Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон: Генерал Дӯстум нойиби генерал Фаҳим таъин шуд



Сайидқосими Қиёмпур

Бо пешниҳоди вазири дифоъи ҳукумати муваққатии Афғонистон Муҳаммадқосими Фаҳим фармондеҳ Абдулрашиди Дӯстум муовини вазири дифоъи Афғонистон таъин гардид.



Сарвазири ҳукумати муваққатии Афғонистон Ҳомид Карзай рӯзи 24-уми декабр генерал Абдулрашиди Дӯстумро муовини вазири дифоъи Афғонистон таъин намуд. Карзай ба хабарнигорон гуфт, ин таъинот бо пешниҳоди вазири дифоъи ҳукумати интиқолӣ генерал Муҳаммадқосими Фаҳим ба амал омад. Вазири дифоъи Афғонистон Фаҳим ба хабарнигорон гуфт, ин оғози таъсиси урдуи миллӣ ва ё ислоҳоти куллӣ дар ин артиш мебошад. Генерал Дӯстум, ки гуфта мешавад, аз аҳолии ӯзбакзабони шимоли Афғонистон наимояндагӣ мекунад, аз натиҷаҳои нишасти тарафҳои афғон дар Бонн изҳори норозигӣ карда, гуфта буд, ҳукумати навро бойкот хоҳад кард. Заминаи ин норозигӣ ин буд, ки ба ақидаи Дӯстум созмони ӯ--Ҷумбиши Миллию Исломии Афғонистон дар ҳукумати нав намояндагии кофӣ пайдо накардааст. Генерал Дӯстум дар ҳоле муовини вазири дифоъ таъин шуд, ки се фиристодаи ӯ мансабҳои вазир ва раиси бахшҳои ҳукуматро дар даст доранд.

XS
SM
MD
LG