Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақрибан 10 миллиард доллар барои панҷ соли эҳёи Афғонистон баррасӣ мешавад



Холидаи Қодир

Донорҳои муҳимтарин Япония, Британия, Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои дигар ваъда карданд, ки барои як соли оянда ба Афғонистон беш аз миллиард доллар ҷудо мекунанд.

Намояндагони 60 кишвар ва муассисаҳои муҳими байналмилалӣ дар Токио таҳсиси тақрибан 10 миллиард долларро барои панҷ соли эҳёи Афғонистон баррасӣ мекунанд. Ҳомид Карзай, раҳбари ҳукумати муваққатии Афғонистон дар ифтитоҳи нишасти донорҳои байналмилалӣ дар як суханронии боэҳсос вазъи имрӯзаи кишварашро чунин тасвир кард: "Ман дар пеши шумо ҳамчун шаҳрванди мамлакате истодаам, ки онҷо ба ҷуз офат, ҷанг, маҳрумият ва ваҳшат ба зидди мардум чизи дигаре нест".

Донорҳои муҳимтарин Япония, Британия, Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои дигар ваъда карданд, ки барои як соли оянда ба Афғонистон беш аз миллиард доллар ҷудо мекунанд. Нахуствазири Япония Юниширо Койзуми гуфт, ки кишвари вай дар давоми дуву ним соли оянда барои раванди барқарории Афғонистон 500 миллион доллар кӯмак мекунад. Ними ин маблағ соли ҷорӣ ба Афғонистон интиқол меёбад. Котиби давлатии ИМ Колин Повел аз номи кишвараш ваъда дод, ки соли ҷорӣ Амрико барои эҳёи Афғонистон наздик ба 300 миллион доллар таҳсис хоҳад дод: "Ман якбора сари мақсад меоям. Ман хушнудам, аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида эълон кунам, ки мардуми Амрико дар соли ҷории молӣ ба мардуми Афғонистон барои навсозии ҷомеа ва кишвари онҳо, 296 миллион доллар медиҳад.

Иттиҳодияи Аврупо дар тӯли соли 2002-ум ба Афғонистон наздик ба 500 миллион доллар медиҳад, Британия дар тӯли панҷ сол қариб 290 миллион доллар ва Арабистони Саудӣ дар се соли оянда 220 миллион доллар кӯмак хоҳанд кард. Ба ин тариқ, ба назар мерасад, ки Ҳомид Карзай ба хона бо дастони холӣ барнамегардад ва тавре дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннан дар конфронси Токио изҳор кард, барои Афғонистон низ шанси бузурги ба роҳ мондани иқтисод ва суботи дубора ба даст омадааст: "Ҳоло барои Афғонистон як равзанаи умед ва имконият боз шудааст, ки тавассути он кишвар худро аз канораи харобиҳо ақиб мекашад.

Ҳомид Карзай ба кишварҳои мададрасон итминон дод, ки пули онҳо барои бунёди Афғонистони нав бо ҳукуматдории шаффоф ва қобили эътимод сарф хоҳад шуд. Муассисаҳои муҳими байнламилалӣ тахмин мекунанд, ки барои эҳёи Афғонистон мабалағи бузург зарур аст. Тибқи тахмини Банки Ҷаҳонӣ, Банки Осиёии Рушд ва барномаи рушди Созмони Милал Афғонистон дар тӯли панҷ соли оянда дар маҷмӯъ 10 миллиарду 200 миллион доллар ниёз хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG