Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари сенаторҳои Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон рӯзи душанбе оғоз меёбад



Мирзонабии Холиқзод

Сенаторҳои Иёлоти Муттаҳида таҳти сарварии Ҷозеф Либерман ва Ҷон Маккейн ба Тоҷикистон рӯзи душанбе дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов амалиёт дар Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳафтаи ояндаи Тоҷикистон бо сафари як ҳайъати бонуфуз аз сенати Иёлоти Муттаҳида, таҳти сарварии Ҷозеф Либерман ва Ҷон Маккейн оғоз меёбад. Қарор аст, ин ҳайъат бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва дигар намояндагони баландпояи ҳуукмати Тоҷикистон мулоқот намуда, самт ва ҳаҷми ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро дар амалиёти зидди терроризм дар Афғонистон баррасӣ кунад. Дар ҳамин ҳол як ҳайтаи дигар таҳти раёсати раҳбари демократҳо дар сенати Амрико Том Дашл ба Ӯзбакистон сафар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG