Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷикистон осебпазиртарин кишвари Осиёи Марказӣ аст"



Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо

Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо: Дар тӯли даҳ соли истиқлолият ин ҷумҳурӣ ба ҷанги дохилӣ ва шикасти иқтисод рӯ ба рӯ шуд. Сохтори сиёсии Тоҷикистон қавӣ нест ва тамоюл ба хушунат дорад. Фасодкорӣ, маҳалгароӣ ва хатарҳои берунӣ аз воқеиятҳои ҳаррӯзаи Тоҷикистон мебошанд. Мардуми аз ҷанги дохилӣ хасташудаи Тоҷикистон ба раванди сулҳу оштӣ умеди бузург дошт. Вале ин умед тадриҷан коҳиш ёфт.

Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо гузориши худро дар бораи Тоҷикистон чунин шурӯъ мекунад: Тоҷикистон осебпазиртарин кишвари Осиёи Марказӣ аст. Дар тӯли даҳ соли истиқлолият ин ҷумҳурӣ ба ҷанги дохилӣ ва шикасти иқтисод рӯ ба рӯ шуд. Сохтори сиёсии Тоҷикистон қавӣ нест ва тамоюл ба хушунат дорад. Фасодкорӣ, маҳалгароӣ ва хатарҳои берунӣ аз воқеиятҳои ҳаррӯзаи Тоҷикистон мебошанд. Мардуми аз ҷанги дохилӣ хасташудаи Тоҷикистон ба раванди сулҳу оштӣ умеди бузург дошт. Вале ин умед тадриҷан коҳиш ёфт. Албатта, ҳоло тарси мардум аз ҷанги дигар ва ҳузури нируҳои рус дар Тоҷикистон, барои суботи вазъият кӯмак мекунад. Вале гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо ҳушдор медиҳад, ки чанд фактори дигаре вуҷуд доранд, ки дар якҷоягӣ метавонанд бори дигар Тоҷикистонро сахт ноором созанд. Ба гуфтаи ин гурӯҳ, дар пеши Тоҷикистон чаҳор вазифаи муҳим истодааст: якум, бунёди сохтори дурусти сиёсӣ ва ҳукумати босалоҳият; мубориза зидди гурӯҳҳои ҷиноӣ, гурӯҳҳои мусаллаҳ ва қочоқбарони маводи мухаддира; беҳбуд бахшидани иқтсиод; ва чаҳорум ба роҳ мондани равобити нек бо ҳамсояҳо ва қудратҳои минтақавӣ; Бунёди сохтори фарогири сиёсӣ дар Тоҷикистон кори осон нест. Соли 1997 намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломӣ ба ҳукумат шомил карда шуданд ва ин �адами бузурге ба пеш буд. Вале ба зудӣ президент Имомалӣ Раҳмонов шансҳои оштии миллиро сарфи назар кард. Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронҳо менависад: ба ҷои кадрҳои боихтисос ва болаёқати минтақаҳои дигар, Имомалӣ Раҳмонов мақомҳои давлатиро асосан ба зодагони Кӯлоб тақсим кард. Ӯ парламентро низ таҳти назорат дорад: 90 дар сади аъзои парламент аз ҷонибдорони президент ба шумор мераванд. Хадамоти адлия силоҳест, ки бештар зидди мухолифони ҳукумат истифода мешавад. Бахши бузурги матбуот ва васоили ахбор дар зери назорати ҳукумат қарор дорад. Дар натиҷаи интихоботҳои президентиву парламентӣ, раиси ҷумҳурӣ расман рақиб надорад. Вале дар байни худи ҳукуматдорон гурӯҳҳои рақиб вуҷуд доранд, ки талоши �удрат миёни онҳо метавонад сохтори сиёсиро ба хатар рӯ ба рӯ кунад. Ҳукумат бо оппозистиони исломӣ оштӣ кард ва ба ин тариқ ҷанг ба поён расид. Вале ҷонибдорони оппозситони исломӣ сарфи назар шуданд ва бахше аз онҳо тадриҷан ба гурӯҳҳои тундрав пайвастанд. Аз ҷумла, ба Ҳизбуттаҳрир. Ҳукумат ҳамчуни натавонист, ки бо ҳамаи фармондеҳони мусаллаҳ, ба истилоҳ, забон ёбад. Дар натиҷа, то ҳол, минтақаи Ғарм ва водии Қаротегин зери назорати давлат нестанд. Гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ин минтақа баъзан ба ғорату дуздӣ ва одамрабоӣ даст мезананд. Дастаҳои мусаллаҳи собиқ оппозистион қисман ба нируҳои ҳукумат ҳамоиш ёфтанд. Вале ба сабаби набудани маблағ, барномаи ба ҳаёти осоишта баргардонидани онҳо, таъминоти онҳо бо кору манбаъи даромад татбиқ нашуд. Бахше аз ҷанговарони собиқ ба ҷинояту ғоратгарӣ рӯ оварданд. Иқтисоди Тоҷикитосн, ки дар асл ҳам чандон �авӣ набуд, дар ҷанги дохилӣ комилан хароб гардид. Ҳоло боқимондаи он низ ба фасодкориву хешутаборпарастӣ олуда аст. 30 то 50 дар сади иқтисод ба тиҷорати маводи мухаддира робита дода мешавад. 30 дар сади нируи корӣ ба сабаби набудани ҷои кор бемашғулият мондааст. 80 дар сади аҳолӣ дар сатҳи поинтарин зиндагӣ дорад. Мардикорӣ дар Русия чун як роҳи ҳалли масъала ба назар мерасид. Вале ҳоло Русия вазъи муҳоҷирону мардикоронро ҳарчи бештар танг мекунад. Солҳои тӯлонӣ Афғонистон барои Тоҷикистон манбаъи паҳншавии маводи мухаддира, силоҳ ва бунёдгароии исломӣ буд. Акнун, бо таҳаввулоти ахири Афғонистон, шояд кӯмаку сармоягузориҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон низ афзоиш меёбанд. Ин як шанс, як даричаи умед барои беҳбуди вазъи Тоҷикистон аст. Вале бояд ҳукумати Тоҷикистон дар назар дошта бошад, ки раҳбарияти беиктифои сиёсӣ, идомаи хешутаборпарастиву маҳалгароӣ ва фасод метавонад таъсири кӯмакҳои хориҷиро ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас коҳиш диҳад. Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо ба ҳукумати Тоҷикистон чунин пешниҳодҳо кардааст:

1. Ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳамаи чеҳраҳои оппозистионро, ҳамон тавре ки дар �арордоди сулҳи соли 1997 зикр мешавад, ба сатҳҳои гуногуни мақомҳои давлатӣ шомил намояд; 2. таъқиби худсаронаи чеҳраҳои оппозистионро, ки соли 1997 авф шудаанд, хотима диҳад; 3. ба сензураи матбуот поён бахшад ва барои гирифтани иҷозатномаи табъу нашр ба васоили ахбор монеа эҷод накунад; 4. қонуни инттихобот ислоҳ шавад, то ин �онун шаффофияти интихоботҳо ва ширкати бемамонияти ҳизбҳои гуногуни сиёсиро таъмин кунад; 5. тарзи бакоргирӣ дар ҳукумат бояд шаффоф бошад ва ба ин восита таъсири фасод ва хешутаборпарастӣ ба кори ҳукумат кам шавад; 6. ҳукумат бояд якҷо бо парламент, оппозитсион, матбуот, созмонҳои ғайридавлатӣ ва кишварҳои мададрасон бояд барнома ва гурӯҳҳои зидди фасодкорӣ таъсис диҳад; 7. дар сар то сари кишвар ҳокимияти �онун ҷорӣ шавад; 8. аз фишор болои мусулмонон бо баҳонаи мубориза зидди террор ҷилавгирӣ шавад;

Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо ба ҳукумати Ӯзбакистон пешниҳод мекунад, ки

1. роҳҳои нақлиётиро бо чораҳои дурусти амниятӣ ба Тоҷикитосн боз кунад. Кормандони хадамоти гумрукро тамрини дуруст диҳад, то ин ки фасод ва таҳқири шаҳрвандон дар гумрук аз байн равад;

2. аз марзҳои Тоҷикистон минаҳои заминиро пок кунад;

Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо ба кишварҳои мададрасон чунин пешниҳод кардааст:

1. ин кишварҳо бояд кӯмакҳои худро дар чунин самтҳо афзоиш диҳанд: коҳиши камбағалӣ; бозгардони размандаҳои собиқи оппозитсион ба ҳаёти осоишта; коҳиши маводи мухаддииа инфрастурктураи бахши энергӣ ва нақлиёт кори матбуот ва васоили хабару маълумот;

2. кишварҳои донор бо барномаҳои дуруст ҳамоҳангшудаи таълим, кӯмак ва фишори сиёсӣ ҳукумати тоҷикитоснро ба мубориза зидди фасод ташвиқ кунанд;

3. кишварҳои мададрасон барои татбиқи дурусти барномаҳои кӯмак як ниҳоди муваққатӣ таъсис диҳанд;

4. кӯмакҳоро ба мардум на ба воситаи давлат, балки аз тариқи созмонҳои ғайридавалтӣ ва сохторҳои маҳаллӣ тақсим кунанд.



XS
SM
MD
LG