Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Банки Ҷаҳонӣ: Барои бозсохти Афғонистон соле ба як то ду миллиард доллар кишвар зарурият хоҳад дошт



Холидаи Қодир

Мақоми баландпояи Банки Ҷаҳонӣ Обид Ҳасан дар ин робита дар шаҳри Исломобод нишасти матбуотӣ барпо намуд. Ӯ гуфт, тандурустӣ, кишовразӣ ва маориф аз муҳимтарин бахшҳо барои сармоягузорӣ ба шумор мераванд.

Банки Ҷаҳонӣ тахмин мекунад, ки барои бозсохти Афғонистон дар тӯли 10 соли оянда тахминан 15 миллиард доллар зарур хоҳад шуд. Банки Ҷаҳонӣ ин пешниҳодро дар гузориши махсусе дар бораи эҳёи Афғонистон ба миён гузошт. Мақоми баландпояи Банки Ҷаҳонӣ Обид Ҳасан дар ин робита дар шаҳри Исломобод нишасти матбуотӣ барпо намуд. Ӯ гуфт, тандурустӣ, кишовразӣ ва маориф аз муҳимтарин бахшҳо барои сармоягузорӣ ба шумор мераванд. Обид Ҳасан шарҳ дод, ки барои ба по гузоштани пойдевори иқтисод, Афғонистон соле ба як то ду миллиард доллар зарурат дорад ва дар тӯли даҳ сол ба ин кишвар ҳудуди 10 то 15 миллиард доллар зарур аст. Мақоми Банки Ҷаҳонӣ мисол овард, ки барои бунёди бемористонҳо ҳудуди 100 то 140 миллион доллар масраф мешавад, барои барномаҳои таъмини об 50 то 100 миллион доллар ба кор аст. Барои эҳёи бахши маориф ҳадди аққал 60 - 80 миллион доллар, ба бахши энержӣ 40-50 миллион зарур хоҳад шуд. Вале Антоннио Донини, раҳбари барномаи рушди СММ барои Афғонистон мегӯяд, то се моҳи дигар, то замоне, ки баррасии вазъият такмил нашавад, ҳеҷ гуна барномаи эҳёи иқтисод шурӯъ нахоҳад шуд. Антонио Донини ҳамчунин ҳушдор дод, ки иҷрои барномаи бозсохти Афғонистон ба суботи сиёсӣ ва вазъи амниятӣ робита дорад. Кишварҳои муҳими ҷаҳон ваъда додаанд, ки барои бозсохти Афғонистон дар дарозмуддат кӯмак мекунанд. Намояндагони кишварҳои мададрасон моҳи ҷорӣ дар Япония мулоқотеро барои баррасии ин масъала баргузор мекунанд. Япония мехоҳад, ки дар барномаҳои байнлалмилалии эҳёи Афғонистон нақши раҳбарӣ дошта бошад. Намояндаи нахуствазири ин кишвар дар умури Афғонистон Садако Огата ҳоло дар ҷараёни боздиди 10 рӯза аз Покитосн, Афғонистон ва Эрон мебошад. Амрико, Британия ва кишварҳои дигар низ дар ин раванд саҳм хоҳанд дошт. Шаби сешанбе Тони Блеэр, нахуствазири Британия гуфт, ки ҷомеаи байналмилалӣ ин бор Афғонистонро бо мушкилоти худ танҳо раҳо нахоҳад кард. Ба зудӣ дар Токио конфронси кишварҳои мададрасон барпо мешавад. Ман фикр мекунам, ки ин конфронс дар сатҳи баланд, бо ширкати ҳамаи ҳамкорони муҳими эътилофи зидди террор баргузор хоҳад шуд, ин ба таври рӯшан намоиш медиҳад, ки ин кишварҳо Афғонистонро танҳо раҳо карданӣ нестанд. Тони Блеэр, нахуствазири Британия, баъди мулоқот бо раҳбари Афғоснитон Ҳомид Карзай дар пойгоҳи ҳавоии Багром гуфт: "Ман мехоҳам, ки дар пешбурди кори ҳукумати мувақатӣ ва дар тарҳрезии ояндаи Афғонистон дар роҳи нав, ба Ҳомид Карзай пуштибонии комил, дӯстӣ ва ҳамкории худро пешниҳод кунам. Ва мехоҳам бигӯям, ки ҷомаеи байналмилалӣ барои бозсохти Афғонистон ӯҳдадорӣ гирифтааст ва ин ӯҳдадории дарозмуддат мебошад".

Дар қатори кишварҳои мададрасон, Русия низ мехоҳад дар бозсохти Афғонистон нақш дошта бошад. Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, дар мақолае таҳти номи "Бозгашти Русия ба Афғонистон" дар ин бора изҳори назар кардааст. Муаллифи он Томас Витингтон менависад, аслан, Русия ҳеҷ гоҳ таваҷҷӯҳи худро аз Афғонистон ба куллӣ аз байн набурда буд. Дар тӯли солҳо, Русия ба Иттиҳоди Шимол, муҳимтарин нирӯи зидди Толибон кӯмаки ҳарбӣ мекард. Маскав ҳамеша бо президенти собиқ Бурҳониддини Раббонӣ равобити хуб дошт ва ҳеҷ гоҳ бо Толибон наздикӣ наҷустааст. Ба гуфтаи Томас Витингтон, акнун табиист, ки Русия мехоҳад болои ҳукумати нави Кобул, ки аксари онро намояндагони Иттиҳоди Шимол ташкил медиҳанд, таъсири муайяни худро дошта бошад. Гузашта аз ин, вазъи Афғонистон барои амнияти Русия муҳим аст. Зеро марзҳои Афғонистон бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ марзҳои ҷанубии Ҷомеаи Мушартаркулманофеъ мебошанд. Вале шояд Маскав интизороти бузурге надорад, ки болои ҳукумати Афғонистон кадом таъсири ҷиддӣ дошта бошад ва ё дар таъини ояндаи сиёсии ин кишвар кадом нақше ба Русия дода шавад. Зеро дар навбати аввал, дар таъини ояндаи Афғонистон кишварҳое саҳм мегиранд, ки барои бозсохти он пули зиёдтар диҳанд. Бо вазъи кунунии иқтисодаш, Русия тавони додани маблағи бузургро ба Афғонистон надорад. Аз ҷониби дигар, менависад Томас Витингтоон, барои Русия ба даст овардани дили афғонҳо осон нахоҳад буд. Аксари афғонҳо даҳ соли ҳузури Русияро дар кишварашон чун солҳои бадбахтӣ ва ҷангу хунрезӣ ба ёд доранд.

XS
SM
MD
LG