Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ситоди кулли артиши Фаронса дар Тоҷикистон



Холидаи Қодир

Раиси ситоди кулли Нирӯҳои мусаллаҳи Фаронса рӯзи якшанбе дар пойтахти Тоҷикистон бо раҳбарони тоҷик тамдиди мӯҳлати ҳузури сарбозони Фаронса дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳои ҳарбию фаннии миёни Порис ва Душанберо баррасӣ мекунад.



Ҷин Пйер Клеч, Раиси ситоди кулли Нирӯҳои мусаллаҳи Фаронса ба Қирғизистон ва Тоҷикистон сафар мекунад. Дар Душанбе ӯ бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҳолати феълии амалиёти зидди террор дар Афғонистон ва ҳамкориҳои ҳарбию фаннии Порису Душанберо мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Интизор меравад, ки зимни ин дидору гуфтушунидҳо мӯҳлати ҳузури ҳарбиёни Фаронса дар Тоҷикистон дароз карда мешавад. Ҳамчунин номаълум аст, оё нирӯҳои Фаронса фурудгоҳҳои Айнӣ ва Кӯлобро барои амалиёт дар Афғонистон истифода хоҳанд бурд ё на. Пештар хабар мерасид, ки Фаронса бо сабаби ҳолати фаннии онҳо аз истифода фурудгоҳҳои мазкур даст кашидааст, аммо ризоият додааст, ки дар навсозии онҳо саҳм хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG