Пайвандҳои дастрасӣ

Норозигии баъзе фармондеҳони афғон аз тақсими курсиҳои ҳукумати мувақатии Афғонистон



Соҷидаи Мирзо

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо овоздиҳии якдилонаи 15 ба сифр ҳукумати мувақатии Афғонистонро, ки 22 декабр ба фаъолият шурӯъ мекунад, расман тасдиқ намуд.



Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо овоздиҳии якдилонаи 15 ба сифр ҳукумати мувақатии Афғонистонро, ки 22 декабр ба фаъолият шурӯъ мекунад, расман тасдиқ намуд. Ҳукумати мувақатӣ баъди 9 рӯзи музокироти чаҳор ҷиноҳи афғон дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид бо имзои як созишнома таъсис ёфт. Як бахши муҳими созимшномаи Бонн мустақар намудани нирӯҳои посдори сулҳ дар Кобул ва шаҳрҳои марказии дигар аст. Аммо Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи тасдиқи ин нирӯъ аз худдорӣ кор гирифт. Ин нирӯъ на аз посдорони сулҳи Созмони Милал, балки аз эътилофи низомиёни кишварҳое ташкил мешавад, ки ихтиёран дар ин амалиёт иштирок мекунанд. Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба нирӯъ танҳо иҷозаи расмии фаъолият дар Афғонистонро хоҳад дод. Аммо ба гуфтаи дипломатҳо қабл аз ҳама гуна овоздиҳӣ ва ҳаракат дар ин самт бояд ваъдаи қатъии кишварҳои хоҳишманд дастрас шавад. Як дипломати ғарбӣ ба шабакаи телевизионии СНН гуфт, "Мо бояд бидонем кадом кишвар хоҳиши ширкат дар ин амалиётро дорад ва чӣ теъдодеро дар ихтиёри нирӯҳои посдори сулҳ мегузорад. Интизор меравад, ки Британия, Канада, Франсия, Туркия, Олмон ва Иордания ба нирӯҳои посдори сулҳи байналмилалӣ шомил шаванд. Дар ҳоле, ки Созмони Милали Муттаҳид барномаи Афғонистони баъди толибонро тасдиқ намуд ва барои таъмини амнияти шаҳрҳои калидии он омодагӣ дорад, баъзе аз фармондеҳони маҳалии ин кишвар дар заминаи, ба гуфтаи онҳо, тақсими ноодилонаи қудрат, аз ҳамкорӣ бо ҳукумати мувақатӣ даст мекашанд. Ба думболи Абдулрашид Дустум, фармондеҳи Эътилофи Шимоли Афғонистон ва Саид Аҳмад Гелонӣ яке аз раҳбарони қавми паштун, фармондеҳи дигар, Исмоил Хон низ норозигии худро аз санади Бонн баён дошт. Исмоил Хон гуфт, ҳайъатҳои афғон дар нишасти Бонн аз воқеъияти этникӣ ва ҷуғрофии кишвар чашм пушиданд ва аз нақши ҷангиёни собиқ сарфи назар намуданд. Ҳар ду фармондеҳи норозӣ, ҳам Абдулрашид Дустум ва ҳам Исмоилхон ба Эътилофи Шимоли Афғонистон шомиланд ва акнун аз нобаробарии тақсими қудрат ва ба дасти мутаҳидини тоҷики он, онҳо гузаштани мансабҳои калидӣ норозӣ шудаанд. Адбулрашид Дустум, намояндаи узбакҳои Афғонистон ба ихтиёри ӯ гузоштани мақоми вазири кишоварзӣ ва саноатро таҳқир арзёбӣ кард ва Иттиҳоди Шимолро, ки қаблан ба Дустум курсии вазири хориҷиро ваъда дода буд, ба аҳдшиканӣ муттаҳам намуд. Курсии вазири хориҷӣ, дифоъ ва дохилӣ ба намояндагони президенти собиқи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ гузашт. Исмоилхон низ бо шиква аз шарикони тоҷики худ гуфт, "Бародарони мо дар нишасти Бонн, дар заминаи таъсиси ҳукумати Афғонистон танҳо аз мавқеъи манофеъи худ бадар омаданд. Саид Аҳмади Гелонӣ, сарвари яке аз қабилаҳои паштун ҳамчунин гуфт, ки ҳукумати мувақатии Афғонистон бе назардошти баланси манотиқи кишвар ташкил шуд. Ӯ афзуд, дар тақсими ҳукумат аз аксар сарбозони ҷанги зиддишуравӣ сарфи назар шудааст. Фармондеҳи дигари давраи таҷовузи Шуравӣ ба Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр аз Ирон изҳорот дод, ҳукуматеро, ки бо дастури Иёлоти Муттаҳида таъсис ёфтааст, эътироф нахоҳад кард. Дар ҳамин ҳол намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон Лаҳдар Иброҳимӣ интиқоди фармондеҳон ва чеҳраҳои шинохтаи кишварро дар заминаи тақсими ноодилонаи қудрат ва сарфиназар шудани қавмҳои онҳо рад намуд. Иброҳимӣ гуфт, аз интиқод дар ин замина беташвиш аст, зеро ҳар як ҷиноҳи афғон ба ақидаест, ки қавми он бузургтарин қавми Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG