Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти Токио ба бозсохти баъдиҷангии Афғонистон 4,5 миллиард доллар кӯмак ваъда кардааст



Мирзои Салимпур

Конфаронси дурӯзаи кишварҳои мададрасони Афғонистон дар шаҳри Токио бо ваъдаи ихтисоси чоруним миллиард доллар кӯмак ба бозсохти баъдиҷангии ин кишвар ба анҷом расид.

Конфаронси дурӯзаи кишварҳои мададрасони Афғонистон дар шаҳри Токио бо ваъдаи ихтисоси чоруним миллиард доллар кӯмак ба бозсохти баъдиҷангии ин кишвар ба анҷом расид. Фиристодаҳои 61 кишвар ва 21 созмони байналмилалӣ дар нишасти Токио изҳор доштанд, ки ихтисоси ин кӯмакҳо барои ду даҳсола дар назар дошта шудаанд аммо интизор меравад, ки фақат дар соли 2002-юм иқтисоди Афғонистон ҳудуди 1 миллиарду 800 миллион доллар маблағгузорӣ шавад. Маблағи ваъдашуда беш аз чоруним миллиард доллар аст. Аҳли нишаст мувофиқ бар ин буданд, ки ин маблағ бояд ба зудтарин фурсат ихтисос дода шавад чунки ҳукумати муваққати Афғонистон, ки бояд тӯли чанд моҳи дигар фаъолият кунад ба пул сахт зарурат дорад.

Рақамҳои дар нишасти Токио барои эъмори баъдиҷангии Афғонистон ваълдашударо коршиносон маблағи бузург ва барои як кишвар бесобиқа арзёбӣ кардаанд. Кишвари Ирон бо 560 миллион доллар, Иттиҳоди аврупо бо 550 миллион доллар, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд бо 500 миллионӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳудуди 300 миллион доллар аз ҷумлаи донорҳои аслии бозсохти баъдиҷангии Афғонистон хоҳанд шуд. Донорҳои Афғонистон дар ивази ин маблағи бузург аз ҳукумати муваққати Афғонистон, ки ҳамкори асосии онҳо дар татбиқи барномаҳои кӯмак шинохта шудааст, замонати комили инро хостаанд, ки ин маблағҳо дақиқан сарфи эъмори баъдиҷангии кишвар хоҳанд шуд. Ҳукумати муваққат тӯли панҷ моҳи дигар фаъолият мекунад. Шумо дар он ҷо чизе надоред, ягон барномаи мушаххас ва имкониятҳои зербиноӣ надоред ва ҳанӯз донорҳо наметавонанд, дар он ҷо эҳсоси итминони коил намоянд. Вале ҳатто аз ин лиҳоз низ ба ақидаи ман дастрасӣ ба пул барои шурӯъи кори ҳукумат як муваффақият аст. Ҳомиди Карзай раиси ҳукумати муваққати Кобул сармоягузорони кишварашро замонат додааст, ки дар татбиқи барномаҳои кӯмак аз роҳи шафофияти комил кор гирифта ҳукумати ӯ дар мавриди риояи меъёрҳои иқтисоди озоди бозорӣ мубориза бо фасодкорӣ ва таъмини ҳуқуқи зан дар Афғонистон кӯшиш хоҳад кард. Сармоягузорон ва донорҳои раванди бозсохти баъдиҷангии Афғонистон аз ҳукумати муваққати ин кишвар хостаанд, дар мавриди таҳияи барномаҳои татбиқи ин кӯмакҳо ба соҳоте ба мисли эҷоди ниҳодҳои муназзами идораи давлат, риштаи маорифу ҳифзи сиҳҳат, бозсохти инфраструктураи роҳҳо, шабакаҳои барқ ва телекоммуникацияҳо, таҷдиди низоми иқтисоди миллӣ аз ҷумла муомилоти комили пулӣ дар кишвар, рушди соҳоти кишоварзӣ ва саноат, таъмини амнияти ғизоӣ ва эҳёи шабакаҳои обёрии Афғонистон бартарӣ диҳад. Мубориза алайҳи кишт ва қочоқи маводи мухаддир, таъмини ҳуқуқи зан дар ҷомиаи Афғонистон, эҷоди заминаҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва инсититутҳои демократӣ дар кишвар низ аз ҷумлаи риштаҳои боаҳамият дар барномаи кӯмак ба бозсозии Афғонистон дониста шуданд. Дар баробари ин барномаҳои иҷтимоӣ поккории майдонҳои майнкоришуда тақвияти ниҳодҳои қудратӣ ва ба ҳаёти мулкӣ баргардонидани силоҳбадастони собиқ низ муҳим шумурда мешаванд. Гуфта мешавад, фарқи Афғонистон аз кишварҳои дигар, ки бо барномаҳои байналмиаллии бозсохти баъдиҷангӣ фаро гирифта шудаанд, дар ин аст, ки дар Афғонистон қариб тамоми барномаҳо дар ҷои холӣ ва аз сифр шурӯъ карда хоҳанд шуд. Зимнан Афғонистон дар ҳоли ҳозир тавони мустақилона назорат бурдани маблағҳои имдодиро надорад. Ҷеймс Вулфенсон гуфтааст, то чӣ андоза мушкил будани татбиқи барномаҳоро ҳама дарк мекунанд. Ба гуфтаи ӯ онҳо фақат аз Ҳомиди Карзай замонати забонӣ гиритфаанд, ки мақомоти Афғонистон бо фасодкорӣ ва кишту қочоқи маводи мухаддир мубориза бурда дар барномаи худ шароити иқтисоди бозорӣ ва таъмини ҳуқуқи занонро риоя хоҳад кард. Ҳамзамон дар нишасти Токио қарор шуд, як гуруҳи байналмилалии назорат бар истифодаи маблағҳои имдодӣ дар Афғонистон таъсис дода шавад, ки дар кӯтоҳфурсат барои оғози фаъолият ба Кобул хоҳад рафт. Одатан донорҳо аз ваъдаи кӯмак то татбиқи ин кӯмакҳо хеле ҳаял мекунанд ва аксаран маблағҳои ихтисосдодаи онҳо аз маблағи ваъдаашон кам мешавад. Ибтикордиҳандагони мулоқоти Токио низ эҳтимоли аз 4-у ним милиард доллар камтар шудани кӯмакҳоро ба Афғонистон инкор намекунанд аммо мегӯянд, фарқи Афғонистон аз намунаҳои дигар ин аст, ки дар ин ҷо бо назардошти фурсати кӯтоҳи фаъолияти ҳукумати муваққати Кобул ва адами механизмҳои маъмули замонатӣ режими тавзеҳи маблағҳо ба ҳукумати Ҳомиди Карзай хеле зудтар ва ба содагӣ анҷом хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG