Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар соли 2001ум



Соҷидаи Мирзо

Солномаи таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

Моҳи январи соли 2001ум дар таърихи навини Тоҷикистон бо ислоҳоти куллии сохторҳои давлатӣ боқӣ мемонад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов баъди 7 соли сарварӣ ба ин кишвари Осиёи Марказӣ, бо тавсияи Хазинаи Байналмилаии асъор ва дар чаҳорчуби ислоҳоти иқтисодӣ аз 56 вазорату кумитаи мавҷуд танҳо 19 ададро нигоҳ дошт. Чандин вазорату кумита ба якдигар ҳамоиш ёфт. Президент Раҳмонов эълон дошт, ки хоҳони вуруди чеҳраҳои нав ба ҳукумати кишвар аст ва бо ин мақсад кадрҳои солхурдаро ба нафақа фиристод ва ба ҷойи онҳо мутахасисони ҷавон ва ба истилоҳ технократро сари кор овард. Бо фармони президент муовини раиси Бонки Миллӣ Шариф Раҳимов раиси идораи харҷи пулҳои давлатӣ таъин гардид.

Авоили моҳи январ Узбакистон марзи худро бо Тоҷикистон майнкорӣ намуд. 9 январ аз таркиши мина дар сарҳади ду кишвар як шаҳрванди тоҷик кушта ва ду тани дигар захмӣ гардид.

17 январ барои нахустин бор баъди истиқлолияти Тоҷикистон мақоми баландпояи амрико Ҷек Стар бо мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот намуд. Дар дидору гуфтугу аввалин тарҳи ҳамкории ҳарбии Тоҷикистон бо Амрико матраҳ гардид.

26 январ парламенти Тоҷикистон созишномаи ехстрадитсия ва ё таслими ҷинояткоронро ба Узбакистон тасвиб намуд. Душанбе даъвогари таслими полковники шуришгар Маҳмуд Худойбердиев ва Тошканд дар пайи боздошти раҳбари Ҳаракати Исломии Узбакистон Ҷумъаи Намангонӣ буд.

31 январ 70 ронандаи тоҷик дар марзи Узбакистону Қазоқистон дар монда, танҳо баъди 40 руз, дар натиҷаи музокироти ду кишвар ба онҳо иҷозаи убури қаламрави Узбакистонро доданд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳашт узви Ҳизбу таҳрирро ба муддати аз 8 то 17 сол маҳкум намуд.

9 феврали соли 2001ум овозхони шинохтаи тоҷик, Муборакшоҳ Ҷумъаев аз дунё гузашт. Сабаби марги у расман бемории сил номбар шуд. Вале ба маълумоти ғайрирасмӣ ин овозхони дустдоштаи ҷавонон бар асари истифодаи аз меъёр зиёди маводи мухаддир ҳалок гардид.

16 феврал ҳукумати Тоҷкистон эълон дошт ҳамкориро бо Паймони Атлантики Шимол дар чаҳорчуби барномаи НАТО барои Сулҳ густариш хоҳад дод.

19 феврал дар байни нируҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни собиқи оппозитсиюн дар Кофарниҳон задухурд сурат гирифт. Ҳукумату оппозитсиюни собиқ ин зудухурдро суитафоҳуми ҷонибҳо арзёбӣ намуданд. Дар ин ҳодиса як ходими пулис ва ду нафар аз гуруҳи мусаллаҳ кушта шуданд.

Департаменти давлатии Амрико гузориши солонаи худро оиди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон пахш кард. Гуфт шуд, ки бо вуҷуди итмоми ҷанг дар Тоҷикистон беҳбудии ҷиддие дар самти таъмини амният ва риояи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон ба назар намерасад.

28 феврал Вазорати адлияи Тоҷикистон аз сабти номи созмони Ҷумбиши Демократии Тоҷикистон даст кашид. Вазорат гуфт, ки санадҳои муҳим ва теъдоди аъзоёни созмон барои сабти ном кофӣ нест.

1 март Раиси ҳукумати шаҳри Кофарниҳон, намояндаи оппозитсиюн, Исмоилҷон Гулов аз як суиқасд ҷон ба саломат бурд. Ба гуфтаи манобеъи муътамад баъзе гуруҳҳои мусаллаҳ дар дохили ноҳия аз наздикии у бо мақомоти марказ норозӣ шудаанд.

4 март Руссия эълон дошт, ки пойгоҳҳои низомии худро дар Тоҷкистон ба зудӣ бунёд хоҳад кард.

7 апрел дар рузи Ҷаҳонии Сиҳат эълон шуд, ки теъдоди нашъамандон дар Тоҷикистон то сад ҳазор афзоиш ёфтааст.

11 апрел муовини вазири дохилии Тоҷикистон Ҳабиб Сангинов аз ҷониби гуруҳи мусаллаҳ дар маҳали зисташ ба қатл расид. Пулис фарзияҳои марбут ва фаъолияти у дар мақоми баланди пулис ва рабти ин кушторрро бо қочоқи маводи мухаддир матраҳ намуд. Як чанд нафар бо шумули Назаралӣ Ёрмаҳмадов, фармондеҳи қисми низомии Вазорати Вазъи Фавқулоддаи Тоҷикистон ба сифати гумонбаршуда боздошт гардид.

13 апрел Хазинаи Байналмилаии Асъор бо тахсиси �арзи нав барои Тоҷикистон маблағи қарзи кишварро аз бунёд ба 127 миллон расонд.

17 апрел 50 солагии академяии улуми Тоҷикистон таҷлил гардид. Гуфта шуд, ки олимони тоҷик дар ду соҳа, ситорашиносӣ ва зилзилашиносӣ кашфиётҳои чашмгир доштанд.

19 апрел додгоҳи Олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи муҳофизи яке аз лидерони оппозитсиюни собиқ Ҳоҷиакбар Тураҷонзода шуруъ намуд, ки ба куштор ва ҳуҷуми мусаллаҳона муттаҳам шудааст. Тураҷонзода ин мурофиъаро сиёсӣ арзёбӣ кард.

5 май боз се шаҳрванди Тоҷикистон дар майнҳои марзи Узбакистон ба ҳалокат расид. Аз оғози сол 30 шаҳрванди тоҷик аз таркиши минаҳои узбакӣ кушта шуд.

16 май ҳайъати Тоҷикистон бо сарварии Эмомали Раҳмонов барои ширкат дар конфронси кишварҳои донор ба Токио сафар кард. Нишасти ду руза ваъдаҳоеро ба маблағи наздик ба 400 миллон доллар ба бор овард, ки Тоҷикистон ба дастрасии нисфи он умед дорад.

17 май бар асари садамаи нақлиёт дар Қирғизистон ҳадди ақал 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва панҷоҳ тани дигар захмӣ гардид. Гуфта мешавад, ки онҳо ҳамагӣ тоҷирон буданд, ки аз бозорҳои Бишкек бармегаштанд.

22 май президенти Тоҷикистон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ муроҷиъат кард, ки барои рафъи оқибатҳои хушксоли пайи ҳам ба Тоҷикистон кумак кунад. Барномаи озуғаи Созмони Милали Муттаҳид низ дар тақвияти ин даъват гуфт, ки се миллон аҳолии Тоҷикистон дар ростои гуруснагӣ �арор дорад.

30 май Бонки Аврпуоии Бозсохт в рушд барои рушди фаъолияти сохтори коммуникатсионии Тоҷикистон 15 миллон доллар ҷудо кард.

Дар Душанбе мақомоти пулиси кишвар хабар доданд, ки исботи рабти Назаралӣ Ёрмаҳмадов фармондеҳи �исми низомии Вазорати Вазъи Фавқулодда дар куштори собиқ муовини вазири дохилӣ Ҳабиб Санггиновро дастрас кардаанд.

11 июн Раҳмон Сангинов, фармондеҳи оппозитсиюни Тоҷик бо рабудани 4 ходими пулис ва 8 сокини мулкӣ талаби озодии ҷонибдорони худ, аз ҷумла Назаралӣ Ёрмаҳмадовро дар миён гузошт.

Ҳукумат аз музокирот бо ин гурҳ даст кашид. Аммо баъдан гуфта шуд, созиши пинҳоние дар ин самт вуҷуд дошт ва дар заминаи он Раҳмон Сангинов асирони худро озод намуд.

16 июн ба думболи ҳалли қазияи одамрабоии Раҳмон Сангинов фармондеҳи дигари оппозитсиюн Ҳасаналӣ Ёрмаҳмадов, бародари Назаралӣ Ёрмаҳмадов, 11 корманди созмони Агроаксяи Олмонро, бо шумули чаҳор хориҷӣ дар Тавиладара рабуд ва талаби озодии бародарашро дар миён гузошт. Ин қазия бо кумаки фармондеҳи кулли оппозитсиюни собиқ, вазири вазъи фавқулодда Мирзо Зиёев ҳал гардид ва одамрабоён ба Душанбе интиқол ёфтанд.

20 июн чархболи ношинос қаламрави манотиқи шарқии Тоҷикистонро мавриди ҳуҷум қарор дод. Ҳуҷум дар ҳоле ҷараён гирифт, ки дар ду кишвари Узбакистон ва Қирғизистон сару садоҳо дар мавриди ҳузури Ҷумъаи Намангонӣ дар Тоҷикистон баланд мешуд.

22 июн вазорати амният ва дохилии Тоҷикистон амалиёти ҳарбиеро дар атрофи пойтахт, алайҳи гуруҳи Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов шуруъ намуд, ки тайи ду ҳафта беш аз 16 гаравгонро бо шумули ходимони низомӣ дар асосрат нигоҳ доштанд. Амалиёти низомӣ баъди озод шудани гаравгонҳо оғоз ёфт. Ҳукумат гуруҳи Раҳмон Сангиновро дар содир намудани беш аз 200 ҷиноят бо шумули куштор, ғорати мусаллаҳона ва одамрабоӣ муттаҳам намуд.

23 июн амалиёти ҳарбии ҳукумат алайҳи ҷангиёни Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов дар шарқи пойтахт идома пайдо кард. Дар тули чанд рузи дигар дарагириҳо аз километри 7 уми пойтахт ба мавзеъи Роҳатӣ, дараи Ромит ва мавзеъи куҳдоман кучид. Дар натиҷаи амалиёт гуруҳи одамрабо пароканда ва фармондеҳони он Мансур Муаккалов ва Раҳмон Сангинов кушта шуданд. Ба маълумоти расмӣ дар ҷараёни чанг наздик ба 10 нафар бо шумули аҳолии мулкӣ ҳалок гардид. Аммо ба маълумоти Раҳматулло Зоҳиров раиси ҳизби Социал демократии Тоҷикистон дар амалиёт ҳадди ақал 86 нафар мулкӣ ва беш аз 60 низомӣ кушта шуданд.

1 июл Бонки Ҷаҳони 50 миллон долларо ҳамчун кумаки молӣ дар ихтиёри Тоҷикистон гузошт. Бонки мазкур яке аз қарздиҳандаҳои аслии Тоҷикистон аст ва дар соли 2001ум барои рушди иқтисоди Тоҷикистон 265 миллон долар ҷудо кард.

2 июл ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба 50 дараҷа баланд шуд. Гармии ҳаво дар сояҳо то 47 мерасид. То ин дараҷа баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар 70 соли ахир мушоҳида нашуда буд.

4 июл раҳбари созмони зардуштиёни Тоҷикистон, коргардони шинохта Рудакӣ Самадов аз як суиқасд дар маркази пойтахт кушта шуд. Бархе аз наздикони рудакӣ самадоҳ мегуянд, ки у чанд моҳ пеш аз ин ҳодиса барои тарғиби оини Зардушт аз ҷониби одамони ношинос ҳушдор гирифта буд.

6 июл рузноманигори тоҷик Додоҷони Атоулло бо тақозои мақомоти ҳифзи тартиботи аз ҷониби пулиси Руссия дар Маскав боздошт гардид. Ҳукумати Тоҷикистон уро дар туҳмат ба шахси воломақом, барангехтани низоъ ва даъвати ҷанг муттаҳам намуданд. Атоулло то раҳоӣ, беш аз як ҳафтаро дар маҳбаси пойтахти Руссия сипарӣ кард. Мақомоти Руссия дар зери фишори кишварҳои ғарбӣ бо шумули Олмон ва Фаронса, ки ба ҷамбаи сиёсии парванда ишора мекарданд, Додоҷони Атоулоро аз маҳбас озод намуданд.

13 июл ду муттаҳами ташкили таркиш дар маъбади корегиҳо, донишҷуёни донишгоҳи Исломии пойтахт аз тарафи Додгоҳи Олӣ ба марг маҳкум шуд. Таркиш моҳи октябри соли 2001 ба вуқуъ пайваста буд. Хатиби масҷиди корегиҳо аз президенти Тоҷикистон даъват намуд, ки айбдоршудагонро афв кунад.

17 июл мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон Карим Юлдошев аз ҷониби гуруҳи ношинос дар пеши хонааш ба қатл расид. Маншаи куштор ва иҷрокунндагони ин амал то ҳол ошкор нашудаст. Юлдошев, яке аз шахсони бонуфузи атрофи раиси ҷумҳур, аз руи мавқеъ ба Маскав наздиктар буд Муфаттишон фарзияи рабти кушторро ба фаъолияти кории Юлдошев соқит намекунанд.

