Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар шаҳраки Роғуни Тоҷикистон чандин нафарро ба ҳалокат расонд



Холидаи Қодир

Дар заминҷунбии Роғун се нафар ба ҳалокат расида, 60 нафар маҷрӯҳ гашт, ки шаш нафари онҳо дар ҳолати сахт қарор доранд. 580 нафар аз манзили зист маҳрум гашт. Аввалин кӯмакҳо ба офтазадагон рӯзи панҷшанбе расонда шуданд. Ҷустуҷӯҳо идома доранд.

Рӯзи панҷшанбе дар шаҳраки Роғун амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома доштанд. Тавре иттилоъ доред, шоми чаҳоршанбе дар Роғун заминларзаи ҳафтбаллӣ рух дод ва дар натиҷаи он ҳадди аққал се нафар кушта ва қариб 60 нафар захмӣ шуданд. Даҳҳо ҳавлӣ хароб гардида, беш аз 580 нафар бехона монд. Вазорати вазъияти фавқуллодаи Тоҷикистон барои бартараф кардани паёмадҳои фалокат мутахассисони худро ба Роғун фиристод. Ин гурӯҳ якҷо бо аҳолии минтақа харобаҳои баъди зилизиларо ҷустуҷӯ мекунанд, то қурбониён ва захмиёни дигарро, ки шояд дар байни шикастапораҳо мондаанд, берун оваранд. Созмонҳои хайрияи ватаниву байнламлилалӣ ба Роғун маводи хӯрока, либоси гарм, дорувор ва бистару хайма фиристоданд.

XS
SM
MD
LG