Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Русия аз тавсеаи ҳузури низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ



Соҷидаи Мирзо

Сафари Томи Френкс - фармондеҳи амалиёти зидди террористии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон, музокироти ӯ бо президенти Узбакистон, дар авҷи баҳсҳои эҳтимоли ҳузури тӯлонии Амрико дар Осиёи Марказӣ ба торҳои асаби мақомоти Русия нохун мезанад.

Сафари Томи Френкс - фармондеҳи амалиёти зидди террористии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон, музокироти ӯ бо президенти Узбакистон, дар авҷи баҳсҳои эҳтимоли ҳузури тӯлонии Амрико дар Осиёи Марказӣ ба торҳои асаби мақомоти Русия нохун мезанад. Наздкшавӣ ба минтақа ва чанд изҳороти ахири Вошингтон ақидаҳоеро тақвият дод, ки барномаи ҳузури Амрико дар Осиёи Марказӣ, минтақаи нуфузи Русия барои як солу ду сол нест ва ин ҳузур баъди итмоми ҷанги Афғонистон низ идома хоҳад дошт. Ин барномаҳо Маскавро, ки дар оғози маъракаи зиддитерористӣ ихтиёри кишварҳои Осиёи Марказиро як муддат ба дасти худи онҳо дода буд, акнун шадидан нороҳат мекунад. Ба думболи изҳороти мақомоти низомии Русия, намояндагони Думаи Давлатӣ ва сиёсатмадорони алоҳида сарвари пажӯҳишгоҳи Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ Константин Затулин, дар як нишасти мутбуотӣ, ҳузури нирӯҳои хориҷиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ кӯшиши тағйири вазъи геополиткӣ арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи Затулин Иёлоти Муттаҳида барномаи 25 солаи ҳузури низомӣ дар Узбакистонро баррасӣ мекунад ва барои бунёди пойгоҳи низомӣ ҳозир аст 500 миллион сарф намояд. Онҳо ҳамчунин бо интиқоли нирӯҳои бештар ба фурудгоҳи Манас ҳузури худро дар Қирғизистон низ мустаҳкам мекунанд. Ба гуфтаи Константин Затулин Амрико дар кишвари комилан исломишудаи Покистон худро роҳат ҳис намекунад ва аз ин рӯ дар Осиёи Марказӣ пойгоҳ месозад. Нигаронии Маскав аз барномаҳои Вошингтон дар ҳоле ҷараён дорад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида на танҳо мухолифат нишон намедиҳанд, балкӣ манфиъатдории худро аз чунин ҳузур пинҳон намекунанд. Гузашта аз ин, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Туркманистони бетараф ба ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида тарҷеҳ медиҳанд ва ба гунае бо ҳам мусобиқа мекунанд, ки ҳузури Амрико дар кадом кишвар бештар хоҳад шуд. Ин тамоюл барои манофеъи Русия, ҳамчун кафили амнияти Осиёи Марказӣ, хатарҳоеро ба думбол хоҳад дошт. Шурӯъи маъракаи зидддитеррористӣ ва вуруди Амрико ба минтақаи ноорому аз ҷиҳати амнияти заъифи Осиёи Марказӣ аз ҷониби раҳбарони ин давлатҳо ҳамчун имкони ҳалли мушкилоти амниятиву иқтисодӣ пазируфта шуд. Нашрияи электронии Аналист се сабаби хоҳиши кишварҳои минтақараро дар зиминаи бартарии ҳамкорӣ бо Амрико ва гардиши онҳоро аз самти Маскав ба сӯи Вашингтон номбар мекунад. Сабаби аввал, менависад Аналист- дарёфти кӯмакҳои молӣ аст. Даҳсол боз ин давлатҳо дар гирдоби иқтисоди буҳронӣ қарор доранд ва кайҳост, аз ҷайби тиҳии шарики стратегӣ - Русия умед худро буридаанд. Аммо ҳамкорӣ бо Амрико дар як муддати кӯтоҳ самараҳои аввалинро ба бор овард. Узбакистон соҳиби 150 миллон доллар шуд ва ҳамчунин барои кӯмаки минбаъда аз Хазинаи байналмилии Асъор ваъда гирифт. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои чунин ёриҳо замина муҳайё намуданд. Ба гуфтаи Аналист сабаби дуюм, ки давлатҳои минтақаро барои ҳамкорӣ бо Амрико ҷасур намудааст, ба пуштибонии сиёсӣ бастагӣ дорад. Ин давлатҳо мехоҳанд бо кӯмаки Амрико аз интиқоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар заминаи вазъи бади ҳуқуқи башар ва нокомии густриши равандҳои демократӣ раҳо шаванд. Ва сеюм масъалаи амният ва муборизаи ин давлатҳо бо шӯришгарони исломӣ аст. Гузашта аз ин ҳар як кишвари минтақа мақсади мушаххаси худро дорад. Узбакистон мехоҳад аз Русия, муттакои маҷбурии минтақа, бо ваъдаҳои таъмини амният, раҳо ёбад. Ва билохира орзуи дерини худ, нақши абарқудратро дар минтақа амалӣ намояд. Ҳатто Қазоқистон бо марзи тӯлонӣ ва манотиқи руснишину аҳолии русзабон мехоҳад аз Русия дур бошад. Аммо муборизаи президенти Қазоқистон бо раиси ҷумҳури Узбакистон дар масъалаи нақши доминант дар минтақа аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Назарбоев наметавонад ба ин сабқат ворид шавад ва ҳамчунин ба равобти наздики Каримов бо Иёлоти Муттаҳида созиш кунад. Ин ҳама гирдору дор ва сабқату рақобат дар паси пардаи мубориза бо терроризм вуҷуд доранд ва марбути минтақа мебошанд. Аммо ду кишвари дигар аз хориҷ, Русия ва Чин, аз ҳузури низомии Амрико дар минтақа ташвиш доранд. Бо табдили Панҷгонаи Шанҳай ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Маскаву Пекин парда аз рӯи мақсадҳои худ бардоштанд ва доираи ҳамкориҳои иқтисодиву марзиро бо иловаи масоили таъмини амнияти минтақа ва ташкили нирӯҳои сареъи зиддитеррористӣ васеътар намуданд. Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба истиснои Туркманистон узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошанд ва инро метавон ҳамчун кӯшиши маҳдудияти ҳузури Ғарб дар минтақа арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Аналист дар сурати тасмими ҳузури ҷиддӣ дар минтақа мушкилоти Амрико себаробар зиёд хоҳад шуд. Аввалан Русия ва Чин худро дар муҳосира эҳсос мекунанд ва ин метавонад боиси тадобири ҷавобии онҳо ва сабабгори беамниятӣ дар минтақа шавад. Дуввум пуштибонии Ғарб аз кишварҳои маҳдуду ноозод метавонад боиси фишору таъқиби бештар бар сари мухолифини онҳо шавад. Ва ниҳоят Ғарб метавонад интизориеро ба миён биёрад, ки дар ниҳояти амр аз ӯҳдаи татбиқи он набарояд. Барои намуна Узбакистон тағйирёбанда аст ва агар мабодо бо ҳамсояҳои худ вориди ҷанг шавад, дар ин сурат нақши Ғарб аз чӣ иборат ва то кадом андоза иҷрошаванда хоҳад буд? Ва оё Ғарб барои хунрезӣ дар чунин муноқишаҳо омода аст? - менависад нашрияи электронии Аналист дар матлабе бо номи Достони ишқи Ғарб бо Осиёи Марказӣ.

XS
SM
MD
LG