Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазири хориҷии Туркия бо намояндагони ҳукумати Афғонистон



Нурмуҳаммади Холзода

Исмоил Чем вазири хориҷии Туркия имрӯз ба раҳбарони Афғонистон гуфтааст, ки Туркия барои рафъи авоқиби ҷанг дар Афғонистон ҳар кореро, ки метавонад, анҷом хоҳад дод.

Исмоил Чем вазири хориҷии Туркия имрӯз ба раҳбарони Афғонистон гуфтааст, ки Туркия барои рафъи авоқиби ҷанг дар Афғонистон ҳар кореро, ки метавонад, анҷом хоҳад дод. Ҷаноби Чем ин нуқтаро дар маросими бозгушоии сафорати Туркия дар Кобул изҳор кард ва парчами кишварашро бар фарози сафорат ба эҳтизоз даровард. Хабаргузории Рейтер мегуяд, ҷаноби аз мақомҳои баландрутбаи кишварҳои узви НАТОст, ки баъд аз шикасти Толибон аз Кобул боздид кардааст. Исмоил Чем ҳамчунин бо Бурҳониддин Раббонӣ раҳбари Эътилофи Шимол, Муҳаммад Фаҳим вазири дифоъ ва Юнус Қонунӣ вазири дохилии Афғонистон мулоқот кард.

XS
SM
MD
LG