Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муносибати Русия ва НАТО баъди ҳуҷумҳои террористӣ ба ИМА рӯ ба густариш овард



Соҷидаи Мирзо

19 кишвари узви Паймони Атлантики Шимол рӯзи ҷумъа дар нишасти Брюссел бо ташкили Шӯрои амалкарди муштараки НАТО ва Русия сатҳи равобити ду ҷонибро боло бурд.



19 кишвари узви Паймони Атлантики Шимол рӯзи ҷумъа дар нишасти Брюссел бо ташкили Шӯрои амалкарди муштараки НАТО ва Русия сатҳи равобити ду ҷонибро боло бурд. Ин шӯро ба Маскав ҳақи сухан медиҳад аммо на ҳақи ветто дар баррасии масоили амниятии Авро - Атлантикӣ. Ба гуфтаи дабири кулли НАТО Ҷорҷ Робертсон масъалаи ҳуқуқи баробари Русия бо аъзои дигари паймон ба мисли Иёлоти Муттаҳида, Санада ва 17 кишвари дигар дар миён нест. Аммо гуфт, на Русия ҳақ дорад ба қарори НАТО вето гузорад, ва на паймон ҳақ дорад истиқлолияти Русияро дар мавриди баррасии мустақилонаи масоил халалдор кунад. Вазирони хориҷии НАТО бо вазири хориҷии Русия Игор Иванов ба қароре расиданд, ки ҷузъиёти таҳкими равобитро дар ҷараёни мулоқоти навбатии ҷонибҳо дар пойтахти Исландия Рикявик баррасӣ кунанд. Изҳороти муштараки ҷонибҳо, дар поёни нишасти Брюссел мегӯяд, ки имрӯз НАТО ва Русия масъулияти наздикшавии равобитро ба душ гирифтанд, то дар манотиқи нуфуз ҳамроҳ амал кунанд ва дар муқобили хатарҳо якҷо муқовимат намоянд. Дабири кулли НАТО Ҷорҷ Робертсон баъди нишасти Брюссел гуфт: "Тавре, ки президент Путин ду ҳафта пеш дар сӯҳбат бо ман изҳор дошт, имрӯз мантиқи манофеъи муштарак ба мубориза мо алайҳи терроризм такони тоза ворид кард. Мо акнун барои бунёди ояндаи боамният ҳамроҳи Русия имконоти бенамуна дорем ва мо ин имконотро аз даст нахоҳем дод."

Вазири хориҷии Русия Игор Иванов гуфт, соҳае, ки Русия дар он бо НАТО муштаракан амал мекунад аз ҳалли бӯҳронҳо, контроли силоҳ, системаи дифоъи мушакӣ ва дифоъи шаҳрвандӣ иборат аст. Русия ва НАТО душмании худ мероси давраи Ҷанги Сардро соли 1997, бо ташкили Шӯрои муштараки машваратӣ ба истилоҳ зери хок намуданд ва феълан ҳар ду мефаҳманд, ки он шӯро дигар наметавонад ҷавобгӯи вазъи феълӣ бошад. Муносибати Русия бо Ғарб дар ҷараёни ҷанги соли 1999-и Югославия бар сари Косово хароб шуд. Аммо баъди ҳуҷумҳои террористӣ ба Иёлоти Муттаҳида ва пуштибонии Маскав аз иқдомоти Вошингтон дар мубориза бо терроризм дубора рӯ ба густариш овард. Вазири хориҷии Русия Игор Иванов гуфт, ташкили шӯрои муштарак бо НАТО ба маъние нест, ки Русия барои шомил шудан ба ин паймон, ки соли 1949, дар муқобили Шӯравии Собиқ бунёд ёфта буд, шитоб дорад. Русия шояд барои шоимил шудан ба НАТО шитоб надорад, аммо собиқ муттаҳидини Русия, кишварҳои Аврпуои Марказӣ ва Шарқӣ, ки ба хотири дурӣ аз Маскав рӯ ба НАТО оварданд, аз наздикшвии душманони собиқ нигарон шудаанд. Аммо собиқ Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида Ҳенри Киссенҷер бар пояи таҳлили мавзӯъи наздикшавии Паймони Атлантики Шимол бо Русия ба нашрияи "Вашингтон Пост" гуфтааст, ҳуқуқи пурра ва баробари Русия бо Амрико ва Аврупо дар баррасии масоли байналмилалӣ маъное надорад, ки Русия узви НАТО хоҳад шуд. Киссенҷер мегӯяд, паймон асосан ҳамчун эътилофи низомӣ вуҷуд дорад ва бахше аз ҳадафҳои ӯ иборат аст, аз ҳимояи Аврупо дар баробари Русия. Ба назари вазири собиқи Иёлоти Муттаҳида дар сурати шомил шудани Русия ба Паймони Атлантики Шимол, НАТО дигар на эътилоф, балки як дастгоҳи амнияти дастаҷамъи хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG