Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сармарзбони Русия дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон роҷеъ ба ҳузури ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар минтақа изҳори назар кард



Мирзонабии Холиқзод

Константин Тотский, мудири Хадамоти марзбонии Русия дар Душанбе гуфт, мавҷудияти пойгоҳҳои ҳарбии Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Ғарб дар Осиёи Марказӣ барои пешбурди амалиёти зидди террор дар Афғонистон як амри зарурист, аммо бо поёни ин амалиёт пойгоҳҳои мазкур бояд дигар вуҷуд надошта бошанд. Аммо ҳузури баъдинаи онҳо, афзуд Тотский, ба иродаи сарони давлатҳои минтақа бастагӣ дорад.

Мудири Хадамоти марзбонии Русия Контстантин Тотский барои бозрасии нирӯҳои марзбони кишвараш дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба Душанбе сафар кард. Вай гуфт, ба маълумоти ӯ, вазъият дар ин марз куллан мӯътадил бошад ҳам, шиддати он боқӣ мондааст. Тибқи барномаи сафари худ Тотский қарор аст бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот кунад ва ҳамчунин бахши маскавии нирӯҳои марзбони Русияро дар сарҳад бозраӣ хоҳад кард. Дар мавриди ҳузури нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ Константин Тотский гуфт, ин ҳузур муваққатист, аммо идомаи он на танҳо ба америкоиён, балки ба иродаи сарварони давлатҳои ин минтақа бастагӣ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG