Пайвандҳои дастрасӣ

Осиёи Марказӣ дар ростои хатари дигар бо номи Ҳизби Таҳрир



Соҷидаи Мирзо

Аҳмад Рашид, таҳлилгари умури минтақа мегӯяд, бо қиссаҳои анъанавӣ, асрору овозаҳо, тавсифу тасвирҳо ҷангиёни ҷумбишҳои исломӣ, ки мавҷудияти онҳо дар сарзаминҳои Ӯзбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон чандон таърихи тулонӣ надорад, дар байни мардум машҳур шудаанд.

Аҳмад Рашид таҳлилгари минтақа мегӯяд, бо қиссаҳои анъанавӣ, асрору овозаҳо, тавсифу тасвирҳо ҷангиёни ҷумбишҳои исломи, ки мавҷудияти онҳо дар сарзаминҳои Узбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон чандон таърихи тулонӣ надорад, дар байни мардум машҳур шудаанд. Афзоиши нодориву бекорӣ, имконоти маҳдуди иқтисодӣ ва қарзҳои нопардохтаи ин ҷомеъаҳо барои ҳар як ҳизб ва ташкилоте, ки умеди беҳбудии зиндагиро пешниҳод мекунад меваи расидаро мемонад. 60 дар сади аҳолии 50 миллион нафарии Осиёи Марказӣ аз ҷавонони сини то 25 сола тартиб ёфтааст. Пурсише ба миён меояд, ки ин насли бекор, ноумед, бедониш, гурусна ва маҳрум аз озодиҳои бунёдӣ то кай ин вазъро таҳаммул хоҳад кард? Ва ҷойи ҳайрат нест, ки ифротгароии исломӣ маҳз дар ин сарзамин рӯ ба густариш овардаанд. Ба думболи Ҳаркати Исломии Афғонистон, ҷумбиши густаришёфтаи исломӣ, ташкилоти дигари бунёдгаро, Ҳизбу Таҳрир дар минтақаи Осиёи Марказӣ реша давонд. Дар ҳоле, ки Ҳаркати исломии Узбакистон ҳадафҳои ниҳоии худро бо тохтутозҳои мусаллаҳона то андозае ошкор кардааст, Ҳизбу Таҳрир то ҳол ба пахши адабиёт, оиди мақсадҳои худ ва ифтитоҳи вебсайти ҳизб бартарӣ медиҳад. Аммо ба назар мерасад, ки ин созмон бо ҳадафҳои асроромези худ аз ҳама гуна ҷумбишҳои ифротии ҷаҳон носозгортар аст. Ҳизбу Таҳрир, ки чун Ҳаркати исломии Узбакистон дар Оиёи Марказӣ ва минтақаи Шинҷони Чин ҷиҳод эълон кардааст, бо ташкили як Хилофат мехоҳад ҷаҳони исломро зери як чатр ҷамъ оварад. Тибқи барномаи Ҳизбу Таҳрир, дар қадами аввал як ё ду кишвари мусалмонӣ таҳти назари ин ташкилот медарояд ва роҳро барои фарогирии тамоми Ҷаҳони Ислом ҳамвор мекунад. Барои татбиқи барномаи худ ва ғасби ҳукумат мақомоти Ҳизбу Таҳрир Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи доғу ноором мувофиқ арзёбӣ мекунанд. Сарвари феълии Ҳизбу таҳрир ва яке аз тарҳрезони барномаҳои сиёсии он Шайх Қадим Залум мегӯяд масъалаи табдили сарзаминҳо ба ватани мусалмонон ва муттаҳид намудани онҳо бо ҷаҳони ислом ҳадафест, ки мусалмонҳо дастрасӣ ба онро орзу доранд. Ва усули расидан ба ин ҳадаф ташкили дубораи Халифат аст. Аҳмад Рашид меафзояд, ин созмони пинҳонкори мазҳабӣ бо ҳадафҳои хаёлии худ бештар дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон шӯҳрат дорад. Хатари ин ташкилот ба ҳукуматҳои минтақаро метавон бо теъдоди маҳбусони он дар зиндонҳо чен кард. Ҳизбу Таҳрир теъдоди маҳбусони худро танҳо дар Узбакистон 100 ҳазор арзёбӣ мекунад. Бо иддаои миллион ҷонибдори ҳозир барои сарнагун намудани ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, махсусан режими Ислом Каримов, Ҳизбу Таҳрир то ҳол ба шӯришҳои мусаллаҳона, одамрабоӣ ва ташкили тамирнгоҳҳои ҳарбӣ даст назадааст ва бештар ба тағйироти мусолиматомез тарҷеҳ медиҳад. Аммо ташвишҳои мавҷуданд, ки дар ростои фишору таъқиб ва нодориву ноумедӣ аъзоёни ҷавони Ҳизбу Таҳрир метавонанд ба осонӣ аз назорати саркардаҳои худ хориҷ шаванд ва рӯ ба шӯришҳои мусаллаҳона биёранд. Ба назари Аҳмад рашид, ҳеҷ як аз ин ду гурӯҳ на Ҳаракати исломии Узбакистон ва на Ҳизбу Таҳрир ба андозае қудрату шӯҳрат ва нирӯи ғолиб бар Осиёи Марказиро надоранд. Мувафақияти феълии онҳо ба истилоҳ аз баракти амалҳои мақомоти Осиёи Марказӣ аст, ки бо таъқибу фишор аз онҳо қурбонӣ сохтанд ва таваҷҷӯҳи мардумро ба онҳо ҷалб намуданд. Дар баробари ин омилҳои беруние ҳамчун ҷанги Афғонистон низ дар нуми ин ҷумбишҳо таъсир гузоштааст. Таҳлилгари минтақа меафзояд, раҳбарони пинҳонкори Ҳизубу Таҳрир то замоне, ки дар паси парда боқӣ мемонанд ва ҳадафи худро ба мардум пешинҳод намекнанд, наметавонанд алтернативаи сарвароне амсоли Ислом Каримов бошанд. Роҳи беҳтари коҳиши нуфузи ин ташкилотҳо ошкор намудани онҳо иҷозаи таълимоти исломӣ дар ин кишварҳо ва ҷорӣ намудани ислоҳот аст. Дар шароити хуби иқтисодӣ чунин ҷумбишҳо наметонистанд шӯҳрату таъсири зиёд дошта бошанд ва танҳо дар як гӯшаи олами исломи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонаданд. Тавре, ки Ҳизбу Таҳрир дар кишварҳои дигари исломӣ чандон аҳамият надорад. Натиҷаи бӯҳрони Осиёи Марказӣ аст, ки Ҳизбу Таҳрир ва Ҳаракати Исломии Узбакистонро ба марказ баровард ва ҷавононро ҳамчун татбиқкунандаи моделҳои хориҷӣ дар ихтиёри онҳо гузошт. Ба гуфтаи Аҳамад Рашид коршиноси мантақа, бо афзоиши хатар дар Осиёи Марказӣ мақомоти кишварҳои он бештар оштинопазир ва дар ҳалли мушкили мардуми худ то рафт беаҳмият мешаванд. Ва бо афзоиши хашму ноумедии мардум бетаваҷуҳии раҳбарон дар баробари зарурати дигаргуниҳо афзоиш меёбад. Бо ин ҳол раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи буҳронӣ қарор доранд: ё аз таҷрибаи талхи Афғонистону суқути ин кивар дарси адаб меомузанд ва ё терророизму нооромӣ ва гуруснагӣ кишварҳои онҳоро думболагир хоҳад буд. Ё таваҷҷӯҳи афзояндаи ҷомеъаи ҷаҳониро барои бозсохти кишварҳои худ истифода мекунанд ва ё бо аз даст додани ин имконот дар бӯҳрон боқӣ мемонанд. Ба гуфтаи Аҳмад Рашид решаи бӯҳрони Осиёи Марказӣ дар ҳукуматҳои он нуҳуфтааст на дар шӯришагрони исломӣ.

XS
SM
MD
LG