Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати муваққати Афғонистон мехоҳад фаъолияти чанд нашрия ва садову симоро дар вилоятҳо ба роҳ монад



Хиромон Бақозода

Афғонистон имрӯз як одамеро мемонад, ки пас аз бемории мадид бо оҳистагӣ сиҳҳатии ҷисми худро барқарор карда ва акнун гуруснагиро ҳам эҳсос мекунад.

Афғонистон имрӯз як одамеро мемонад, ки пас аз бемории мадид бо оҳистагӣ сиҳҳатии ҷисми худро барқарор карда ва акнун гуруснагиро ҳам эҳсос мекунад. Кишвари ҷангзада ташнаи хабарҳои наву тоза аст. Вале бо ҷурми ҷанг дар Афғонистон нашрияҳо дар таҷҳизоти харобшуда дарҷ мегарданд, рӯзномаҳои ҳукуматӣ дарҳол ба фурӯш мераванд, барномаҳои ноустувори радио ва телевизион танҳо дар пойтахт пахш мешаванд. Ҳукумати муваққат мехоҳад фаъолияти чанд нашрия ва садову симоро дар вилоятҳо низ ба роҳ монад, вале на ҳамаи минтақаҳои кишвар имрӯз соҳиби барқ ҳастанд. Хабарнигори афғон Рафиулло Муҷаддадӣ мегӯяд, феълан фикри амалӣ намудани чанд лоиҳаи тоза дар назар аст, ки яке бунёди маркази матбуотӣ, дигаре таҳияи бахши занонаи радио ва таҷдиди маҷаллаи ҳафтаинаи "Кабул Викли" аст. "Кабул Викли" садои мардум хоҳад буд, ки ба суолҳои хонандагон ҷавоб мегардонад, гуфт ҷаноби Муҷаддадӣ, ва илова кард, ки нашрияи мазкур батозагӣ аз ҷониби як сарватманд маблағгузорӣ шудааст. Гуфта мешавад, чопхонаи миллӣ дар кишвар соли 1961 ба фаъолият оғоз карда буд. Вале бинои нашрия аз зарбаи як мушаки муҷоҳидин дар соли 1994 вайрон шуд, ва имрӯз ба харобазори оҳани зангзада мубаддал гардидааст. Аз 200 мошини чопӣ танҳо 4 адади он боқӣ мондааст. Феълан се нашрияи ҳукуматӣ ду бор дар ҳафта дар ҳамин мошинаҳо ба табъ мерасанд. Теъдоди нусхаҳои чопии нашрияи "Анис" имрӯз 5 ҳазор нусха аст, замоне он даҳ баробар зиёд чоп мешуд. Чанд рӯз пеш дар Кобул маҷаллаи аввали занони Афғонистон бо номи "Сират" бо теъдоди 500 нусха низ рӯи чопро дид. Ҳайати эҷодии он се зани афғон аст, ки бо пули худ "Сират" ро бунёд карданд. Вале бо вуҷуди ин, теъдоди ками нашрияҳо эҳтиёҷи иттилоотии мардумро қонеъ намегардонанд, гуфт роҳбари техникӣ Юсуф Бахшӣ. То омадани толибон ба Афғонистон, номгӯ ва анвои нашрияҳои мо воқеан бой буд: аз маҷаллаҳои занона то нашрияҳои хусусии низомиён ва ҷавонон. Гуфта мешавад, матбуоти Афғонистон ҳамеша таҳти назорати давлатӣ қарор дошт, ба истиснои муддати кӯтоҳе дар замони ҳукмронии Зоҳиршоҳ дар соли 1960. Дар давраи Толибон вазъи матбуот ҳолати фоҷиавиро дошт. "Ман худам он чиро ки чоп мекардам, хонда наметавонистам, зеро дар нашрияҳо ба ғайр аз муллоҳову ҷазоҳои онон чизи дигаре чоп намешуд", гуфт Юсуф Бахшӣ. Нашрияҳои имрӯзаи кишвар, яъне "Анис", "Ҳивод" ва "Кабул Таймс" ба таҳлили даврони Толибон ва машруҳи ахбори Ҳукумати муваққати Афғонистон бахшида шудаанд. Ҳар сеи ин рӯзномаҳо бо як забон, яъне "Анис" бо дарӣ, "Ҳивод" бо пашту ва "Кабул таймс" бо англисӣ дарҷ мегарданд. Дастрасӣ ба ин нашрияҳо чандон осон нест. Онҳо бо роҳи обуна ба дасти хонандагон мерасанд, зеро аз дуконҳои фурӯши рӯзномаҳо ҳанӯз асаре нест. Аз ин хотир, мардуми кишвар ташнагии хабарии худро тариқи садоҳои хориҷии "Франс Интернасионал", "Садои Амрико", "Радиои Озодӣ" ва "Би Би Си" мешикананд. Дар кӯчаҳо низомиён атрофи як транзистори хурд ҷамъ шуда хабарҳои тозаи ҷангиро дар минтақаи Тора Бораву кофтукови Мулло Умар ва Бин Ладен пайгирӣ мекунанд. Интизор меравад, баъзе аз созмонҳои байналмилалие, ки пуштибони озодии матбуот ҳастанд, ба расонаҳои баъдиҷангии Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Вазири иттилоот дар ҳукумати муваққати Афғонистон Раҳин Махдум аст. Вай ба назар шахси эҳтиёткор менамояд. Дар мусоҳиба ба хабарнигорон ҷаноби Махдум гуфт: "Мо бо озодии сухан дар матбуот ягон масъала надорем. Озодии сухан дар Афғонистон роиҷ аст, вале дар меъёри муайян. Дар маҷмуъ, мо мудохилаи хориҷиро, ки боиси ҳамаи бадбахтиҳои мо аст, намепазирем", гуфт вазири иттилооти Афғонистон.

XS
SM
MD
LG