Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯши кӯдакон бо мақсадҳои ҷимоъӣ як навъи террор аст



Хиромон Бақозода

Дар конфронси байналхалқии Хазинаи Бачагони Созмони Милал, ЮНИСЕФ, ки имрӯзҳо дар Япония баргузор мегардад, гуфта шуд бештар аз 3 ҳазор намояндаи 138 мамолики ҷаҳон масъалаи бизнеси кӯдаконро баррасӣ мекунанд.

Дар конфронси байналхалқии Хазинаи Бачагони Созмони Милал, ЮНИСЕФ, ки имрӯзҳо дар Япония баргузор мегардад, гуфта шуд бештар аз 3 ҳазор намояндаи 138 мамолики ҷаҳон масъалаи бизнеси кӯдаконро баррасӣ мекунанд. Танфурӯшӣ, аккосӣ дар наворҳои порнографӣ, траффики кӯдакон барои ба истилоҳ соҳибкорон фоидаҳои миллионӣ меорад, вале ҳазорон ҳазор ҳаёти кӯдаконро ҷароҳат мебахшад, гуфт роҳбари дафтари ЮНИСЕФ Карол Белами. Тоифаи асосии ба бизнеси ҷиноии калонсолон воридшаванда бачагони гуреза, сағира, овора ва паноҳандагони ҷангҳои мухталифанд. Яъне қурбониёнро кӯдакони оилаҳои носолим, фақир ва мӯҳтоҷ ташкил мекунанд. Аксаран, гуфта шуд дар конфронс, қонунҳову монеаҳои расмӣ барои мубориза бо ҷиноятҳои ҷимоъӣ самараи хуб надоранд. Яке аз роҳҳои хуби мубориза бо ин зуҳурот пурқувват намудани фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ аст, ки барои ҳифзи хуқуқи кӯдакон талош доранд. Бартарии кори ташкилоти ғайриҳукуматӣ дар он аст, ки онҳо бо одамони мушаххас ва интихобшуда кор мекунанд. Тавре иштирокчёни конфронс изҳор намуданд, фаъолияти марказҳои офиятӣ дар мамолики дунё барои ба ҳаёти осоиштаву муҳити солим баргардонидани кӯдакон кӯмак медиҳанд. Табибону ҳуқуқшиносон, мутахассисони кӯмаки иҷтимоӣ дар созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба бачагони зарардида роҳҳои гузаришро аз ҷиноят ба ҳаёти муқаррарӣ меомузонанд. Вале чаро ин ду раванд, яъне ҷиноят ва раҳоӣ аз он ҳамеша мисли хайру шар мувозӣ инкишоф меёбанд? Шароити пасти иқтисодиву баланд рафтани агрессия дар ҷомеа дар ҳаёти кӯдакон инъикоси худро меёбад. То даме, ки филмҳои парнографияи кӯдакон тамошобини худро доранду фаҳши ноболиғон ба соҳибкор фоидаи хуб медиҳад, рафъ кардани он хеле душвор хоҳад буд. Шояд талошро на барои дарёфти ҷинояткор, балки барои дигар кардани фаҳмиш ва дарки оқибату ояндаи ин кӯдакон равона бояд кард ва офиятрасониро дар баробари қурбониён дар байни худи ҷинояткорон гузаронид.

XS
SM
MD
LG