Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе сафоратхонаи Ҷопон боз шуд



Раҳматкарими Давлат

Рӯзи 16-уми январ давлати Ҷопон сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Дар гузашта сафоратхонаи Ҷопон дар Маскав ҳамзамон вазифаи намояндагии ин кишварро дар Тоҷикистон ба ҷо меовард.



Дар маросими боз шудани сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон як ҳайъати парламентии ин кишвар таҳти сарварии фиристодаи вижаи сарвазири Ҷопон Мунзо Сузуки ширкат варзид. Қабл аз маросим фиристодаи баландпояи Токио бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дидору гуфтугӯ дошт. Ҷаноби Сузуки дар маросим аз ин мулоқот ёд карда гуфт, тарафҳо тасмим гирифтанд, ҳамкориҳоро густариш диҳанд. Чунончи, қарор шуд Ҷопон барои баррасии барномаи сармоягузорӣ ба сохтмони нирӯгоҳҳои Роғун ва Сангтӯда як ҳайъати вижа таъсис медиҳад. Мавзӯъи дигари нишаст ба густариши кӯмакҳои башарии Токио ба Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон дахл дошт. Намояндаи Ҷопон гуфт, барномаи байнулмилалии мадад ба эҳёи баъдиҷангии Афғонистон аввали ҳафтаи оянда дар Токио баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG