Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе барномаи дақиқ ва дастгирии байналмилалӣ амалиёт бар зидди Ироқ нахоҳад буд



Хоҷа Мирзода

Ба гуфти пажӯҳишгари британиявӣ имрӯз СММ бояд аз Ироқ дархост намояд, ки дар ивази таҳримҳои сабуктар ва ё ба истилоҳ санҷида Ироқро ба қабули муфаттишон водор кунад.



Дар Маҷлиси Донишгоҳи Коламбия низ Ричард Бетс ба дастгирии сусти амалиёт дар дохилу хориҷи кишвар ишора кард. Ӯ гуфт: "Мехоҳам масъулони умури Ироқ дар бахши амниятии президент барномаи иқдомҳои худро ошкор кунанд". Бидуни чунин барнома ва далелҳои қотеъ дастгирии кишварҳои муҳими минтақа аз амалиёт дар Ироқ ба ҳеҷ баробар аст. Сарвазири Британия Тонӣ Блейр мунтазири шаҳодати барномаҳои террористии Саддом Ҳусайн аст. Русия ва Фаронса аслан мавҷудияти таҳрими Ироқро зери шӯбҳа қарор медиҳанд. Аз Ҷонатан Стинвенсон мепурсам: Ироқ аз соли 1998 ба ин тараф муфаттишони аслиҳаи қатли омро аз ин кишвар берун кард. Кӣ кафолат медиҳад, ки Ироқ аз нав барномаҳои тавлиди силоҳи ҳаставиву биологиро эҳё накардааст? Ба гуфти пажӯҳишгари британиявӣ имрӯз СММ бояд аз Ироқ дархост намояд, ки дар ивази таҳримҳои сабуктар ва ё ба истилоҳ санҷида Ироқро ба қабули муфаттишон водор кунад. Русия ва дигар кишварҳои минтақа ҳам дар ин ҳол СММ пуштибонӣ хоҳанд кард. Ҷонатан Стивенсон бар ин ақидааст, ки Ироқ таҳримҳои сабуро ҳам рад карда, муфаттишонро ба ин кишвар роҳ намедиҳад. Ва дар он ҳол дасти ИМА дар Ироқ боз хоҳад буд. Дар айни замон таҳлилгарони амрикоӣ мегӯянд, ки эҳтимол президент Ҷорҷ Буш сарнавишти падарашро дар ёд дошта бошад, ва аз ҳамла худдорӣ намояд. Ҷорҷ Буши калонӣ падари президенти имрӯзаи ИМА дар соли 1991 бо дастгирии саросарии мардум Ироқро мағлуб кард, аммо пас аз чанд моҳ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА ноком шуд. Райдиҳандагони амрикоӣ саҳми Бушро дар пирӯзии Ҷанги Халиҷ эътироф карданд, аммо овоздиҳӣ аз рӯи вазъи иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар гирифта шуд. Билохира шореҳони амрикоии ҳозир дар Маҷлиси Донишгоҳи Коламбия иброз доштанд, ки ИМА бояд Ироқро беҷазо намонад, зеро ин кишвар рӯирост ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар мавриди тафтиши барномаҳои тавлиди аслиҳа поймол мекунад. Ба гуфти Ричард Бетс агар президент Буш иқдоме дар муқобили Ироқ пиёда накунад, ӯ ба бабри коғазие монанд хоҳад шуд, ки ба ғайр аз таҳдиди кореро ба анҷом расонида наметавонад.

XS
SM
MD
LG