Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни ҳукумати Толибон дар Афғонистон заминаи ҳамкориҳои густардаи стротеҷик миёни Ирону Покистонро фароҳам кард



Нурмуҳаммади Холзода

Баъд аз боздиди охири Камоли Харозӣ-вазири хориҷаи Ирон аз Покистон ҳар ду ҷониб бар ин нуқта ишора карданд, ки омодаанд ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва стротеҷики худро тавсеа бахшанд.

Баъд аз боздиди охири Камоли Харозӣ-вазири хориҷаи Ирон аз Покистон ҳар ду ҷониб бар ин нуқта ишора карданд, ки омодаанд ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва стротеҷики худро тавсеа бахшанд. Ба навиштаи Евразианет баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки Покистону Ирон дар баробари таъсири афзояндаи кишварҳои ғарбӣ ва Русия ба равобити наздик ниёз доранд. Ба навиштаи Евразиянет, ахиран дар гузоришҳои махфии кишварҳои Ғарбӣ ин масъала матраҳ шудааст, ки Ирон дар чанд моҳи охир аз Русия ва аз кишварҳои Осиёӣ миқдори қобили мулоҳизаи моддаи созандаи аслиҳаи ҳастаӣ, яъне аслиҳаи атомӣ дарёфт кардааст. Бо назардошти ин, ки кишварҳои Ғарбӣ аз қудрати ҳаставии кишварҳои ифротии исломгарро ҳамеша нигаронанд, як мақоми Покистон билофосила ҳамкориҳои Ирону Покистонро дар заминаи эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ инкор кард. Вале як манбаъи наздик ба вазорати дифоъи Покистон гуфтааст, ки ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ҳарчӣ зудтар то моҳи январ мулоқоти коршиносони низомӣ баргузор шавад. Рӯзномаи Фронтиер Пост чопи Пешовар дар шумораи 30 ноябри худ навиштааст, ки Ирону Покистон масъалаи тавлидоти низомиро низ бо ҳам баррасӣ кардаанд. Ин кишварҳо метавонанд дар заминаи тавлиди силоҳҳои хурд, муҳимоти тӯпу танк ва маводи мухталифи мунфаҷира ҳамкорӣ кунанд. Евразиянет меафзояд, Ирону Покистон бо эҳсоси бархӯрди сарди кишварҳои Ғарбӣ ва Русия нисбати ба худ дар масъалаи Афғонистон, ба тавофуқ расиданд, ки мухолифатҳои худро роҷеъ ба масъалаи Афғонистон аз миён бардоранд. Масъалан, Ирон розӣ набуд, ки Покистон аз Толибон ҷонибдорӣ мекунад. Ҳамин гуна мақомоти Ирон дар ҷараёни боздид аз Исломобод таъкид мекарданд, ки Ирон аз ҳузури нирӯҳои низомии хориҷӣ дар Афғонистон ҷонибдор нахоҳад буд ва ба бозгашти Муҳаммад Зоҳиршоҳ ба унвони раҳбар ба Афғонистон мухолифат хоҳад кард. Вале акнун ҳар ду ҷониб эҳсос мекунанд, ки бояд дар масоили мантақаӣ ҳамкорӣ кунанд. Евразиянет мегӯяд, ҳоло Покистон таъсири худ ба Кобулро аз даст додааст. Баъд аз он ки дар моҳи ноябр Эътилофи Шимол ин шаҳрро ба назорати худ даровард ва ҳукумати ҷадиди мувақат дар Кобул ташкил шуд, акнун Покистон дар таркиби ин ҳукумат душманоне низ дорад, зеро ъиддае аз аъзои ин ҳукумати ҷадид, ки аз Эътилофи Шимол намояндагӣ мекунанд, бештар ба сиёсатмадорони Москов ва Деҳлӣ гӯш медиҳанд. Ба ин далел барои Покистон равобити наздик бо Ирон заминаи амният дар мантақаро фароҳам мекунад. Аз сӯи дигар, Ирон низ ба пуштибонии Покистони дар ҳоли рушд ниёз дорад. Ирон то ҳол ба таҳримҳои низомии Ғарб рӯбарӯст ва иҷоза надорад технолоҷии низомии худро иваз кунад. Вале Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъд аз ҷонибдории Парвиз Мушарраф аз сиёсати Вошингтон дар моҳи сентябр таҳримҳои низомии худ алайҳи Покистонро лағв кард. Евразиянет менависад, то ҳол рӯшан нашудааст, ки оё Ирон дар музокироти ахир хостори харидории мушакҳои бурди муттавасити Покистон, яъне Шоҳин шудааст ё хайр, вале баъзе мақомот таъйид кардаанд, ки Ирон ба мушакҳои бурди муттавасит алоқамандӣ нишон додааст. Ин мушакҳо метавонанд дар масофаи тақрибан ҳазор километр ҳадафро аз байн баранд. Ба навиштаи Евразиянет ҳоло Покистон ба тавлиди навъи ҷадиди мушакҳои Шоҳин наздик шудааст ва ин мушакҳо метавонанд дар масофаи ду ҳазор километр ҳадафро нобуд кунанд. Ҷенрол Қаюм - Раиси корхонаи тупсозии Покистон гуфтааст, ки акнун кишвараш бо 30 давлат, аз ҷумла бо Имороти Муттаҳидаи Араб дар ин замина дар ҳоли гуфтугӯҳои тиҷоратӣ мебошад. Агар Ирон низ ба феҳристи муштариёни Покистон ҳамроҳ шавад, баъди аз саҳнаи сиёсӣ дур шудани Толибон хатари ҳастаи афзоиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG