Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи дарозмуддати Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ



Салими Аюбзод

Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ба раванди демократия дар Осиёи Марказӣ кӯмак кунад, аммо давлатҳои Осиёи Марказӣ бештар интизори кӯмакҳои молӣ ва сармоягузориҳои Амрико ҳастанд. Оё ин тазоди назарҳо чӣ чиз ба бор оварда метавонад?

Сиёсатмадори бонуфузи Иёлоти Муттаҳида Том Дашл, дар Тошканд аз зарурати ҳузури дарозмуддати кишвараш ва манфиатҳои он дар Ӯзбакистон ва Осиёи Марказӣ сӯҳбат карда чунин гуфт: "Мо бовар дорем, ки кишвари мо дарк мекунад, ки ҳузури мо ва муносибатҳоямон бо мардуми Ӯзбакистон ва кишварҳои минтақа ҳаминлаҳзагӣ нестанд. Дарки аҳамияти ин муносибатҳо барои дарозмуддат дар муваффақияти мо дар ин минтақа ҳалкунанда мебошад." Ин баёнияи Том Дашл дар ҳоле садо дод, ки ҳамагӣ ду рӯз пеш мудири хадамоти марзбонии Русия Константин Тотский аз ҳузури америкоиён дар Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш кард ва гуфт, бо поёни амалиёти Афғонистон, онҳо бояд минтақаро тарк кунанд. Дар ҳоле ки таҳлилгарони умури минтақа аз эҳтимоли шиддат гирифтани рақобати Русия ва Иёлоти муттаҳида бо изофа шудани Чин барои таъсир дар минтақа ҳадс мезананд, ин гуфтаҳои ду тараф метавонанд, аломати оғози чунин фароянд бошанд. Аммо дар Ғарб ҳамчунин аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки ҳузури густарди Иёлоти Муттаҳида дар Ӯзбакистон метавонад, сарвари ин кишварро мутмаъин созад, ки метавонад, дар роҳи дастёфт ба ҳокимият дар минтақа хизмати ба истилоҳ хирсона кунад. Сетфен Бланк аз пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, Вашингтон дар ҳоле қарор дорад, ки метавонад, бо сарони худхоҳи минтақа вориди ихтилофот шавад ва аз сӯи дигар омода нест, агар ин сарварон ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаро ба ҳадафҳои худ истифода кунанд. Раҳбари аксарият дар Сенати Иёлоти Муттаҳида Том Дашл, ки дар Ӯзбакистон як сафари шашрӯза анҷом медиҳад ва ҳамчунин ба Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон сафар мекунад, гуфт, мулоқоти ӯ бо президент Ислом Каримов ва вазири умури хориҷӣ Абдулазиз Комилов асосан ба риояти ҳуқуқи инсон ва раванди демократия дар Ӯзбакистон бахшида шуд. Дашл гуфт, вай таваҷҷӯҳи вижаи Иёлоти Муттаҳидаро ба ин масъалаҳо изҳор доштааст. Аммо намояндагони Ӯзбакистон гуфтанд, онҳо аз ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида бештар манфиатҳои иқтисодиро интизоранд, аз ҷумла кӯмакҳои молӣ ва сармоягузориҳоро ба иқтисодиёти Ӯзбакистон. Таъкиди Том Дашл ба таваҷҷӯҳи Иёлоти Муттаҳида ба ҳуқуқи инсон ва демократия дар Ӯзбакистон дар ҳоле садо дод, ки президент Каримов мехоҳад, бо як назархоҳӣ мӯҳлати раёсати худро то соли 2007 ва ё ҳатто якумрӣ дароз кунад. Ва ҳамчунин аз қатли як шаҳрванди Қирғизистон дар марз бо Ӯзбакистон аз тири марзбони ӯзбак, кашокашҳои марзӣ бо Қазоқистон хабар мерасад.

XS
SM
MD
LG