Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими савганди ҳукумати нави Афғонистон дар Кобул



Гулбаҳори Муродӣ

Раҳбари нави Афғонистон Ҳомиди Карзай ваъда кард, ки сулҳу амниятро ба Афғонистон бозмегардонад ва хусумати қавмӣ, нажодӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоиро аз байн бурда, таъмини ҳуқуқи инсон, дифоъ аз арзишҳои исломӣ ва истиқлолияти кишвари худро вазифаи асосии ҳукумати нав қарор медиҳад.



Дар Кобул маросими савганди раҳбари нави Афғонистон Ҳомиди Карзай ва 29 узви ҳукумати муваққатии ӯ баргузор гардид. Раҳбари нави Афғонистон Ҳомиди Карзай ваъда кард, ки сулҳу амниятро ба Афғонистон бозмегардонад ва хусумати қавмӣ, нажодӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоиро аз байн бурда, таъмини ҳуқуқи инсон, дифоъ аз арзишҳои исломӣ ва истиқлолияти кишвари худро вазифаи асосии ҳукумати нав қарор медиҳад. Маросим дар фазои идона ҷараён гирифт. Ҳомиди Карзай нахуст аз равони фармондеҳи шаҳири Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд мадад хост ва ба ҷоннисории ҳамаи онҳое ки дар озодии Афғонистон ҷангиданд, арҷ гузошт. Вай инчунин президенти пешини Афғонистон Бурҳонуддини Раббониро устоди хеш номида, аз ӯ фотеҳаи кор гирифт. Дар маросим намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, нирӯҳои эътилофи зидди террор ва ҳазорон нафар журналистон ширкат доштанд. Бахши аъзами маросим дар шабакаҳои телевзионии СНН ва ББС зинда нашр гардид.

XS
SM
MD
LG