Пайвандҳои дастрасӣ

Раисони ду кумитаи давлатии Тоҷикистон аз мақоми худ барканор шуданд



Гулбаҳори Муродӣ

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов раиси Кумитаи давлатии марзбонӣ Сайиданвар Камолов ва раиси Кумитаи андоз Хол Машрабов аз вазифаҳои худ барканор карда шуданд.



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо фармони нави худ раисони ду кумитаи давлатиро ба истеъфо фиристод. Раиси Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон Сайиданвар Камолов ва раиси Кумитаи андоз Хол Машрабов аз ин вазифаҳо барканор шуданд. Тибқи фармони дигари раисҷумҳур сарвари яке аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Абдураҳмон Азимов ба мақоми раиси Кумитаи давлатии марзбонӣ таъин гардид. Дар бораи раиси нави Кумитаи андоз фармон нашр нашудааст. Хол Машрабов, ки ин вазифаро ишғол менамуд, раиси ҳукумати ноҳияи Ленин таъин гардид. Баъзе манобеъ дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ба зудӣ дигаргуниҳои дигар дар ҳайъати ҳукумат низ эълон хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG