Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё пуле, ки кишварҳои мададрасон ваъда карданд ба дасти кӣ дода мешавад, чӣ гуна харҷ мешавад?



Холидаи Қодир

Кишварҳои мададрасон ваъда карданд, ки барои эҳёи Афғонистон чаҳору ним миллиард доллар медиҳанд.



Кишварҳои мададрасон ваъда карданд, ки барои эҳёи Афғонистон чаҳору ним миллиард доллар медиҳанд. Акнун суол ин аст, ки оё ин пул ба дасти кӣ дода мешавад, чӣ гуна харҷ мешавад ва истифодаи онро кӣ назорат мекунад? Афғонҳо то ҳол барномаи мушаххаси истифодаи пули донорҳоро пешниҳод накардаанд. Ба фикри баъзе коршиносон, як камбуди конфронси Токио ин буд, ки донорҳо дар ин нишаст барномаи стратегии минтақаро муайян накарданд. Аз тарафи дигар, коршиносону мутахассисон изҳори ташвиш мекунанд, ки имкон дорад, бахше аз пули донорҳо сӯистифода шавад. Созмони Миллали Муттаҳид тарс дорад, ки агар барномаҳои барқарорсозии Афғонистон дуруст пиёда нашаванд, кишвароҳи кӯмаккунанда аз додани пул ба барномаҳои норӯшан ва бенатиҷа хаста хоҳанд шуд. Созмони Милал пешниҳод кард, ки чаҳор донори муҳимтарин: Иттиҳодияи Аврупо, Япония, Арабистони Саудӣ ва Иёлоти Муттаҳида маблағи худро дар барномаҳои панҷсола тахсис диҳанд. Барои ҷилавгирӣ аз ҳама гуна сӯиистифода аз пули донорҳо, Банки Ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад, ки ҳамаи кишвароҳи кӯмакрасон бояд кори худро ҳамоҳанг намоянд. Яъне тамоми маблағ ба як фонд, ё бунёди умумӣ фиристода шавад ва назорати онро Банки Ҷаҳонӣ ба даст гирад. Донороҳи муҳимтарин, ҳамраисони ҷаласаи Токио: Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳодияи Аврупо, Япония ва Арабистони Саудӣ мувофиқат карданд, ки тарзи истифода аз пули он бунёди умумӣ ба ихтиёри Банки Ҷаҳонӣ, Барномаи Рушди Созмони Миллал ва Банки Осиёии Рушд гузошта шавад. Ин гурӯҳ, ки расман гурӯҳи иҷро ба номида мешавад, дар ҳамкории наздик бо ҳукумати муваққатии Афғонистон фаъолият хоҳад кард. Таъсиси чунин гурӯҳи муштаракро, ба вижа, донорҳои аврупоӣ дастгирӣ мекунанд. Этин Рейтер, сухангӯи комиссиони Аврупо дар Токио изҳор кард, Аврупо мехоҳад мутмаин бошад, ки пули ба Афғонистон фиристода шуда ба ҳадди ниҳоӣ дуруст истифода мешавад. Ӯ афзуд: "Мо барои пул додан дар он ҷо барномаҳоро интихоб намекунем, мо танҳо мехоҳем, ки ин пул барои ҳалли мушкилоти воқеъии Афғонистон масраф шавад, аз ин сабаб барои мо тамос бо ҳукумати Афғонистон басо муҳим аст. Дар шароити кунунӣ, Иёлоти Муттаҳида бештар ба ҷанги зидди террор дар минтақа таваҷҷӯҳ дорад. Чунин вазъият ба Иттиҳодияи Аврупо имкони бештар медиҳад, ки барномаҳои худро дар минтақа пиёда намояд. Дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, ки дар мавриди Афғонистон онҳо стратегияи ба истиллоҳ, дуҷонибаро тарҳрезӣ кардаанд: "Аз як тараф, эҳёи кишвар, рушди демократия ва ҳуқуқи башар дар Афғонистон ва аз тарафи дигар, пайдо кардани ба истилоҳ, ҷои по дар минтақа барои идомаи ҳамокриҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ. Комиссиони Аврупо ба зудӣ бо Эрон дар мавриди тиҷорату ҳамкорӣ гуфтушунид шурӯъ мекунад. Илова бар он, комиссион аз пайи таҳкими робитаҳо бо Покистону Ҳиндустон аст. Рӯзномаи Финаншэл Таймс менависад, Коммисиони Аврупоро зарур аст, ки стратегияи худро дар марвиди Осиёи Марказӣ дақиқ кунад. Зеро вазъи Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон барои амнияти тамоми минтақа муҳим аст. Дуруст аст, ки дигар ба онҳо хатари паҳншавии терроризм ва бунёдгароӣ аз ҷониби Афғонистон таҳдид намекунад. Вале Осиёи Марказӣ прроблемаҳои дигари худро дорад: "Аз қабили маводи мухадирра, гурӯҳҳои мусаллаҳ, фазои маҳдуди сиёсӣ ва ҳукуматҳои ғайридемократӣ, ки мухолифонашон аз ноилоҷӣ ба гурӯҳҳои тундраву пинҳонкор табдил меёбанд. Коршиносон мегӯянд, таҳавввулоти Афғонистон беҳтарин фурсатро фароҳам сохтанд, ки Ғарб мутаваҷҷеҳи тамоми минтақа шавад. Вале суол ин аст, ки оё таваҷҷӯҳ ба минтақа баъди оддӣ шудани рӯйдодҳои Афғонистон низ идома хоҳад кард, ё на?

XS
SM
MD
LG