Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари ҳайъати ҳарбии Фаронса ба Тоҷикистон



Ҳабиби Ҳошимӣ

Ҳайъати ҳарбии Фаронса дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон амалиёти зидди террроризмро бо амалдорони тоҷик мавриди музокира қарор дод. Ба зудӣ вазири дифоъи Фаронса Аллен Ришар ба Душанбе сафар хоҳад кард.



Як ҳайъати ҳарбии Фаронса 31-уми декабр дар пойтахти Тоҷикистон - Душанбе, бо мақомоти давлатии тоҷик вазъи амалиёти зидди терроризмро дар Афғонистон ва таҳкими ҳамкориро дар ин маърака мавриди баҳс қарор дод. Намояндагони Фаронса бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сафири Русия дар Тоҷикистон Максим Пешков дидор ва гуфтугӯ намуданд. Вазири дифоъи Тоҷикистон Хайруллоев ба ҳимояти кишвараш аз амалиёти ҳарбии таҳти фармондеҳии Иёлоти Муттаҳида таъкид варзид ва илова кард, ки Тоҷикистон ҳарими ҳавоӣ ва як фурудгоҳи худро дар ихтиёри ҳавопаймоҳои мутаффиқон гузоштааст. Қарор аст, вазири дифои Фаронса Аллен Ришар дар ин ҳафта аз Душанбе дидан кунад ва бо раҳбарияти Тоҷикистон вориди гуфтугӯҳо шавад.

XS
SM
MD
LG