Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мекӯшад ақлу дили мардуми афғонро ба даст орад



Хиромон Бақозода

Мушкилоти аввале, ки дар Афғонистон ба чашм мехӯрад, норасойии расонаҳои хабарии маҳаллӣ аст. Феълан дар ин ҷо ягон рӯзномаву маҷалла ва радиову телевизиони мустақил амал намекунад.

Мушкилоти аввале, ки дар Афғонистон ба чашм мехӯрад, норасойии расонаҳои хабарии маҳаллӣ аст. Феълан дар ин ҷо ягон рӯзномаву маҷалла ва радиову телевизиони мустақил амал намекунад. Ҳарчанд созмонҳои ғайриҳукуматӣ мавҷуданд, ки бо маблағгузории хориҷӣ лойиҳаҳои кӯмаки бунёди васоити ахбори мутақилро ба кор андохтаанд. Бори омодагии ахборро дар нашрияву садову симои давлатии Афғонистон як бахши махсуси хабарӣ дар душ дорад ва он ҳам ягона аст. Тибқи арқом, мардуми босавод дар кишвар 40 дар садро ташкил медиҳад, ва аз ин ҳисоб танҳо 4 фойиз занон ҳастанд. Аз ин хотир аксари мардум майли бештаре ба радиову телевизион дорад. Аммо имконияти дастрасӣ ба онҳо хеле маҳдуд аст, чаро ки ин ду расонаи хабарӣ танҳо дар миқёси Кобул пахш мешаванд, зеро ташвиш доранд, ки таҷҳизоти кӯҳнаи нашр метавонад батамом аз кор барояд. Дар кӯчаҳои Кобул аҳёнқаҳён антенҳои моҳворайӣ ба назар мерасанд, вале онҳо танҳо ба афроди сарватманд хизмат мекунанд. Дӯконҳои таҷҳизоти электрикӣ дар тӯли ҳафта садҳо харидорони антеннҳои моҳворайиро қабул мекунанд, ҳангоме ки дар устохонаҳои маҳаллӣ асбоби мазкурро дастӣ аз оҳанпораҳои консерв тайёр мекунанд. Вале аксари афғонҳо ахбори рӯзро аз радиоҳои хориҷӣ гуш мекунанд. Барномаҳои дарии Эрон, радиоҳои тоҷикӣ ва форсии "Озодӣ", "Садои Амрико" ва ВВС. Интизор меравад, фаъолияти радиои "Афғонистони озод" ба забонҳои дарӣ ва пашту, ки аз ҷониби ҳукумати Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ мешавад, дар охирҳои январ оғоз хоҳад шуд. Гуфта мешавад, чанд кишвари хориҷӣ ба радиову телевизиони давлатии Афғонистон ваъда доданд, дар васеъ кардани доираи пахши мавҷҳо кӯмак кунанд. Тавре раҳбари радиову телевизиони ҳукумати муваққати Афғонистон Абдул Ҳафиз Мансур ба хабарнигори радиои "Озодӣ" гуфт, чунин пешниҳодҳо аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида, Япония ва Итолиё расидааст. Ҷумҳурии ҳамсояи Эрон кормандони радиову телевизиони давлатии худро барои шиносойӣ бо шароити кори ҳамкорони афғон ҳанӯз рӯзи 22 декабр, ифтитоҳи ҳукумати нав, дар ҳамсафарӣ бо вазири умури хориҷии худ Камоли Харрозӣ ба Кобул фиристода буд. Ҳайати кормандони фаннии Эрон дар тӯли ҳамин сафар барои садову симои Афғонистон асбобҳои тақвиятдиҳандаи радиоии 50қкиловатӣ ва телевизионии 200қватӣ тақдим намуданд. Чор корманди фаннии Эрон ҳамзамон роҳҳои истифодаи таҷҳизоти нав ва интиқоли онро берун аз шаҳр омӯзонданд. Ҳамчунин Эрон дар таҳияи дарсҳои хабарнигорӣ ва техникӣ кӯмаки худро пешниҳод намуд. Коршиноси минтақавии радиои "Озодӣ" Вилям Самӣ, ки батозагӣ аз Кобул баргашт, гуфт, Эрон пештар аз кишварҳои дигар дар Афғонистон қадам мегузорад ва мехоҳад нуфузи бештаре дар байни мардуми афғон дошта бошад. Ва интизор меравад, ки мақоми он ҳам ба ҳамин васила афзоиш ёбад. "Эрон ба Афғонистон дастрасии табийӣ дорад, зеро ин ду кишвар дар пайванди густардаи таърихиву фарҳангианд. Филмҳои форсӣ аллакай дастраси мардуманд. Онҳо пайваста дар телевизиони Афғон намойиш дода мешаванд, ҳарчанд худи телевизион дар муҳити имрӯза танҳо ду моҳ қабл зуҳур кард, зеро толибон телевизионро баста буданд". Коршиноси радиои "Озодӣ" Вилям Самӣ афзуд, майли Эрон ба расонаҳои давлатии Афғонистон аз он аст, ки дар тӯли ҷанги зиддитеррористии Иёлоти Муттаҳида Теҳрон нақши ғайрифаъол дошт ва имрӯз мехоҳад мавқеи худро баргардонад. Ҳолати мазкур баъди он рух дод, ки Эрон истифодаи фурудгоҳи худро ба ҳавопаймоҳои низомии Иёлоти Муттаҳида иҷозат надод, вале ваъда кард, ки ба пилотҳои амрикойӣ дар ҳоли суқути ҳавопаймои онҳо дар ҳудуди Эрон кӯмак мекунад. Ҳамзамон Эрон Толибонро шадидан маҳкум мекард, вале Иёлоти Муттаҳидаро дар қатли мардуми мулкӣ ҳангоми бомбборонҳо ва кӯшиши ҳоким шудан дар минтақа интиқод мекард. Гуфта мешавад, қабл аз оғози амалиёти алайҳи Бин Лоден, Эрон дар баробари Русияву Покистон бо Афғонистон равобити сиёсии амиқ пиёда карда буд. Вилям Самиӣ мегӯяд, Теҳрон имрӯз мехоҳад бо ҷамоаҳои ғарбии Афғонистон, дар марзи Эрон, ба хотири кӯмаки шиамазҳабон, ки аққалиятро ташкил медиҳанд, робита дошта бошад. "Эрон заминаи кӯмаки низомиро ба мухолифони Эътилофи Шимол, ва ё бо номи дигар ба Ҷабҳаи Муттаҳида фароҳам меорад. Қисмати азими кӯмаки мазкур ба Исмоилхон интиқол дода шуд, ки батозагӣ дар вазифаи волии Ҳирот, дар ғарби кишвар, барқарор шуд. Кӯмак ҳамчунин ба ҷамоаи шиамазҳабони афғон фиристода шуд, ки ҳамчун Ҳазораҳо маъруфанд. Ҳазораҳо на фақат дар таъқиби Толибон қарор доштанд, балки аз мақоми канорафтодагии худ дар баробари аксарияти суннимазҳаби афғон шиква мекарданд". Коршинос афзуд, имрӯз гуфтан душвор аст, ки Эрон муборизаи худро дар ин самт идома медиҳад, зеро Афғонистон ба марҳилаи бозсохти баъдиҷангӣ қадам мегузорад. Вале мақоми раҳбарӣ дар таҷдиди расонаҳои давлатии Афғонистон аз як ҷиҳат амнияти афкори умумро ба Эрон ва муносиботи Афғонистонро бо кишварҳои дигари хориҷӣ таъмин мекунад. Ва Теҳрон ҳам ин ақидаро бахубӣ инъикос мекунад: Замоне, ки Иёлоти Муттаҳида ба сифати пешвои сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон баромад мекунад, Эрон кӯшиш ба харҷ медиҳад ақлу дили мардуми афғонро ба даст орад.

XS
SM
MD
LG