай аз Чин ба Тоҷикистон омад. Дар Душанбе имрӯз вай бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот мекунад. Баъдан раҳбарони ду кишвар ният доранд нишасти матбуотӣ доир намоянд ва ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб диҳанд. Тибқи хабарҳо ҷаноби Карзай муваффақона аз Чин баргашт. Президент Цзиян Цземин ваъда дод, барои кӯмак дар бозсохти Афғонистон 150 миллион доллар интиқол медиҳад. Изҳороти мазкур дар поёни мулоқоти дурӯза бо Ҳомиди Карзай дар Чин садо дод. Хабаргузории "Синхуа" маълумоти бештарро дар ин бора надод. Танҳо ёдрас шуд, ки дар нишасти донорон Чин бо мақсади имдод ба Афғонистон 1 миллион доллар ва ҳамчун кӯмаки хайрия 3 миллиону 600 ҳазор доллар пешниҳод кард. Ҳомиди Карзай ҷавобан дар мулоқоти Чин изҳор намуд: "Амният, омӯзишу парвариш, беҳдошт ва роҳсозӣ масъалаҳои хеле ва хеле назаррасанд. Дар сархати ҳамаи инҳо бозсозии умури идорӣ, ҳукумат ва дубора ба фаъолияти сар кардани он бояд қарор дошта бошад".

XS
SM
MD
LG