Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди 11 сентябр Ҷорҷ Буш азм намуд зидди террори ҷаҳонӣ мубориза намояд



Хиромон Бақозода

Мақомоти баландпояи Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, дар барномаи зиддитеррористӣ Бағдод қадами навбатӣ нест, ҳарчанд дар ин бора рӯзҳои ахир ақидаҳои мухталиф ба гӯш мерасад.

Мақомоти баландпояи Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, дар барномаи зиддитеррористӣ Бағдод қадами навбатӣ нест, ҳарчанд дар ин бора рӯзҳои ахир ақидаҳои мухталиф ба гӯш мерасад. Баъди 11 сентябр Ҷорҷ Буш азм намуд зидди террори ҷаҳонӣ мубориза намояд. Коршиносон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки Амрико таваҷҷӯҳашро ба Судон, Сомалӣ ва Яман равона мекунад, зеро дар ин кишварҳо ҷонибдорони зиёди Ал-Қоида мутамаркиз гардидаанд. Маъмурияти Буш, махсусан умури давлатӣ ва дифоъ, дар масъалаи ояндаи ҷанги зиддитеррористӣ баҳсу музокироти зиёде дорад. Дар айни замон, баъзе коршиносон мутамаинанд, ки баъди шикасти Толибон ва Ал-Қоида дар Афғонистон, Амрико базудӣ назари худро изҳор хоҳад кард. Хадамоти стратежии Иёлоти Муттаҳида дар муроҷиатномаи расмӣ аз Ҷорҷ Буш дархост намудаанд, то коршиносони Созмони Милал аз Саддом Ҳусайн иҷозати азназаргузаронии аслиҳаи ҳастаӣ, биологӣ ва кимиёии Ироқро бигиранд. Ва шояд ҳам Буш ба ин қадам розӣ шавад. Барои таҳия ва анҷоми ин барнома, ва инчунин шунидани ақидаи коршиносон дар мавриди оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Ироқ ва Исроилу Фаластин чанд моҳ масраф мешавад. Мақомоти баландпояи Иёлоти Муттаҳида боварӣ доранд, ки амалиёти ҳарбӣ дар Ироқ ногузир аст, вале ҳанӯз гуфтан мумкин нест, ки оё ин мубориза зидди силоҳи қатли ом сурат мегирад, ва ё зидди режими сиёсии Ироқ. Ҳамзамон, дар Вашингтон лидерони ҳарбии Ироқ масъалаи шикасти Саддом Ҳусайнро матраҳ мекунанд. Котиби Давлатии Амрико Колин Пауел гуфт, Иёлоти Муттаҳида барои маҳви Саддом Ҳусейн кӯшиш ба харҷ медиҳад, вале ҳанӯз мутамаъин нест, бо кадом роҳ ба ин мақсад ноил хоҳад шуд. Ҷорҷ Буш феълан дар зери фишори Конгресс ва ҷонибдорони ҳизби ҷумҳурихоҳ қарор дорад, ки вайро ба оғози ҷанги зидди Ироқ тела медиҳанд. Колин Пауел гуфт, Иёлоти Муттаҳида роҳҳои ҳамойиши оппозицияи Саддом Ҳусайн, яъне конгресси миллиӣ Ироқ, гурӯҳҳои шиамазҳаби Ироқӣ ва Амрикоро меандешад. Тавре, ки Иттиҳоди Шимол ва гурӯҳҳои паштунитабори Афғонистон бо дастгирии Иёлоти Муттаҳида Толибон ва ҷонибдорони Ал-Қойидаро дар Афғонистон пахш карданд. Ҳамзамон Колин Пауелл изҳори нигаронӣ мекунад, ки саҳнаи муҳорибаи Ироқ андак фарқ мекунад, мисли ин, ки актери як театр дар саҳнаи дигар ҳунарнамоӣ мекарда бошад. Ин ақидаро мушовири амнияти миллӣ Кандализа Райз низ ҷонибдорӣ кардааст. Симои ҷанги Афғонистон хусусиятҳои худро соҳиб аст, вале якчанд барномаи онро низ метавон дар мавриди Ироқ истифода кард, аз қабили бастани ҳисобҳои бонкӣ ва ҳабси экстремистон. Ҷонибдорони Исроил ба Буш талқин мекунанд, то вай ба Сурия фишор оварда пеши роҳи кӯмакҳои иқтисодии кишварҳои ҷонибдори Эронро гирад ва ин вазифаро ба Бонки Ҷаҳониву Хазинаи Байналхалқии Асъор вогузор кунад. Ба андешаи як коршиноси амрикоӣ, қадами навбатии Амрико бояд фишороварӣ ба Сурияву Эрон барои пешгирии роҳи маблағгузории гурӯҳҳои тундрави исломии "Ҳамос" ва "Ҷиҳоди Исломӣ" бошад. Мубориза алайҳи терроризм нотамом хоҳад буд, вақте Саддом Ҳусайн мақоми худро дар Ироқ нигоҳ медорад. Саддом Ҳусайн дар ҷаҳон террористи азим ва пурқудрат аст, мегӯяд Амрико. Нашрияи "Ню Йорк Мегезин" менависад, нақшаҳои Конгресси Миллии Ироқ барои аз қудрат барканор кардани Саддом Ҳусайн бомбборон ва истифодаи дигар силоҳи махсусро дар назар дорад. Аммо ба андешаи Коллин Пауелл роҳҳои дигари шикасти Саддом Ҳусайн, бидуни истифодаи аслиҳа низ мавҷуданд, ва онҳоро бояд хубтар андешид. Ба ҳар сурат, феълан Иёлоти Муттаҳида бо баҳонаи ҷанги Афғонистон қушунҳои худро ба Қоҳира ба муваққаттан фиристодааст, то ин ки киштиҳои ҳарбиро зери назорат қарор диҳад, вале мақсади асосӣ нороҳат кардани вазъи Саддом Ҳусанй аст, мегуяд коршиноси амрикоӣ.

XS
SM
MD
LG