Пайвандҳои дастрасӣ

Равобити НАТО бо ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар кадом марҳила қарор дорад?



Соҷидаи Мирзо

Гурҷистон, яке аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар минтақаи Қафқоз, ки бо риски бақои худ дар баробари ҳамсояи нирӯманде ҳамчун Русия, ба ҳамкорӣ ва наздикшавӣ бо НАТО тарҷеъ дода буд, акнун ба тағйироти геополитикии ҷаҳон ва коҳиши қитммати худ дар назари НАТО ва Ғарб бо алам назорат мекунад.

Гурҷистон, яке аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар минтақаи Қафқоз, ки бо риски бақои худ дар баробари ҳамсояи нирӯманде ҳамчун Русия, ба ҳамкорӣ ва наздикшавӣ бо НАТО тарҷеъ дода буд, акнун ба тағйироти геополитикии ҷаҳон ва коҳиши қитммати худ дар назари НАТО ва Ғарб бо алам назорат мекунад. Ҳуҷумҳои террористии 11 сентябр мавқеъи Иёлоти Муттаҳида ва НАТО-ро дар баробари кашварҳое, ки рӯ ба онҳо оварда буданд тағйир дод. Аз 11 сентябр ба ин тараф Паймони Атлантики Шимолӣ ва Амрико таваҷҷӯҳи худро ба Узбакистон тамаркуз додаанд, ки дар маъракаи зиддитерористӣ нақши калидӣ дорад. Кишварҳои дигаре амсоли Тоҷикистон, Озарбройҷон ва Туркманистон низ ба ҳалқаҳои занҷири старатегии Иёлоти Муттаҳида табдил ёфтанд. Аммо Гурҷистон, кишвари гирифтори мушкилоти дохилии сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки барои ширкат дар муборизаи зидди терроризми байналмилалӣ, шароити мусоид надорад, ба истилоҳ аз бозӣ берун монд. Дар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Муштаракулманофеъ, Гурҷистон аз оғози истиқлолият аз Маскав дурӣ меҷуст ва барои раҳои аз фишори Русия рӯ ба НАТО овард. Президенти Гурҷистон Эдуард Шеварднадзе мӯҳлати шомил шудани кишварашро ба паймони Атлантики Шимол соли 2005ум муаян карда буд. Ҳамкории низомии Паймони Атлантики Шимол бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ солҳои 1994 то 1997 дар чаҳорчӯби барномаи "Ҳамкории НАТО барои сулҳ" афзоиш ёфт. Дар ин самт Гурҷистон бо НАТО равобити наздикро ба роҳ монд ва аз он фоидаи назаррас низ бардошт. Соли 1998 барои наздикӣ бо НАТО ва Ғарб дар Вазорати Дифоъи Гурҷистон Департаменти равобити дуҷониба таъсис ёфт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамасола маблағи 20 миллион долларро ҳамчун кӯмак ба Гурҷистон медод. Барои харидории чархболҳои низомӣ, таълими пилотҳо, нақлиёти ҳифзи соҳил ва назорати сарҳад. Аз наздикшавӣ бо НАТО Гурҷистон умеди зиёд дошт. Ба вежа дар ҳалли масъалаи якпорчагии кишвар ва ҳалли баҳси Абхозистон. Аммо масоили амнияти дохилӣ ва кӯшишҳои прогматикӣ дар мубориза бо даҳшатафканӣ увлавияти ҳамкории НАТО ва Иёлоти Муттаҳидаро дар робита ба Гурҷистон камарзиш кард. Ин кишвар на захоири мавриди таваҷҷӯҳ дорад ва на шароити ҷуғрофии мувофиқ барои мубориза бо терроризм. Гурҷистон аз ҷудоихоҳии Абхозистон, даргириҳои миёни шӯришгарони абхаз ва артиши худ ҳамчунин аз намоишҳои эътирозии дохилӣ азият мекашад. Намоишҳои эътрозии моҳи ноябри сокинони кишвар, бо талаби истеъфои ҳукуматро сарвари Гурҷистон фалокатбор арзёбӣ кард. Дар чанд моҳи ахир Тбилиси бо баррасии масъалаи хуруҷи нирӯҳои Русия аз пойгоҳҳои низомии Гурҷистон зери фишори афзояндаи Маскав қарор дорад. Ду кишвар ҳамчунин бар сари ҳузури шӯришгарони Чечен дар хоки Гурҷистон даъво мекунанд. Масаълаи дифоъи истиқлолияти Гурҷистон аз Русия, аз оғози озодии кишвар то ҳол, ҳеҷ гоҳ ба ин андоза печида набуд. Афзоиши равобити Русия НАТО ва ширкати фаъоли он дар мубориза бо терроризм кишварҳоеро, ки аз Маскав дар гурез буданд, ба мушкил мувоҷеҳ мекунад. Назари Русия дар мавриди ҳамкории стратегии Ғарб бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳанӯз мушаххас нест. Аз як сӯ ба назари баъзе коршиносон рус Иёлоти Муттаҳида акнун нақши доминант ва ё пешбарандаи Русияро дар қаламрави собиқ Шӯравӣ эътироф мекунад. Бархи дигар аз оқибати афзоиши нуфузи Амрико дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ташвиш доранд. Гуфта мешавад, зуҳури масъалаи мубориза бо терроризм имкони тозареро барои татбиқи ҳадафҳои Маскав дар робита ба Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ба миён овардааст. Президенти Русия Владимир Путин бо истифодаи калимаи бародар ахиран аз кишварҳои Муштароакулманофеъ даъват кард, ки дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ муттаҳид шаванд. Аммо даъвати "бародари калонӣ" ба гӯши давлатҳои собиқ Шӯравӣ форид. Баъди ҳуҷуми террористиии 11 сентябр ва дар ростои хатари ифротгароии исломӣ баъзе кишварҳои узви Иттиҳоди Муштаракулманофеъ ба мавқеъи қаблии худ оиди ҳамкории наздики амниятӣ таҷдиди назар намуданд.

XS
SM
MD
LG