Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон мегӯянд, ҳукумати Узбакистон озодии сиёсӣ ва диниро дар кишвар поймол мекунад



Хиромон Бақозода

Амрико қадами охирини президенти Узбакистон Ислом Каримовро ҳамчун кӯшиши мустаҳкам намудани қонунҳои авторитарӣ дар кишвар маънидод мекунад.

Амрико қадами охирини президенти Узбакистон Ислом Каримовро ҳамчун кӯшиши мустаҳкам намудани қонунҳои авторитарӣ дар кишвар маънидод мекунад. Рӯзи панҷшанбе парлумони Узбакистон қарор кард, барои тамдиди дусолаи мавқеи Каримов раъйпурсии умумихалқӣ гузаронад. Ва ҷойи шӯбҳа ҳам нест, ки ин шахс ба истилоҳ "бо аксарияти овозҳо" баъди 14 соли дар сари қудрат нишастан аз ҷониби мардумаш боз дастгирӣ ёбад. Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Колин Пауел рӯзи ҷумъа дар Тошканд гуфт, ки дар масъалаи суръати инкишофи ҷараёни демократӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ислом Каримов ҳамфикр нест. Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон мегӯянд, ҳукумати Узбакистон озодии сиёсӣ ва диниро дар кишвар поймол мекунад, гуфт Колин Пауел. То ҳанӯз вокуниши ҷаноби Каримов аз суханони Колин Пауел равшан нест. Вале имрӯз маълум мешавад, ки вай аз қарори охири худ даст накашидааст. Як коршиноси Осиёи Марказӣ дар Вашингтон мегӯяд, ин қадами Каримов махсус дар арафаи сафари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида андешида шуда буд. Чаро ин қарор ду рӯз пеш аз ташрифи Колин Пауел ба Тошканд арзи вуҷуд кард? Бешӯбҳа, Каримов нақшаи худро аз пеш хеле ҷиддӣ ва амиқ андешидааст, мегӯяд коршинос. Хабарҳои охир дар масъалаи он ки Амрико мехоҳад режими Каримовро аз ҷиҳати иқтисодӣ дастгирӣ кунад, низ то дараҷае барои Амрико мушкилот пеш овард. Рӯзи чоршанбе, 5 декабр нашрияи узбакистонии "Народное слово" тафсилоти имзошавии созишномаи байни Узбакистон ва Иёлоти Муттаҳидаро ба хонандагон пешкаш кард. Нашрия менависад, ки гӯё Амрико ваъда додааст барои кӯмак ба Узбакистон 100 миллион доллар ва ҳамчун қарз 50 миллион доллар пешкаш мекунад. Мутахассисони Бонки Експорт Импорт қарзи мазкурро барои дастгирии соҳибкории хурду миёна бо роҳи хариди молҳои амрикоӣ маънидод кардаанд. Вале департаменти давлатии Амрико масъалаи пешкаши 100 миллион долларро ба сифати кӯмак ба Узбакистон тасдиқ накард. Шояд хабари мазкур бо хатои нашрия чоп шуда бошад, дар ин ҳолат ҳанӯз хабари ислоҳ шудани ғалат нарасидааст. Ризоияти парлумони Узбакистон дар масъалаи тамдиди мӯҳлати президентии Каримов базудӣ қабул гардид, ва ин гузориш ҳам аз тарафи сухангӯи парлумон Еркин Халилов бетаъхир дар телевизиони давлатии Узбакистон пахш шуд. Еркин Халилов дар хабари худ инчунин илова кард, ки чанд мактуби шаҳрванди Узбакистонро бо мазмуни ҷонибдории сиёсати Каримов бо чашми худ дидааст. Тавре тасдиқ мешавад, расонаҳои хабарӣ низ дар Узбакистон зери фишори ҳукуматӣ қарор доранд. Ба назари коршиноси амрикоӣ чунин мерасад, ки Каримов аз воқеаҳои 11 сентябр сӯиистифода мекунад. Дар чанд баромади худ баъдан вай гуфт, ки тайёр аст ба Иёлоти Муттаҳида дар муборизаи зиддитеррористии Афғонистон кӯмаки ҳарбиро дареғ надорад. Гуфта мешавад, Узбакистонро Америка ҳамчун шарики санҷидашуда баҳо медиҳад, ки имрӯз тайёр аст пойгоҳҳои худро барои мақсадҳои ҳарбиву интиқоли кӯмаки хайрия пешкаш кунад. Чунин ба назар мерасад, ки ҷанги Афғонистон низ барои Каримов хеле қулай афтод. Фармондеҳи машҳури ҷунбиши исломии Узбакистон Ҷумъа Намангонӣ, ки се сол дар қасди ҷони Каримов буд, дар Афғонистон кушта шуд. Коршиноси амрикоӣ андешаҳои худро дар мавриди мавқеи феълии Каримов чунин хотима медиҳад: "Дар ҳолати сулҳи минтақа ҳам Ислом Каримов аз қудрат даст намекашид. Амалиёти зиддитеррористӣ баҳонаи хуб аст барои мустаҳкамсозии режими автократӣ дар Узбакистон".

XS
SM
MD
LG