19 июл Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат аризаи Тоҷикистонро барои узвияти дар ин ташкилоти байналмилалӣ пазируфт.

Дар Душанбе китоби раҳбари Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ раиси Иттиҳоди оппозитсиюни тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо номи "Сулҳнома" аз чоп баромад. Дар он оғои Нурӣ роҳи тулонии сулҳи тоҷиконро арзёбӣ кард ва ба корҳои нотамом дар ин самт ишора намуд.

31 июл Хазинаи байналмилаии Асъор ба Тоҷикистон дастур дод, ки аз қарзҳои калонҳаҷм худдорӣ кунад. Хазина дар ҳоле ин масъаларо матраҳ намуд, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон 1 милларду 300 миллон долларро фаро гирифт.

6 август Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби оппозитсиюнии Адолатхоҳро манъ кард. Мақомоти Алодатхоҳ фишори навбатиро ба пуштибонии ҳизб аз чеҳраҳои оппозитсиюнӣ дар маъракаҳои интихоботи марбут намуданд.

7 август дар ноҳии Восеъи вилояти Хатлон ду нафар аз бемории сиёҳзахм ва антракс ба ҳалокати расид. Табибони маҳаллӣ марги ду шаҳрвандро аз ин беморӣ тасдиқ намуданд. Аммо камиссиюни ҳукуматӣ, баъди тафтиши ҷасадҳо, сабаби маргро домана арзёбӣ намуд.

15 август Эркин Раҳматуллоев, муовини вазири хориҷии Тоҷикистон, мушовири давлатии президенти Раҳмонов таъин шуд. У дар ин мақом Карим Юлдошевро иваз кард, ки як моҳ пеш дар як суиқасд кушта гардид.

8 сентябр вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳим Раҳимов аз ҷониби гуруҳи ношинос кушта шуд. Раҳимов ин мақомро ҳамагӣ ним сол дар даст дошт ва ҳамчун одами ба истилоҳ тоза арзёбӣ мешуд. Иттилоъе низ мавҷуд аст, ки куштори у ба масоили молӣ ва сарпечӣ аз имзои санадҳои дуруғини молӣ бастагӣ дошт.

9 сентябр Тоҷикистон 10 солагии истиқлолиятро таҷлил намуд. Дар кишварҳои тантанаву ҷашнҳо бо ширкати меҳмонҳо аз 86 кишвари ҷаҳон ҷараён гирифт. Ҷашни истиқлолият бо таркише дар пойтахт сафарбар шуд, ки дар натиҷаи он як шаҳрванд ба ҳалокат расид.

9 сентябр Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи машҳури Иттиҳоди шимол аз дасти ду араби шаҳодатталаб дар шимоли Афғонистон захмӣ гардид. Масъуд барои муоина ва табобат ба Тоҷикистон интиқол ёфт. Аммо баъди чанд руз дар ҳоли беҳушӣ аз дунё гузашт.

11 сентябр ҳуҷуми террористии пурдаҳшат ба Ийолоти Муттҳаида сурат гирифт. Тоҷикистон ҳуҷумро маҳкум намуд ва бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба Афғонистон ҷалб кард.

22 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов барои мубориза бо терроризм, таҳти сарварии Ийолоти Муттҳаида, изҳори омодагӣ намуд. Нахустин музокирот бо ҷониби амрико 26 сентябр дар ҷараёни сафари як ҳайъати низомӣ сурат гирифт.

5 ноябр вазири дифоъи Ийолоти Муттаҳида Доналд Рамсфелд ба думболи Руссия сафареро дар Тоҷикистон ва мулоқоти танҳо ба танҳоеро бо президент Раҳмонов анҷом дод. Ба думболи ин мулоқот президенти Тоҷикистон эълон дошт, ки пойгоҳҳои ҳавоии кишварро барои мубориза бо терроризм дар ихтиёри Амрико ва мутаҳидинаш мегузорад.

15 ноябр нахустин ҳавопаймои Ҳеркулеси Ийолоти Муттҳаида дар хоки Тоҷикистон нишаст.

Британия ва Франсия тасмим гирифтанд, ки робитаҳои худро бо Тоҷикистон густариш дода намояндагоиҳои худро дар Душанбе боз намоянд.

4 декабр Иттиҳоди Аврпуо намояндагии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд.

21 декабр президенти Тоҷикистон аз мансабдорони кишвар талаб намуд, ки аз тамаллуқи у даст кашанд ва дар паҳлуи номи президент унвонҳои риокоронаи Ҷаноби Олӣ, Аълоҳазрат ва воломақомро нагузоранд.

XS
SM
MD
LG