Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эъломияи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар робита ба Афғонистон



Салими Аюбзод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Тошканд гуфт, бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов роҳу тариқи таъмини рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ду кишварро баррасӣ намуда, тасдиқ кардаанд, ки ҳарду тарафдори афзоиши ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ин ду кишвар мебошанд.



Тоҷикистон ва Ӯзбакистон гуфтанд, дар масъалаи кӯмак ба Афғонистон бо ҳамдигар ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ба ин маънӣ дар Тошканд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов як эъломияи муштаракро ба имзо расонданд. Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Тошканд дар робита бо мулоқоти сарони Осиёи Марказӣ, ки рӯзи ҷумъа баргузор хоҳад шуд, ҷараён гирифт. То ин мулоқот муносибатҳои байни ду кишвар ба сардӣ гароида буданд. Ӯзбакистон ҳамсояаш Тоҷикистонро дар додани паноҳгоҳ ба гурӯҳҳои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон айбдор карда, марзҳои худро минагузорӣ кард ва дар ин минаҳо зиёда аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Президент Каримов гуфт, ҳанӯз ҳам хатари вуруди тундравони исломӣ аз қаламрави Афғонистон ба Осиёи Марказӣ аз байн нарафтааст. Президенти Тоҷикистон гуфт, якҷоя бо Ӯзбакистон масъалаи осон кардани рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ва афзоиши робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG