Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон охирин пойгоҳи қудратии хешро таслим карданд, вале сарнавишти раҳбарашон Мулло Умар номаълум боқӣ мемонад



Гулбаҳори Муродӣ

Толибон имрӯз охирин пойгоҳии қудратии худ, шаҳри Қандаҳорро ба нирӯҳои мухолифинашон таслим карданд ва нирӯҳои мухолифи Толибон ба шаҳр ворид шуданд.

Толибон имрӯз охирин пойгоҳии қудратии худ, шаҳри Қандаҳорро ба нирӯҳои мухолифинашон таслим карданд ва нирӯҳои мухолифи Толибон ба шаҳр ворид шуданд. Идораи шаҳр ба шӯрои қабилаҳо ва фармондеҳони қавмй дода шуд. Ҳамид Карзай раҳбари ҳукумати муваққатии Афғонистон гуфт, Толибон силоҳҳои худро ба комиссионҳои қавмӣ дар Қандаҳор ва вилояти Ҳелманд дар ҷануби Афғонистон вогузор карданд. Карзай гуфт, таслимшавӣ ба тарзи осоишта идома дошт, вале ӯ иқрор шуд, ки дар шаҳр пас аз хуруҷи Толибон ҳолати дарҳаму барҳамӣ ба амал омад ва ғорату дуздӣ афзоиш ёфт. Амборҳои маводи кӯмакӣ ва хонаҳо ғорат шуданд. Карзай дирӯз бо Толибон дар бораи таслими шаҳри Қандаҳор музокирот дошт ва ба размандагони Толибон ва раҳбари онҳо Мулло Муҳҳаммад Умар дар ивази таслими шаҳр пешниҳоди авф карда буд. Ба шарти он, ки онҳо ва махсусан Мулло Умар терроризмро маҳкум кунанд. Вале Карзай имрӯз гуфт, Мулло Муҳаммад Умар аз терроризм фосила нагирифт ва бинобар ин ба пешниҳоди авфи дохил нест. Феълан дар куҷо будани Мулло Умар номаълум аст ва Карзай гуфтааст, ки ӯ аз Қандаҳор фирор кардааст. Карзай гуфт, Мулло Умар ёфт хоҳад шуд ва ба додгоҳ кашида хоҳад шуд. Дар ин байн, дар шарқи Афғонистон ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ҳамлаҳоро ба махфигоҳҳои шабакаи террористии Ал Қойида идома медиҳанд ва нирӯҳои мухолифи Толибон қисмати зиёди минтақаи кӯҳистонии Тора Бораро, ки гумон меравад, Усома Бен Лодин он ҷо паноҳ бурдааст зери тасарруфи худ дароварданд. Аммо дар хабарҳо гуфта мешавад, ки дар ин ҷо осоре аз террористи муттаҳам дида намешавад.

XS
SM
MD
LG