Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулло Умар кист?



Хоҷа Мирзода

Ронандаи Амир-ал Мӯъминин шарҳ медиҳад, ки раҳбари Толибон чӣ гуна аз дасти нерӯҳои амрикоӣ хато хӯрд ва чаро аз мошини бӯи атр ба машом мерасид.

Яке аз нокомиҳои бузургтарини ҷанг бар зидди терроризм ҳамоно дар озодӣ қарор доштани раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар аст. Нерӯҳои Амрико ва муттафиқони афғонии онҳо чанд дафъа ба боздошт ва ё қатли Амир Ал Мӯъмини Толибон наздик буданд, вале то ҳанӯз Мулло Умар дар озодӣ ба сар мебарад. Дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи амрикоии "НЮС ВИК" Қорӣ Соҳиб ронандаи хусусии Мулло Умар гуфт, ки ҳангоми оғози бомбаборони Афғонистон аз тарафи ҳавопаймоҳои ИМА дар таърихи 7 октябри соли гузашта Мулло Умар ва ронандаи ӯ дар Қандаҳор дар хонаи раҳбари Толибон буданд ва дар ибтидо Амир-ал-Мӯъминин ба мушовиронаш гуфт, ки агар Буш ҳам дар назди хонаи ман пайдо шавад, ман аз ин ҷо берун нахоҳам шуд. Аммо баъди чанде Мулло Умар пинҳонӣ хонаашро тарк намуда, муддатеро дар таҳхонаҳои мухталиф пушти сар кард. Ба гуфти Қорӣ Соҳиб ронандаи хусусии Мулло Умар тирамоҳи гузашта вақте ки сарбозони амрикоӣ ба кофтукови хонаи раҳбари Толибон омада буданд, дар назди хонаи ӯ шаш танк мустақар буд ва бо амри фармондеҳи Толибон онҳо бояд бар зидди сарбозони амрикоӣ оташ мекушоданд. Вале ронандаи раҳбари Толибон бо тааҷҷуб изҳор намуд, ки амрикоиҳо дар они воҳид ҳамаи танкҳоро маҳв намуданд. Муаллифони мақола дар шумораи ахири "Нюс вик" менависанд: Дар марҳилаи кунунии амалиёти зидди терроризм ИМА тасмим дорад, ки раҳбарони созмони АЛ Қоида ва ҷумбиши Толибонро ба додгоҳ кашад. Аммо тавре ба назар мерасад фармондеҳони маҳаллии афғон, ки бо кӯмаки эътилофи байналмилалӣ сари қудрат омадаанд, дар паи мусолиҳа бо Толибон ҳастанд. Ҳафтаи гузашта мансабдорони амрикоӣ хабари раҳо шудани собиқ вазири адлияи ҳукумати Толибон Мулло Нуруддин Туробиро шунида, ба даҳшат омаданд. Сарфи назар аз он, ки ИМА номи ӯро дар сафи аввали ашхоси мавриди ҷустуҷӯ қарор дода буд, мақомоти нави Қандаҳор ба Туробӣ имкон доданд, ки аз Афғонистон берун шавад. Воситаҳои ахбори умум раҳбари Толибонро ҳамчун шахси даҳшатнок тасвир мекунанд, вале ронандаи Мулло Умар мегӯяд: собиқ хуҷаини ӯ давлатмарди мардумӣ буд. Ӯ саҳобаи пайғамбар Муҳаммад алайҳӣ салот ва салом халифи мусулмонон Умар ибни Хаттобро барои худ намунаи олӣ интихоб намуда, ба мисли ӯ либоси оддӣ дар тан, савори мотоцикли арзон дар гӯшаҳои мухталифи кишвар сайр мекард. Ба гуфти Қорӣ Соҳиб Мулло Умар мехост мушкили мардумро аз забони онҳо шунида, бубинад, ки Толибон бо аҳолӣ чӣ гуна муомила мекарданд. Қорӣ Соҳиб, ронандаи Мулло Умар мегӯяд, ки раҳбари Толибон ба зару зевари заминӣ таваҷҷӯҳ нишон намедод. Ӯ фақат дӯст медошт, ки мошинаш доимо бо атри пайғамбарӣ муаттар бошад. Мулло Умар ҳақатан ҳам гузаштаи оддӣ дорад. Ӯ дар канори як роҳ ба дунё омада, ҳеҷ гоҳ таҳсили кофӣ нагирифтааст. Ҳатто ронандаи камсаводи Мулло Умар мегӯяд, ки қироати дастхатҳои раҳбари Толибон душвор аст. Ӯ дар солҳои таҷовузи Шӯравӣ ба Ҷиҳод пайваста, захмӣ ва аз як чашм маҳрум шудааст. Шӯҳрати Мулло Умар аз замоне вориди забон шуд, ки ӯ чанд тан аз муҷоҳидини бачабоз ва таҷоҳвузгари занонро бо дасти худ ба қатл расонд. Мулло Умар чор ҳамсар дошт. Холдонҳо овозаҳоро дар бораи он, ки зани чоруми Умар духтари Бин Лодин аст, рад мекунанд. Ба гуфти онҳо раҳбари Толибон бори чорум зан гирифт, то аз узвият дар оилаи Лодин ҷилавгирӣ намояд. Дар идомаи мақолаи "Нюсвик" мехонем: Эҳтимол Мулло Умар заковати кофие дошт, ки бо Усома Бин Лодин равобити хешу таборӣ барқарор накунад, вале амалан Мулло Умар сарнавишти худро бо тақдири Усома Бин Лодин ҳамсону ҳамнаво сохт.

XS
SM
MD
LG