Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳиндустон Покистонро дар воқеаҳои террористӣ айбдор мекунад



Нурмуҳаммади Холзода

Рӯзи сешанбе Ҳиндустон, кишвари ҳаммарзи худ Покистонро мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор дод. Лал Кришна Адванӣ вазири дохилаи Ҳиндустон ба порламони кишвараш изҳор кард, ки Покистон дар паси ҳамлаи рӯзи 13 декабр ба порламони Ҳиндустон қарор дорад.

Рӯзи сешанбе Ҳиндустон Покистонро, кишвари ҳаммарзи худро мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор дод. Лал Кришна Адванӣ вазири дохилаи Ҳиндустон ба порламони кишвараш изҳор кард, ки Покистон дар паси ҳамлаи рӯзи 13 декабр ба порламони Ҳиндустон қарор дорад. Ҷаноби Адванӣ афзуд: "Бидуни шак, ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба порламон аз бешармонатарин ва нигаронкунандатарин амали террористӣ дар таърихи ду даҳсолаи аъмоли террористии Покистон дар Ҳиндустон аст". 13 декабр гурӯҳе аз террористҳо талош карданд, ки вориди бинои порламони Ҳиндустон шаванд ва раҳбарони сиёсии ин кишварро террор кунанд. Вале ҳангоми вуруд аз дарвозаи аслӣ ба муқовемати посбонон рӯбарӯ шуданд. Дар натиҷаи бархӯрди мусаллаҳона 13 нафар, аз ҷумла 5 террорист кушта шуд. Ҷаноби Адванӣ гуфт: "Террористҳо ва ҳомиёни онҳо дар он сӯи марз густохона талош карданд, ҳамаи раҳбарони сиёсии Ҳиндро, ки аз ҷумлаи намояндагони порламони чандҳизбӣ ҳастанд, аз байн бибаранд. Табъан, ҳоло вақти он аст, ки ҳамаи мо дар ин кохи бошукӯҳ ва ҳамаи мо дар ин кишвар фикр кунем, ки чаро террористҳо ба ин андоза чубаи маргро баланд бардоштанд".

Ин ҳамлаҳои лафзии вазири дохилаи Ҳиндустонро Анвар Маҳмуд дабири иттилоотии давлати Покистон қотеъона такзиб карда ва гуфтааст, ки Покистон ба ҳар гуна иттиҳомоти бепоя аз сӯи Ҳиндустон гӯш медиҳад. Вай мегӯяд, Покистон мехоҳад дар таҳқиқи ҳодисаи 13 декабр ширкат кунад. Ба гуфтаи ин мақоми покистонӣ ниҳодҳои кишвараш ошкор хоҳанд кард, ки дар паси ин ҳамла чӣ касоне қарор доранд. Вай гуфтааст, Ҳиндустон бояд истиқлол ва тамомияти арзии Покистонро бишносад. Дар ҳамин ҳол гузориш мешавад, ки Ҳиндустон ва Покистон ба манотиқи марзии худ нирӯҳои изофии низомӣ фиристодаанд. Аз ҷумла, "Ҳиндустон Таймс" мегӯяд, эъзоми нирӯҳои изофии Ҳиндустон ба аёлати шимолии Ҷамму ва Кашмир баъд аз он сурат гирифтааст, ки Покистон дар 72 соати ахир сарбозон ва нирӯҳои тӯпчии худро дар имтидоди хатти ҳоил ё хатти контрол мустақар кардааст. Ҳиндустон мегӯяд ин як иқдоми пешгирона будааст. Хабаргузории Муттаҳидаи Ҳиндустон низ аз қавли нирӯҳои амниятии ин кишвар гузориш додааст, ки фаъолияти низомиҳои Покистон дар имтидоди марзҳои байналмилалӣ бо аёлатҳои ғарбии Роҷестону Гуҷарат ва аёлати шимолии Панҷоби Ҳиндустон афзоиш ёфтааст. Ин хабаргузорӣ мегӯяд низомиёни Покистон дар он сӯи марз сангар дуруст мекунанд ва роҳҳову хатҳои иртиботиро таъмир мекунанд. Дар ҳоле, ки омодагиҳои низомии ин ду кишвар дар марзҳояшон идома дорад, Колин Павел вазири хориҷаи Амрико гуфтааст, ки Вошингтон талош дорад аз муноқишаи байни Ҳиндустону Покистон, ки аз ҳамлаи террористии 13-декабр сарчашма мегирад, ҷилавгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG