Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин филми миллии афғон бо номи "Ҷаллоб" таҳия мешавад



Хиромон Бақозода

Баъд аз шикасти толибони тундрав мардуми Афғонистон имконият пайдо кард, ки дубора аз тамошои филмҳо баҳраманд шавад.

Баъд аз шикасти толибони тундрав мардуми Афғонистон имконият пайдо кард, ки дубора аз тамошои филмҳо баҳраманд шавад. Ба ин далел, синамогарони афғон ва ҳунармандон дар як машварате тасмим гирифтанд, ки нахустин филми миллиро дар даҳ соли ахир рӯи навор оранд. Филме бо номи "Ҷаллоб", ки аз ҷониби коргардон Сайид Фаррухи Ҳайбат таҳия мешавад, бояд то охири моҳи январ ба намоиш гузошта шавад. Тавре ҷаноби Ҳайбат мегӯяд, дар ин филм бадбахтиҳое, ки аз ҷаллобии пулу мол дар Афғонистон сар мезананд, нишон дода шудааст. Филми "Ҷаллоб" танҳо барои намоиш аз телевизион дар назар гирифта шудааст. Назир Аҳмад Фазлӣ, раиси "Афғонфилм" дар телевизион мегӯяд, ҳудуди 30 филмро дар бойгонии телевизион пайдо кардаанд, вале аксарияти онҳо осеб дидаанд, зеро наворҳо дар шароити номуносиб нигаҳдорӣ мешуданд. Баъзеи дигар саҳнаҳоеро аз таҷовуз ва ё хонумҳоро ҳамчун ситора нишон медиҳанд, ки барои шароити имрӯзи Афғонистон чандон муносиб нест, бо вуҷуди ин ки режими Толибон аз байн рафтааст, ҷомеа ҳанӯз аз ҳолати суннатӣ раҳо нашудааст. Барои таҳияи филми нави "Ҷаллоб" акнун баъзе аз собиқадорони синамои Афғонистон, ки аксарияташон дар Ҳиндустон ва Маскав таҳсил кардаанд ва дар солҳои 70-ум таҷрибаи хуби маҳаллӣ ва байналмилалии синамогарӣ доштанд, гирди ҳам меоянд. Бисёре аз коргардонҳои филм ба вижа онҳое, ки машғули таҳияи филмҳои сиёсиву иҷтимойӣ буданд, кишварро тарк кардаанд. Охирин филме, ки бояд дар соли 1992 таҳия мешуд, "Мулоқоти раҳбарон" ном дошт, ки аз ҷиҳоди муқаддаси муҷоҳидин ҳикоят мекард, вале вижагиаш ин буд, ки нақши занҳоро дар ин филм мардҳо бозӣ карда буданд, зеро ҳунарнамоии зан он вақт мамнуъ буд. Муҳаммадакрам Хуррамии 78 сола, собиқадори "Афғонфилм" дар филми "Ҷаллоб" нақши аслиро бозӣ мекунад. Хуррамӣ яке аз ҳунармандони маъруфи синамои афғон дар даҳаи солҳои 70 буд. Вай мегӯяд, ки фақат мехоҳад кор кунад, барояш чигунагии нақш дар филм муҳим нест. "Синамо чизи хеле ҷолиб аст!", мегӯяд Хуррамӣ. Давраи рушди "Афғонфилм" ба андешаи вай замони салтанати Муҳаммад Зоҳиршоҳ ва президентии Муҳаммад Довуд буд. Дар ҳамин ҳол, Назир Аҳмади Фазлӣ, коргардони филми "Ҷаллоб" мегӯяд, таҷовузи русҳо ба Афғонистон дар соли 1979 барои вай эҳсосоти духура бедор мекунад. Вай дар донишгоҳи синамогарии Маскав таҳсил кардааст ва ин таҳсилот заминаро фароҳам кардааст, ки вай то ба раиси "Афғонфилм" дар телевизион бирасад. Аз сӯи дигар, вақте ки муҷоҳидин дар соли 1992 ба сари қудрат омаданд, вайро ҳамчун ҷонибдори коммунистҳо аз мақомаш барканор карданд. Ҳоло вай хушҳол аст, ки дубора ин мақоми роҳбариро ба даст овардааст ва мехоҳад "Афғонфилм"-ро инкишоф диҳад. Вале барои амалӣ шудани ин ҳадафҳо заминаҳои моддӣ ва молӣ заруранд.

XS
SM
MD
LG