Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон аз Тошканд бо дастони холӣ баргашт



Раҳматкарими Давлат

Узбакистон ризоият дода буд, ки сохтори вомҳои Тоҷикистонро бозсозӣ мекунад, вале дар амал гуфтушуниди ҳайъати Тоҷикистон бо намояндагони ҳукумати Узбакистон дар Тошканд бенатиҷа ба поён расид. Ваъдаи Тошканд дар мавриди арзон кардани нархи газ низ иҷро нашудааст.



Боздиди чаҳоррӯзаи ҳайати намояндагии ҳукумати Тоҷикистон аз Тошканд бенатиҷа анҷом ёфтааст. Қарор буд, дар ҷараёни ин боздид ҷониби Узбакистон аз даҳ дарсади вомҳои Тоҷикистон барои газ сарфи назар кунад ва арзиши фурӯши ҳар ҳазор метри мукааб газро барои Тоҷикистон аз 50 доллар ба 40 доллар поин орад. Тоҷикистону Узбакистон дар ин маврид дар ҷараёни мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмонов ва Ислом Каримов - раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар дар Тошканд ба тавофуқ расида буданд. Вале ҷониби Узбакистон мегӯяд, танҳо баъд аз ду сол ин масъала метавонад, баррасӣ қшавад.

XS
SM
MD
LG