Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Япония бори дуюм барои нигаҳдории сиҳатии кӯдакон ба Тоҷикистон кӯмак мекунад



Хиромон Бақозода

Ҳукумати Япония ба воситаи Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, ЮНИСЕФ, ба бачагони Тоҷикистон дар соли ҷадид ба маблағи 1,5 миллион доллар кӯмак хоҳад расонд.

Ҳукумати Япония ба воситаи Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, ЮНИСЕФ, ба бачагони Тоҷикистон дар соли ҷадид ба маблағи 1,5 миллион доллар кӯмак хоҳад расонд. Маблағи мазкур барои таҳияи чораҳои сироятнопазирӣ бо мақсади пешгирии фавти кӯдакон дар назар гирифта шудааст. Ҳукумати Япония бори дуюм барои нигаҳдории сиҳатии кӯдакон ба Тоҷикистон кӯмак мекунад. Бори аввал дар соли 1994 930 ҳазор доллар интиқол дода шуда буд. Маблағи нав ба Барномаи миллии сироятнопазирӣ дар Тоҷикистон дода мешавад. Истифодаи он аз моҳи январи соли нав оғоз мегардад ва дар давоми 12 моҳ амалӣ мегардад. Роҳбари дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон хонум Юкие Мокуо гуфт, мувофиқи кӯмаки мазкур ба Тоҷикистон маводи дорувори бемориҳои табобатшаванда ва муҳимоти аслии тиббӣ ворид мегардад. Ғайр аз ин, омӯзиши кормандони тиб ва такмили васоити техникии касалхонаҳо низ дар назар гирифта шудааст. Тавре хонум Юкие Мокуо гуфт, мо аз ҳамкории ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Япония ба хотири сиҳҳатии кӯдакони тоҷик хеле шод ҳастем. Вазъияти феълии иқтисодии Тоҷикистон имконият намедиҳад, ки насли наврас саривақт пеши роҳи бемориҳои табобатшавандаро бигиранд, мегӯяд роҳбарияти ЮНИСЕФ. Вале бо вуҷуди ин, пешравиҳои тоза дар ин кишвар дида мешаванд. Мувофиқи ҳисоботи Дафтари рушди Созмони милал, 98 фоизи кӯдакони яксолаи Тоҷикистон зидди бемории сил, ва 94 дар сад аз касали гул ҳифз шудаанд. Аз соли 1997 ин тараф дар кишвар ягон ҳодисаи полиомиелит сабт нашудааст.

XS
SM
MD
LG